Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
“Барқи тоҷик” гуфт, агар назорат дуруст нашавад, эҳтимол моҳҳои март ва апрел норасоии барқ шадидтар шавад
Дата публикации: 19:4712.02.2025
Маҳмадумар Асозода раиси ин ширкат дар нишасти хабарии 11-уми феврал гуфт, дар давраи тирамоҳу зимистон бо сабаби нотавозунии байни истеҳсол ва истифодабарӣ дар соатҳои муайян истифодабарӣ қатъ мегардад.
“Агар назорати дурусти истифодабарии нерӯи барқ маҳз вобаста ба тавозуни оби энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистон риоя нагардад, ин ба ҳолатҳое мерасонад, ки дар як муддати муайян, норасоии шадиди нерӯи барқ ба амал меояд”, - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи Асозода назорат накардан, ё зиёд истифода кардан, ин ба ҳаҷми зиёди коркарди об мусоидат мекунад, ки “дар моҳҳои март ва апрел эҳтимол норасоии нерӯи барқ шадидтар шавад".
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Баҳси “лимит”-и барқ ва риоя нашудани реҷаи он дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 11-уми феврал садо дод. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, барқ аз соати 8 то 17 ва аз соати 22 то соати 5-и субҳ қатъ мегардад ва “дар соатҳои дигар мардум бо барқ таъмин ҳастанд".
Аммо сокинони кишвар шикоят мекунанд, ки реҷаи муайяншудани “лимит”-и барқ низ риоя намешавад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад