Истифодаи телефон дар донишгоҳ

“Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия”. Истифодаи смартфонҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ манъ мешавад

Ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) истифодаи смартфонҳо аз оғози соли нави таҳсил – сентябри соли 2024 қатъиян манъ мешавад. Дар ин бора раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст.

“Истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар донишгоҳ ба раванди азхудкунӣ ва донишандӯзии донишҷӯён халал ворид намуда, сифати дарсҳо ва машғулиятҳои таълимию тарбиявии омӯзгоронро коста мегардонад”,- хулоса кардаанд дар раёсати Донишгоҳи омӯзгорӣ.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, тамошои мунтазами наворҳои видеоии сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ, ки хусусияти ифротгароёна, террористиву экстремистӣ ва ғайриахлоқиву дур аз фарҳангӣ миллӣ  доранд, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

Бо вуҷуди манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим дар Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, назорати иҷрои он ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашуда буд, таъкид шудааст дар изҳороти донишгоҳ.

Гуфта мешавад, ин иқдоми онҳо ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса мусоидат менамояд.

Раёсати донишгоҳ аз волидайни донишҷӯён хостааст, фарзандонашонро назорати ҷиддӣ кунанд, то ба дарсҳо бе самартфон ҳозир шаванд.

Ҳамчунин, омӯзгорон вазифадор шудаанд, ки вобаста ба ҳолатҳои манфӣ ва зараровари истифодаи бемавриди телефонҳои сенсорӣ андешаҳои худро дар шакли мақола пешниҳод намоянд.

Ин аввалин ҳолатест, ки дар муассисаи таҳсилоти олии кишвар истифодаи телефони мобилиро манъ мекунанд

Қаблан вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни мусоҳиба бо газетаи “Омӯзгор” гуфта буд, истифодаи телефон ва планшет дар мактабҳо иҷозат дода намешавад, зеро барои таъмин бо китоби зарурӣ дар мактабҳои кишвар маблағи кофӣ пайдо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки вазир дар нишасти матбуотии моҳи августи соли гузашта гуфта буд, баъди қабули як лоиҳа, ки ниҳоди зери тобеъаш омода мекунад, истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза дода мешавад.

Skip to toolbar