fbpx

“Мулло наёфтем, то ҷаноза кунем”: Чанд гурезаи афғон дар Тоҷикистон аз коронавирус ҷон дод

Имрӯз аз мушкилоти аҳди коронавирусии гурезагони афғон, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд нақл мекунем.


0
Акс аз сомонаи Sputnik Тоҷикистон

Дар аҳди коронавирус гурезагони афғони Тоҷикистон ба мушкилоти гӯронидани наздикони фавтидаи худ гирифтор шудаанд. Аз онҳо барои кандани қабр аз 700 то 1000 сомонӣ маблағ талаб мекарданд, инчунин буданд ҳолатҳое, ки онҳо қабркан ва муллои ҷанозахон намеёфтанд.

Имрӯз аз мушкилоти аҳди коронавирусии гурезагони афғон, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд нақл мекунем.

“Барои ҷаноза кардан мулло наёфтем”

Латифа Самирӣ, як шаҳрванди Афғонистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд барои кандани қабри хусураш, ки соати 3-и шаб ҷон дод, ба қабркан  наздики 700-сомонӣ пардохт кардаанд.

 

Гурезагони афғон, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд

Ин хонум, ки 30-сол дорад мегӯяд, вақте хусураш фавтид дар аввал ҳатто нафареро пайдо накарданд, ки қабр канад, “чунки ҳама метарсиданд. Моҳи май буд, ки ин ҳодиса рӯх дод қабрканҳо низ аз тарси он ки ба бемории коронавирус гирифтор мешаванд, барои кандани гӯр худдорӣ мекарданд. Ҳатто мулло наёфтем”.

Акс аз сомонаи Cabar.Asia

Ба гуфтаи Самирӣ падарарусаш аз бемории коронавирус дар синни 60-солагӣ фавтид ва бо кӯмакҳои ҳамсояҳои тоҷик ӯро дафн карданд.

Дар ҳамин ҳол Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон “Ориёно”, мегӯяд, тақрибан 19 нафар гурезагони афғон аз бемории коронавирус фавтиданд ва ин ҳам афроде буданд, ки аз 55-сол боло дошта, бемориҳои қанд, дил ва шуш доштанд

“Агар қабл аз коронавирус барои гӯру чӯби як мурда 200 сомонӣ масраф мешуд, (150 сомонӣ барои қабркан ва 50 сомонии дигар барои муллое, ки ҷаноза мекард), дар даврони коронавирус ҳатто то 1000 сомонӣ, қабркан пайдо карда натавонистем. Мулло низ набуд барои ҷаноза кардан”.

Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон “Ориёно”. Акс аз сомонаи Фергана Нюс

Баҳодурӣ мегӯяд, буд ҳолатҳое, ки дар мавҷи коронавирус дар Тоҷикистон, ҳатто наздикони фавтида қабри ӯро намедонистанд:

“Дар шаҳри Ваҳдат, ки аксари гурезагони афғон зиндагӣ мекунанд, бо кӯмаки масъулин нафареро пайдо кардем, ки барои кандани як қабр аз 700 то 1000 сомонӣ талаб кард. Мо ҳам ба ин маблағ розӣ шудем ва гуфтем, ки ба мо қабри кӣ ва дар куҷо ҷойгир шуданашро мегӯед. Зеро дар авҷи коронавирус ва фавти зиёди мардум аз ин беморӣ, мо намедонистем киро дар куҷо гӯр мекунанд. Ҳатто вақте як нафар аз коронавирус фавтид ва фарзандаш, ки дар Канада буд, занг зада гуфт, ки “оғои Баҳодурӣ фардо ба Тоҷикистон омада, аз гиребонат мегирам, ки қабри падарамро пайдо кунед”. Дигар мо ҳам бо чӣ арзише, ки барои кандани як қабр талаб карданд, розӣ шудем, то ин ки донем қабри кӣ дар куҷо аст”.

Мардуми хуб ҳастанд, аз қонун берун намебароянд

Илҳом Расулов, аз бахши бақайдгириии шаҳрвандон дар шаҳри Ваҳдат гуфт, ки танҳо дар шаҳри Ваҳдат 11-нафар аз гурезагони афғон аз бемории коронавирус фавтидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз байни фавтидаҳо аз ҳама чӯҷавонаш 35-сол дошт, “калонсолтарини фавтидаҳо 85-сол дошт, ки дар вақти авҷи вируси COVID-19, гурӯ чуб кардан мушкил буд. Аз ин рӯ барои ин аз 400 сомонӣ то 1000 сомонӣ талаб мекарданд. Аммо наздикони ҳамаи фавтидаҳо қабри наздиконашонро медонанд. Афғон, мардуми хуб ҳастанд, аз қонун берун намебароянд”.

Латифа ягона нафаре нест, ки аз мушкилиҳо дар даврони коронавирус ва дафн кардани гузаштагонашон шикоят мекунад.

Ҳамсуҳбати дигари мо Абдулбассир, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ дорад, мегӯяд, модараш 83-сол дошт, дар натиҷаи бемории коронавирус шаби 21-уми моҳи Рамазон даргузашт. Аммо ӯ зикр кард, ки қаблан модараш бемории дил ва қанд дошт:

“Дар аввал модарамро ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бурдем, ӯро ба беморхонаи маъруф бо номи “Телмон”-и ноҳияи Рӯдакӣ интиқол доданд. Пас аз чанд соат модарам аз дунё гузаштанд. Ҷасадро танҳо бо шарти ба хона набурдан, ба мо доданду бо мошини ёриии таъҷилӣ ва ду нафар аз табибон рост ба Оромгоҳи “Роҳатӣ”-и шаҳри Ваҳдат бурданд. Вале мулло пайдо карда натавонистем. Аммо як нафар бидуни маблағ ба хотири савоб қабрро канд. Баъди як моҳ бародарам, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекард, ӯ низ аз ин беморӣ фавтид.”.

Мутаввалии оромгоҳи маъруф бо номи “Роҳатӣ”, ки дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, дар суҳбат бо мо гуфт, ки воқеан дар вақте, ки маргу мир аз коронавирус зиёд буд, пайдо кардани мулло ё қабркан, душвор буд зеро ҳама метарсиданд:

“Агар нафаре дар беморхона мефавтид, аввал шӯста, кафан карда, баъд дар селофан мепечониданд. Дар моҳҳои аввал дар як рӯз то 10-11 мурда меоварданд, ки наздиконашон мегуфтанд, аз COVID-19 мурдааст. Ҳозир бошад, дар як моҳ як нафарро оварда, мегӯянд, аз ин беморӣ фавтидааст. Шукр, ки оҳиста-оҳиста маргу мир кам шуд, вагарна дар як ҳафта то 50 – 60 нафарро мегӯронидем, ки як қисмати қабристон пур шуда буд”.

Мутаввалии оромгоҳи маъруф бо номи “Роҳатӣ”

Дар Тоҷикистон зиёда аз 4500 нафар гурезагони афғон зиндагӣ мекунанд, ки аксарашон дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Бохтар, Рӯдакӣ, Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба ҳолати шоми 17-уми ноября дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 11689 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 42 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11061 нафар баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ 85 нафар фавтидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend