Барқи тоҷик: Шахсон ва корхонаҳои қарздорро аз гармиву рӯшноӣ маҳрум кунед

Дастури “Барқи Тоҷик” дастрас шуд. Дар он аз таъмири дастгоҳҳо нагуфтаанд

Ширкати “Барқи Тоҷик” ба ниҳодҳои тобеи худ дастур додааст, ки шахсони қарздор ва корхонаву муассисаҳоеро, ки барқи зиёд мегиранд, аз гармиву рӯшноӣ маҳрум кунанд.

Дастур бо имзои муовини раиси ширкат Муҳаммад Ғуломзода аз 3-юми ноябр содир шуда, ҳадафаш “сарфакорона истифода намудани захираҳои энергетикӣ ва беҳтар кардани таъминоти барқ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар зимистон” гуфта шудааст.

Нусхаи дастур рӯзи 17-уми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Дар дастур гуфта шудааст, интиқоли барқи “муштариёни қарздор, корхонаҳои оҳангудозӣ, корхонаҳои қуму шағал ва корхонаҳои истеҳсолиеро, ки аз меъёр зиёд барқ истифода мекунанд”, қатъ кунанд. Инчунин хоста шудааст, “нонвойхонаҳо, санбӯсахонаҳо ва саунаҳо ба сӯзишвории алтернативӣ (ангишт) гузаранд.”

Сокинони Тоҷикистон беш аз ду ҳафта инҷониб бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд. Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” аз оғози моҳи ноябр то ҳанӯз дар посух ба норозигии сокинон мегӯянд, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд.

Санҷиши дурустии изҳороти ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҷойи дигаре феълан номумкин аст. Ширкати таъминкунандаи барқ ҳамчунин намехоҳад бигӯяд ё ба хабарнигорон нишон диҳад, ки чӣ чизе ва дар куҷо таъмир мешавад.

Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 таҷлили Соли навро манъ кард

Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории COVID-19, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳо бахшида ба Соли нави мелодиро манъ кард.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19, рӯзи 18-уми ноябр эълон кард, ки ҳама гуна чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, шабнишиниҳо ва дигар барномаҳои умумӣ ба ин муносибат дар қаламрави кишвар манъ аст.

Ин ситод далели чунин тасмимашро ба далели хуруҷи мавҷи дувуми бемории COVID-19, шиддати гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар шуморе аз кишварҳо рабт додааст

Бар пояи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, сайру гашти мардум дар боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои умумӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, пушидани ҳатмии ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ иҷоза дода мешавад.

Ситод мақомотро муваззаф кардааст, ки зудиуфунӣ кардани ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумат

Бо фармони президенти мамлакат Шерхон Салимзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод шуда, Ҳабибулло Воҳидзода ба ин вазифа таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президент, Муртазо Ҳайдарзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод карда шуд.

Акбар Холиқзода бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шуда, Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин гардид. Дар навбати худ, Бахтиёр Саидаҳмадзода раиси шаҳри Гулистон таъин карда шуд.

Амирхон Қурбонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуда, Адҳам Маъмурзода ба ин мансаб таъин гардид.

Бо қарорҳои ҳукумати кишвар, Ҷамшед Аҳмадзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Маҳмадсаид Зувайдзода раиси нави ин Кумита таъин шуд.

Хайриддин Абдураҳимов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Аҳтам Абдуллозода сардори нави ин ниҳод таъин шуд.

Бо амрҳои президент, Аҳтам Абдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва Адҳам Маъмурзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи президент озод карда шуданд.

Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии соли 2021-ро қабул кард

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 18 ноябр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро қабул намуд.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, дар муқоиса бо буҷети соли ҷорӣ 1,6 млрд сомонӣ ё худ ба андозаи 6,1% зиёдтар аст.

Афзоиши даромади буҷетро ӯ дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, зиёд кардани ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, аксиз, андоз аз даромад), инчунин таъмини афзоиши воқеии иқтисод ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ муқаррар шудаанд, ки зиёда аз 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷетро ташкил медиҳад. Даромадҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми 1,4 млрд сомонӣ ва грантҳо – 300 млн сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Хароҷоти буҷет барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети имсолаи тасдиқшуда 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Тоҷикистон барфпӯш мешавад

Дар Тоҷикистон пагоҳ, 19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришот бошиддат ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу-ғарб бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои манбаъ, шаби 19 ноябр ба 20 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 5-10 хунук, дар вилояти Суғд то 8-13 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-17 хунук мешавад.

Skip to toolbar