Нақши занон дар идоракунии захираҳои обӣ ва таъмини баробарии гендерӣ. Ин мавзӯъ коршиносони минтақавию байналмилалӣ, мутахассисон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро дар Душанбе дар доираи форуми “Занон ва об” ба ҳам овард.
Форуми “Занон ва об” имкон дод, ки мушкилоти занон шунида шавад
Форуми пешазконфронсии “Занон ва об” рӯзи 10-уми июн дар доираи конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” доир гардид.
Дар форум намояндагони созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони масъалаҳои захираҳои обӣ ва ҳуқуқу баробарии гендерӣ аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Иштирокчиёни форум мушкилоти ҷойдоштаро дар мавзӯи мазкур баён намуда, мутахассисон дар муколамаҳои васеъ роҳҳои ҳал ва муносибати дуруст дар мавзӯи дастрасии занон ба захираҳои обӣ ва баробарии гендериро пешниҳод намуданд.
Элиза Фернандес, муовини директори минтақавии сохтори “СММ-занон” дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ нақши занонро дар идоракунӣ ва қабули қарорҳо, чӣ дар сиёсат ва чӣ дар захираҳои обӣ муҳим хонд.
“Ин форум барои он муҳим аст, ки мо иттилоотеро ба даст биорем, ки дар ин бахш кадом мушкилиҳо вуҷуд доранд, роҳҳои ҳалли онҳо чист? Инчунин, барои он ки дар маблағгузориҳо дар бахши об равона шуда баробарии гендерӣ таъмин карда шавад”,- қайд кард ӯ.
Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии гендерӣ ва иштироки занонро дар раванди қатъномаҳои СММ, ки аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, муҳим арзёбӣ намуд.
“Ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва об, таъмини иштироки занон дар ҳалли мушкилот дар ин самт дар рӯзномаи форуми имрӯза низ масъала аҳамиятнок аст, зеро занон ҳамчун таъминкунандагон, роҳбарон ва ҳимоятгарон дар бунёди системаи устувор ва ҳаётан муҳими захираҳои обӣ, ки ба ҳама ҷамоатҳо манфиатоваранд нақши калон доранд”,- зикр намуд ӯ дар ҷараёни форум.
Занон то ҳол ба монеаҳои зиёд дучор мешаванд
Самеҳ Ваҳба, директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, занҳо дар бахши об ба монеаҳо ва маҳдудиятҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
“Гарчанде дар мо муассисаҳои зиёди вобаста ба об ҳастанд, ки махсусан аз нуқтаи назари гендерӣ кор мекунанд, аммо дар ин бахш занон ҳанӯз кофӣ нестанд”,- афзуд ӯ.
Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар бахши оби минтақаи Осиёи Марказӣ камтар аз 20 дарсад ва танҳо 3 дарсади муҳандисон ва мудиронро занон ташкил медиҳанд.
“Дар 22 дарсади корхонаҳои соҳаи об умуман занони муҳандис фаъолият намекунанд ва 12 дарсад мудири зан надоранд”,- зикр намуд Самеҳ Ваҳба дар ҷараёни форум.
Ненси Эслик, ҳамоҳангсози глобалии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар бахши захираҳои обӣ низ бар ин назар аст, ки кадрҳои роҳбарӣ дар бахши об ва захираҳои обӣ аз ҳисоби занон рушд дода шавад.
“Мо медонем, ки муноқишаҳо идома доранд. Муноқишаҳо дар бахши об зиёд шудааст ва дар натиҷаи тағйирёбии иқлим боз зиёдтар мешавад. Ин маънои онро дорад, ки сармоягузорӣ ба амнияти обӣ тавозунро нигоҳ медорад”,- гуфт ӯ.
Ба назари Эслик, иштироки занон ҳам аз нигоҳи назари манбаъҳои обӣ ва ҳам дар умум муваффақияти калидӣ ба ҳисоб меравад.
“Анҷом додани ин корҳо моро водор месозад, ки амалисозии имкониятҳои навро муайян намоем. Ҳоло кафолат дода намешавад, ки кӯмакҳои хориҷӣ муноқишаҳои обиро кам мекунанд”, – шарҳ дод ӯ.
Роҳи ҳал кадом аст?
Ширкаткунандагони ҳамоиш бар ин ақидаанд, ки коршиносон бояд масъалаи ширкати занон дар масъалаҳои мушкили дастрасӣ ба обро ба миён гузошта, онҳоро ба ин бахш равона созанд ва ба вазифаҳои раҳбарӣ пешбарӣ кунанд.
Мутахассиси минтақавии гендерии ACTED дар Канада, Раъно Мансурова мегӯяд, пеш аз ҳама бояд решаи нобаробарии гендериро ҷуст, ки дар куҷост ва чаро дар ҷомеа он рух медиҳад.
“Ин ба мо имкон медиҳад, бо нишонаҳо мубориза набурда, балки худи мушкилотро аз байн барем ва онро самаранок ҳал кунем”,- пешниҳод намуд ӯ.
Ҳамзамон яке аз пешниҳодҳои Мансурова ин буд, ки бояд дар самти баробарии гендерӣ стреотипҳо аз байн бурда шаванд.
Дар охири кори Форуми “Занон ва об” хулоса гардид, ки маблағгузорӣ барои омӯзиши занон дар самти идораи захираҳои обӣ ва бо ин васила таъмин намудани баробарии гендерӣ дар бахши об афзоиш дода шавад. Ҳамзамон мубориза бо стреотипҳо ва баланд бардоштани малакаҳои роҳбарии занон аз пешниҳодҳои дигар дар ин самт буд.