Барзу Абдураззоқов: Мо ғурурро бояд як сӯ гузорем ва эътироф намоем, ки вазъият бад аст…

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси театри тоҷик пас аз мурури солҳо дур будан аз муҳити ҳунарии Тоҷикистон ва зистан дар хориҷи кишвар, ахиран барои муддате ба Душанбе омад ва хост намоишеро рӯйи саҳна гузорад. Мо бо коргардон атрофи вазъи театр дар Тоҷикистон суҳбат карда будем ва мехостем дар арафаи баргузоршавии намоиши “Манқурт.Реквием” онро нашр кунем. Вале мақомот нагузоштанд, ки намоиш баргузор шавад ва талаб карданд, то аз санҷиш гузарад.

Қарор буд 20 майи соли 2022 намоиши “Манқурт. Реквием”, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ аз ҷониби коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов аз рӯи асари Чингиз Айтматов “Дуроҳаи бӯронӣ” омода гардид, дар саҳнаи тоҷик намоиш дода шавад. Аммо як рӯз пеш аз намоиш мақомот баргузории онро манъ карданд. Ин иқдоми мақомот мавҷи норизоиҳоро дар ҷомеа ба миён овард, чун мардуми зиёде баргузории ин намоишро интизор буданд.

Коргардон нахост дар ин масъала изхори назар кунад. Танҳо бо нашри як матлаб дар саҳифаи фейсбукаш аз ҳама ҳунармандон ва нафароне, ки барои баргузоршавии намоиш омодагӣ мегирифтанд, изҳори сипос кард ва гуфт намехоҳад сабаби қатъи намоишро шарҳ диҳад.

“Ҳамватанон, дӯстон, намоиши «Манқурт» аз рӯйи асари Чизгиз Айтматов қатъ карда шуд. Ман сабабашро намедонам, дурусттараш, медонам, аммо намехоҳам, аз мулоҳизаҳои “бемаврид” бигӯям. Чун дар он латифа: «чӣ нависам, бе ин ҳам ҳама чиз рушан аст”, – навиштааст Барзу Абдураззоқов.

Бо кадом сабабҳо қатъ шудани намоиш маълум нест ва ҳамчунин маълум нест, ки ин намоиш дубора ба саҳна гузошта мешавад ё не.

Рӯҳафтодагии кормандони театр ва дуруғгӯии масъулини он

 Мунтақидон вазъи театри тоҷикро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Аммо масъулин таъкид ба хуб будани он менамоянд. Ба назари Шумо, ҳоло театри тоҷик чӣ ҳолу ҳавое дорад?

– Албатта, масъулин намегӯянд, ки вазъи ҳунар ба дараҷае паст рафтааст, ки ҳар одами кӯчагӣ баъд аз як моҳ метавонад ҳунарпеша шавад. Онҳо намегӯянд, ки нуқтаҳои чиптафурӯшӣ кор намекунад ва касе дар фикри харидани он нест. Дар пойтахти кишвар лоақал як пояе нест, ки мардум тавассути он аз баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, репертуари театрҳо ва намоишҳо огоҳ шаванд.

Дар мавриди вазъи театрҳои музофотӣ низ чизе намегӯянд. Аз як театри Лоҳутӣ, ки агар онҳо гӯянд вазъи он хуб аст, наметавон дар бораи кулли театрҳои кишвар хулоса баровард. Зеро мо дар кишвар 16 театр дорем. Метавонед аз театрҳои Кӯлоб, Конибодом, Камоли Хуҷандӣ, Бӯстон (Чкаловск) дидан намоед. Ё ба театрҳои Данғараву Бохтарро равед ва фаҳмед, ки вазъи театр дар асл чӣ гуна аст.

Ман дирӯз барои як дӯстам навиштам, ки агар ҳукумати Тоҷикистон як барномаи вижае рӯйи даст надошта бошад, ки театрро аз ин буҳрони сахттарин берун барорад, мо баъд аз тақрибан панҷ сол театрро аз даст медиҳем. Ман ин вазъро хуб медонам. Чунки ҳар рӯз бо ҳунармандон кор мекунам. Ҳар рӯз дар робита ба вазъи театр касе ба ман занг мезанад, бо касе менишинаму гуфтугӯ мекунам. Ман мебинам, ки мушкил дар барномаҳои театр нест. Он комилан мавзӯи дигар аст. Сухан дар бораи рӯҳияи мардуме меравад, ки дар театр кор мекунанд. Ин ҳолат рӯҳафтодагӣ ном дорад. Он рӯҳияро табобат карда намешавад. Агар он ба як умед ва боварӣ иваз нашавад…

Мутаассифона, рӯҳияи онҳое, ки дохили театр ҳастанд, ба дараҷаи ногуфтанӣ бад аст. Онҳо дигар барои сайқал додани ҳунари худ намехоҳанд коре кунанд. Ва ҳар таклифе ки мекунӣ, мегӯянд лозим нест. Зеро онҳо медонанд, ки дар оянда театр нест ва ба касе лозим намешавад. Дар ин ҳолат ҳисоботи касе, ки мегӯяд вазъи театри мо хуб аст, сад дарсад дурӯғ аст. Вақте вазъияти равонии театр вазнин аст, пас, аз ин бармеояд, ки вазъияти ҳунар низ паст аст. Вақте ҳунарманд медонад, ки барои касе лозим нест, чӣ лозим аст, ки ҳунарашро сайқал диҳад. Вақте вай ҳунарро сайқал намедиҳад, натиҷаи кораш паст мешавад. Яъне дар намоише, ки бозӣ мекунад, дигар парво надорад, ки либосаш чӣ гуна аст, чӣ сухан мегӯяд, чӣ ҳунар дорад. Барои мафтун кардани тамошобини худ парвое надорад.

