“Барқи тоҷик”: баъди 5 рӯз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шабонарӯзӣ бо барқ таъмин хоҳанд шуд

Аз қисми низомӣ ба “Кӯктош”: қиссаи ҷавони ҷунуне, ки “облава” шуд

Кормандони коммисариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ҷавонеро ба хизмати аскарӣ фиристодаанд, ки ҳам дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ва ҳам дар қайди беморхонаи сил қарор доштааст.

Ин ҷавон ба гуфтаи падараш, айни замон дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ, маъруф ба “Кӯктош” бистарӣ мебошад.

Исломов Ҷӯрақул, падари ин ҷавон мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, писараш Исломов Ҷасурбек Ҷӯрақуловичро, ки соли таваллудаш 24.07.1998 мебошаду зодаву бошандаи деҳаи Моғиёни ҷамоати деҳоти Моғиён аст, дар ҳамин даъвати тирамоҳӣ, санаи 22-юми октябр аз кӯча дошта (облава) ба аксарӣ мефиристанд.

Ба гуфтаи падари сарбоз, бо вуҷуди он, ки писараш дар қайди беморхонаи рӯҳӣ қарор дораду ду маротиба ҳуҷҷатҳои лозимаро ба комиссариат пешниҳод кардааст, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумотномаи беморхонаи мазкурро ба инобат намегиранд.

Фирдавс Шарипов, комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент мегӯяд, “наход даъватшаванда дар қайди беморхонаи рӯҳӣ бошаду мо ӯро ба хизмат барем?”.

Норматов Фарҳод, духтури касалиҳои рӯҳӣ, ки ҳамзамон узви комиссияи тиббии даъвати аскарӣ ҳам будааст, дар қайд будани беморе бо ному насаби Исломов Ҷасурбекро рад намуд.

Рад кардани Фарҳод Норматов дар ҳолест, ки соли 2018 Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент бо имзои худуи ӯ ба Исломов Ҷасурбек маълумотнома додааст, ки ин нафар “бо сустақлии дараҷаи миёна ва ихтилилои шахсият” дар қайди ин Марказ мебошад.

КҲФ: Таркиш дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари сӯрох шудани қубури интиқоли газ рух дод

Дар деҳаи Маърифати ноҳияи Рӯдакӣ боз ҳодисаи инфиҷори газ рух дод. Ин дафъа таркиш дар манзили сокини 36-солаи деҳаи Маърифатӣ Мирмат Мастов рух дод, хабар дода мешавад дар сомонаи КҲФ ва МГ Тоҷикистон.

Хона пурра валангор ва чор нафар бошандагони он бо захмҳои гуногуни сӯхта дар бемористон бистарӣ шудаанд.

“Баъд аз муоинаи мутахассисони Кумита бо асбобҳои махсус (газонализатор) муайян гардид, ки сабаби таркиши газ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанбе-1-ро таъмин менамояд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ин қубур аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон гузашта, ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шудааст ва ба таркиш боис гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳз бо ҳамин сабаб рӯзи 5 декабр дар хонаи сокини 62-солаи ҳамин ноҳи Алиқул Ҳасанов низ таркиш рух дода, бар асари он бародарарӯси 36-солааш ҳалок шуд. Соҳибхона дар беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ шуд.

“Барқи тоҷик”: баъди 5 рӯз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шабонарӯзӣ бо барқ таъмин хоҳанд шуд

Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабака ва зеристгоҳҳои барқӣ ба итмом расида, 4-5 рӯзи наздик ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ мунтазам шабонарӯзӣ бо барқ таъмин мешаванд, хабар додааст сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, “шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ мафҳуми ҷорӣ шудани истифодаи маҳдуди барқ (лимит) умуман вуҷуд надорад”.

Дар робита ба масъалаи тӯл кашидани корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабакаҳои барқии кӯҳнаву фарсуда, Ёдгорӣ изҳор намуд, ки бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари дунё, интиқоли қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои таъмири иншооти энергетикӣ аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон мушкил шуд.

Овозаҳоро миёни ҷомеа дар бораи он, ки бо вуҷуди камбуди барқ барои таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ, содироти он ба Ӯзбекистону Афғонистон идома меёбад, ӯ қотеъона рад намуд.

Дар Хуҷанд “Дискоклубҳо” дубора ба кор шурӯъ карданд

Мақомот бо дастури риояти чанде аз шартҳои беҳдоштӣ ба марказҳои дилхушӣ ё “дискокулубҳо”-и Хуҷанд иҷозаи дубораи кор дод. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, дар сурати риоя нашудани талабот, онҳо дигарбора дари “дискокулубҳо”-ро мебанданд.

Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд Таҳмина Усмонова мегӯяд, роҳбарони “дискокулубҳо” дастуру супоришҳои қатъӣ гирифтаанд, ки бояд талаботи ин қарори беҳдоштиро риоя кунанд.

“Шартан ба фаъолияти марказҳои дилхушӣ иҷозати кор дода шудааст. Онҳо бояд тамоми қоидаҳои аз рӯйи дастурамал пешбинишударо аз ҷумла пӯшидани ниқоб, пеш аз ворид шудан ба дискоклуб ҳатман санҷиши ҳарорати бадан гузаронанд. Безараргардонии дастон ва гузоштани курсиҳо дар масофаи на кам аз 2 метр аз ҳамдигар дар дохили дискокулубҳоро ба инобат гиранд. Масъулини дискокулубҳо ҳатман бояд ин меъёрро риоя кунанд”.

Манбаъ мегӯяд, роҳбарони “дискокулубҳо” бо ин талабот огаҳанд ва дар сурати риоя нашудани ин меъёрҳо, мақомот фаъолияти онҳоро дигарбора қатъ мекунад. Қаблан дар нимаи моҳи октябр дар пайи як дастури раҳбари Маркази санитарию эпидемиологии Хуҷанд дари 8 марказҳои шабонаи дилхушии ин шаҳр ба гуфти мақомот “дар пайи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ” баста шуд.

Дар Ӯзбекистон 178 ширкат бо сармоя аз Тоҷикистон кор мекунанд

Ӯзбекистон ҷонибдори таъсиси минтақаи комили савдо дар доираи ИДМ аст, ки ба нигаҳдории шакли мавҷудаи реҷаи тиҷорат асос ёфтааст, қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон.

“Ин дар навбати худ, омили муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ИДМ мебошад”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон 178 корхона бо сармоягузории мустақими Тоҷикистон амал мекунанд, ки 103-тоашон тиҷорати муштарак бо соҳибкорони ӯзбек буда, 75 корхона бо сармояи пурраи тоҷирони тоҷик фаъолият доранд.

Доираҳои кориву тиҷоратӣ дар Тоҷикистон бурунрафти сармояро ба ҳамсоякишварҳо дар навбати аввал, ба сарбории зиёди андозбандӣ дар ҷумҳурӣ нисбат медиҳанд.

“Аз ин рӯ, аксарият тиҷоратро дар ин ҷо қатъ намуда, ба кишварҳои ҳамсоя, ки дар онҳо шароити бештар мусоид фароҳам аст, интиқол медиҳанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як тоҷир, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Ба гуфтаи ӯ, соҳибкороне, ки то ҳол ба фаъолият дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд, маҷбуранд, ки қисмати зиёди даромади худро пинҳон кунанд, то ки дар ин шароити сарбории зиёди андоз ба як навъе вуҷуд дошта бошанд.

Skip to toolbar