“Баъзан бо “хейт” дучор мешавам”. Чӣ тавр блогери тоҷик ҳаёти кӯдакони инкишофашон махсусро инъикос мекунад

Сайёд Қурбонмамадов, блогери 28-солаи аз Тоҷикистон, чор сол боз дар Instagram дар бораи кӯдакони инкишофашон махсус, аз ҷумла онҳое, ки бо аутизм зиндагӣ мекунанд, нақл мекунад.

Сайёд аз вохӯрӣ бо кӯдакони ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” илҳом гирифта, тасмим гирифт, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ин кӯдаконро дастгирӣ намояд ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба мушкилоти онҳо ҷалб кунад.

Ду сол пеш Сайёд ҳатто барандаи ҷоизаи “Топ-10 блогерони Тоҷикистон” гардид.

Сайёд дар бораи блоги худ, муҳаббат ба кӯдакон ва мушкилоте, ки баъзан ҳангоми блогерӣ дучор мешавад, ба муаллифи Your.tj нақл кард.

“Мехоҳам, ҷомеа кӯдакон бо инкишофи махсусро дарк ва дастгирӣ кунад”

Сайёд дар Хоруғ таваллуд шудааст, аммо қисми зиёди умрашро дар Душанбе гузаронидааст. Дар ин ҷо ӯ таҳсилоти миёнаро гирифта, бо вуҷуди набудани маълумоти олӣ, ҳамеша ба рушди худ тавассути курсҳои гуногуни таълимӣ ва тренингҳо кӯшиш мекунад.

Сайёд блоги худро соли 2020 оғоз кард. Дар он вақт ӯ дар ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” кор мекард – аввал ҳамчун ёвари студияи полиграфии Itavono, сипас ҳамчун куратори он.

Дар “Ирода” ҷавон бо кӯдакон бо инкишофи махсус шинос шуд ва ба зудӣ идеяи мубодилаи қиссаи онҳо дар Instagram ба сараш омад.

Сайёд ба кӯдакони инкишофашон махсус малакаҳои кор бо компютерро ёд дод

Сайёд ба ҳамин тарз кӯшиш мекард, нишон диҳад, ки ин кӯдакон мисли дигарон ҳастанд, гарчанде ки бо мушкилоти махсус рӯ ба рӯ мешаванд.

“Блоги ман ба нишон додани ҳаёти воқеии кӯдакони махсус, дастовардҳо ва мушкилоти онҳо нигаронида шудааст. Ман мехоҳам, ки ҷомеа онҳоро дарк ва дастгирӣ кунад”,- мегӯяд Сайед.

Сайёд аз барномаи таълимӣ барои блогнависони навкор ва эҷодкорони муҳтавои “Академияи таъсиргузорон” (Академия инфлюенсеров) аз GoViral ва American Space огоҳ шуда, барои омӯзиш дар он дархост гузошт. Курсро хатм карда, дониш ва малакаҳои муфидро ба даст овард, ки ҳоло ба ӯ дар фаъолияти блогерӣ кӯмак мекунанд.

“Муҳаббат ба кӯдакон маро ба рушди блог такон медиҳад”

Дар Instagram блогер дар бораи кӯдакони дорои хусусиятҳои махсуси инкишоф нақл мекунад, ҳаёти ҳаррӯзаи онҳоро нишон медиҳад, маълумотро дар бораи аутизмро баъди машварат ва маслиҳат бо мутахассисон мубодила мекунад, инчунин чорабиниҳои ТҶ “Ирода” – ро инъикос мекунад.

Маълумоти иловагиро дар бораи аутизм ҷавон дар интернет пайдо мекунад.

Сайёд на танҳо маълумоти блогро мустақилона пайдо мекунад, балки муҳтаворо низ худаш эҷод мекунад: матн менависад, акс мегирад, видео сабт мекунад.

Дар баъзе ҳолатҳо, мегӯяд ӯ, ба ӯ оилааш ва инчунин мураббиён аз лоиҳаи “Академияи таъсиргузорон” кӯмак мекунанд.

Сайёд дар аввал танҳо кӯдакони “Ирода”-ро барои блог сабт мекард, аммо баъзан волидони кӯдакони инкишофашон махсус ба блогер видеоҳои оилавии фарзандони худро мефиристанд, мегӯяд ӯ.