Шумо, ки чанд сол аст аз фазои театри тоҷик дур ҳастед, огоҳ будан аз вазъи он чӣ гуна бароятон даст медиҳад?

– Ба ман сад маротиба мегӯянд, ки Барзу дар Тоҷикистон кор намекунад, ӯ ин ҳолатро аз куҷо медонад. Ба фарзи мисол, агар ман духтур бошам ва дар Тоҷикистон бемории коронавирус вуҷуд дошта бошад, аз инҷо дур бошам ҳам медонам, ки ин беморӣ чӣ гуна аст. Яъне огоҳам, ки ин коронавирус ҳамон коронавирусе ҳаст, ки дар ҳама ҷо буда метавонад.

Ман дар театри тоҷик кор накунам ҳам, дар театри дигар кишварҳо кор мекунам. Вақте чил соли ҳаётатон дар театр мегузарад, аз бӯйи он мефаҳмед, ки он оянда дорад ё на. Ҳоло парда кушода нашуда медонед, ки ҳоли театр чӣ гуна аст. Боз мегӯям, ки он хеле ва хеле бад аст! Имрӯз бояд ҳама исрор кунем, ки як барномаи миллии рушди театр ташкил шавад. Маблағ ҷудо шавад ва мо мактаби театриро аз нав оғоз кунем. Зеро мо мактаби коргардонию ҳунарпешагӣ надорем. Он бачаҳое, ки имрӯз донишкадаи санъатро хатм менамоянд, дар саҳна умуман кор карда наметавонанд. Ман бо ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ кор мекунам, ки диплом доранд, даҳ-дувоздаҳ сол сол дар театр кор мекунанд, аммо руҳияи онҳо басо нохуб аст.

Чаро театри мо гирифтори чунин вазъ гардид?

– Театр не, миллат дучори чунин вазъ аст. Театр бошад метавон гуфт, ҳароратсанҷи ҳар миллат аст. Ҳеҷ гоҳ наметавонем гӯем, ки сатҳи миллат хубу олӣ ва сатҳи театр паст аст.

Як бор ба театрҳои мо равед ва шурӯъ аз саҳни он то “гримёрка”-ҳову ҷойи нишасти ҳунармандон ва рӯи саҳнаро бинед, худ мефаҳмед, ки вазъи ин миллату фарҳангу тафаккури халқи он чӣ гуна аст. Дигар ҳоҷат нест дар ин бора аз коршиносон пурсед. Зеро он чиро мебинед, метавонад бозгӯйкунандаи ҳолати миллату фарҳанги мо бошад. Ман аз ҳамаи театрҳои музофотии Қазоқистон дидан кардаам, аммо дар он ҷо чунин вазъи нохуб надидам.

Ардашер Пайванд бо Барзу Абдураззоқов

Коргардонҳоро аз хориҷ орем то театри моро аз нав эҳё кунанд

 Шумо дар мавриди барномае гуфтед, ки барои хуб гардидани вазъи театр мусоидат намояд. Он чӣ гуна хоҳад буд?

– Агар мо ғурурро як сӯ гузорем ва эътироф намоем, ки вазъият ногуфтанӣ бад аст ва мо дар ҳолате қарор дорем, ки мегӯем театр бошад ё не, барнома таҳия созем, барои он пул ихтисос бидиҳем, метавонем то ҷое вазъро хуб намоем. Мо бояд ба солҳои 30-юми асри гузашта баргардем. Яъне аз берун коргардонҳоро даъват кунем.

Масалан, имрӯз вақте мо бо таърихи театри миллӣ ифтихор мекунем, бояд донем, ки ҳама аз Маскаву Ленинграду дигар ҷойҳо омаданду театри миллии моро рӯйи по монданд Ба монанди Ефим Мителман, Феоктист Александрин ва дигарон. Дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон низ айни ҳамин ҳолат буд.

Ҳар сол Санкт-Петербург, Маскав ва Литва даҳҳо коргардони хуб омода менамояд, ки онҳо ҷойи кор намеёбанд. Мо бояд бо онҳо шартнома баста, коргардонҳоро ба Тоҷикистон орем ва то се сол бо онҳо дар театрҳоямон кор кунем. Якеро дар театри Данғара, дигареро дар Бохтар коргардон таъйин намоем. Вай гурҷӣ аст, яҳудӣ аст, бояд фарқе надошта бошад, муҳим ҳунар дошта бошад ва мо аз он ҳунар истифода намоем. Яъне мо бояд коргардонҳоро аз ҳар куҷои ҷаҳон ҷалб намоем, то театри моро аз нав эҳё кунанд.

Чаро қазоқону ӯзбекон шарм намекунанд ва театри худро ба ман бовар мекунанд. Аммо мо тоҷикон аз ин шарм медорем ва бо як ғурур вазъи театрамонро хуб мегӯем.

Хонаи Шумо дар рӯ ба рӯи Вазорати фарҳанг ҷойгир аст. Аммо мегӯед, боре онҳо дар ин бора ба шумо муроҷиат накардаанд. Шумо худ боре барои баррасии ин мавзӯъ ба вазорат рафтед?

– Ман бояд чӣ гуфта равам? Дар ҳоле, ки онҳо худ боре ба ман муроҷиат намекунанд. Чанд рӯз қабл бо ман ҷонишини вазири фарҳанги як кишвар суҳбат дошт ва аз ман хоҳиш мекард, то роҳбарии як театри хуби онҳоро ба дӯш гирам. Яъне онҳо худ маро ҷустуҷӯ намуда пайдо карданд ва мехоҳанд аз ҳунари ман барои хубтар шудани вазъи театрашон истифода намоянд. Ҳамчунин, дар баробари ин роҳбари як театри шаҳри Тошканд низ бо ман ҳамсуҳбат буд ва хоҳиш намуд, ки ман барои хуб гаштани вазъи он театр ба ҳукумати Ӯзбекистон барнома омода намоям. Вале вазорати фарҳанги мо ҳатто як суол аз ман намепурсанд, ки мо барои хуб шудани вазъи театр чӣ бояд кунем?

Соли 1998 ё 1999 ман ҳолати имрӯзаи театрро пешгӯӣ намуда будам ва дар понздаҳ саҳифа барнома тартиб дода, ба вазири фарҳанги ҳамонвақта пешниҳод намудам, то як бор аз назар гузаронанд. Ман ба ивази он чизе нахоста будам. Аммо вазир ба рӯям нигоҳ карду гуфт: “Ин коғазота дар мусор парто”. Ман баромадам ва дар аввалин қуттии партов онҳоро партофтам.

Он таҳлили пешниҳоднамудаи ман ҳама он чӣ ки ҳамин ҳоло гуфта истодаам, фаро мегирифт.

Сензура дар ҳамаи мавзӯъ ҳаст

– Агар ба Шумо иҷозаи дар театри тоҷик гузоштани намоишномаро диҳанд, кадом мавзӯъҳоро ба саҳна мегузоред?

– Агар чунин шавад аввалин мушкили ман ҳамин хоҳад буд, ки дар театр чиро ба саҳна гузорам. Зеро имрӯз ҳама мавзӯъ назорат мешавад. Яке аз сабабҳои бад будани вазъ ҳамин сензура аст. Имрӯз ҳама метарсанд, ки мабодо дар саҳна сухани қабулнашавандае набошад. Коргардон вақте намоишномаро ба даст мегирад, аввалан аз он намеандешад, ки он ба мардум чӣ дода метавонад, балки диққат медиҳад, ки онҷо сухани “ноҷо”-е набошад Дар ҳоле, ки театр бе озодӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Акс аз бойгонии шахсии Барзу Абдураззоқов

 Боре наандешидед, ки дар Тоҷикистон дар жанри театри хиёбонӣ намоиш гузоред?

– Кӣ ба ман барои ин иҷоза медиҳад? Ман дар шаҳри Алмаато ҳар рӯз аз коргоҳам, то хонае, ки барои ман додаанд, тақрибан як километр роҳро тай мекунам. Дар ин роҳ ҳар рӯз камаш 20 ҳунармандро вомехӯрам, ки ҳунарнамоӣ мекунанд. Яке акардион менавозад, яке суруд мехонад, яке машғули ягон ҳунари дигар аст. Дар Тошканд ҳам чунин аст. Аммо дар инҷо ҳатто як гиторнавоз наметавонад озод дар кӯча навозандагӣ кунад, ё як рассом. Чанд корманди милиса ҳатман болои сари онҳоро мегиранд ва мепурсанд, ки чӣ кор мекунӣ ё чӣ мекашӣ. Дар ин ҳол ман метавонам дар хиёбон намоиш монам?

Чӣ гуна тамошобинро ба театр баргардонем?

– Пеш аз ҳама ҳунарро ба театр орем. Шароитро хуб кунем. Баъдан метавонем тамошобинро даъват кунему гӯем бубин мо барои ту чӣ гуна ҷой тайёр кардем. Бубин мо барои ту чӣ гуна ҳунар омода кардаем. Мо аввал бояд хонаро хуб кунем, “дастархонамон” -ро хуб оро диҳем, андоми худро ба тартиб орем баъд меҳмон даъват кунем. Ҳеч кас намехоҳад ба хонаи бетартибу ифлос меҳмон шавад. Мардум ҷое мераванд, ки онҳоро интизоранд ва хуш қабул мекунанд. На ҷое, ки аз рафтан пушаймон шаванд.

Мусоҳиб: Ардашер ПАЙВАНД

Skip to toolbar