То имрӯз саҳифаи Instagram-и Сайёдро каме бештар аз 4,5 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.

Сайёд то ҳол натавонистааст аз ҳисоби блоги худ маблағ ба даст орад, аммо ӯ самимона умедвор аст, ки бо мурури замон барои реклама ба вай муроҷиат хоҳанд кард, то тавонад аз он пул кор карда барои дастгирии “Ирода” сарф намояд.

Аммо даромад барои ҳавасманд кардани Сайёд ба блогерӣ он қадар муҳим нест. Ҷавон эътироф мекунад, ки муҳтавои эҷодкардааш пеш аз ҳама ба муҳаббати кӯдакон асос ефтааст.

“Ҳадафи ман муаррифӣ кардани ҳаёти кӯдакони инкишофашон махсусро дар шаклҳои гуногун ва тавассути ҳама каналҳои мавҷуда мебошад, то шумораи ҳарчи бештари одамон дар бораи мушкилоти воқеии онҳо огоҳ шаванд”,- гуфт блогер.

Рушди касбӣ ва мушкилиҳо

Азбаски мавзӯи блоги ӯ қисман ҳассос аст, Сайёд, ба гуфтаи худаш, борҳо бо мушкилоти муайян, аз ҷумла шарҳҳои манфӣ (хейт) аз аудиторияаш дучор мешавад.

“Мисли ҳар як блогери дигар, ман баъзан аз мардум шарҳҳои манфӣ мегирам. Аудитория ҳанӯз омода нест қабул кунад, ки кӯдакони инкишофашон махсус комилан мисли дигарон ҳуқуқ доранд.

Аз ин рӯ, баъзе одамон метавонанд нисбати кӯдакон суханони таҳқиромез ё қабеш бигӯянд”,- мегӯяд Сайед.

Аммо ҷавон блогериашро идома медиҳад ва умедвор аст, ки бо гузашти вақт ҷомеа муносибати худро ба кӯдакони инкишофашон махсус тағйир медиҳад.

Соли 2022 блоги Сайёд бо ҷоизаи “Топ-10 блогерҳои Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Эътилофи бонувони рӯзноманигор гузаронида шуд, сарфароз гардид.

“Фикр мекунам, ба шарофати пайгирон ва дастгирии наздиконам тавонистам ғолиб оям. Ман аз ҳар касе, ки дар ин ғалаба саҳм гузоштааст, миннатдорам”,- мегӯяд блогер.

Дар маросими ҷоизасупорӣ

Ҳоло ҷавон дар “Ашан” ҳамчун мушовир кор мекунад ва ҳам блогро идома дода, ба рисолати худ содиқ мемонад ва бо тими “Ирода” ҳамкориро давом медиҳад.

Вай аксар вақт дар чорабиниҳои ташкилот иштирок мекунад, дар блоги худ онҳоро эълон ва дар бораашон нақл мекунад.

Қаҳрамони мо, махсусан аз директори “Ирода” Лола Насриддинова ва оилаи ӯ, ки худро комилан ба нигоҳубини кӯдакони инкишофашон махсус бахшидаанд, миннатдор аст.

Сайёд умедвор аст, ки блоги худро минбаъд низ рушд диҳад, то дастгирии кӯдакони дорои инкишофи махсус ва оилаҳои онҳоро идома диҳад ва огоҳии мардумро дар бораи аҳамияти ҳамгироӣ ва дастгирии онҳо бештар кунад.

“Маълумот дар бораи кӯдакони инкишофашон махсус муҳим аст, зеро он ба одамон кӯмак мекунад, бодонанд ки ин кӯдакон чӣ гунаанд ва бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Ин дурӯғу гапҳои бофтаро аз байн мебарад ва барои қабул ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа кӯмак мекунад.

Маълумот инчунин ба оилаҳоро кӯмак мекунад, ки танҳоиро камтар эҳсос намоянд, ҳамдардии атрофиёнро бештар месозад ва ба сохтани барномаҳо ва хидматрасониҳои зарурӣ кӯмак мекунад. Ғайр аз ин, нишон медиҳад, ки кӯдакони инкишофашон махсус мисли дигарон ҳуқуқ доранд”,- гуфт блогер.

Сомон Комилов, Your.tj

Тарҷума аз русӣ, матни асосӣ ин ҷо

Skip to toolbar