Даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд

“Ба Ватан баргардонида ба хизмат фиристода шуданд”. Ду ҷавонро дар Суғд аз ҷавобгарӣ барои саркашӣ аз хизмат озод кардаанд

Ду ҷавони сокини вилояти Суғд, ки барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шудаанд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.

Ин ниҳод дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки Давронбой Каримови 23 – сола аз ноҳияи Деваштич ва Илҳомҷон Шодиеви 26 – сола аз ноҳияи Зафаробод пас аз гирифтани даъватнома ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, ба хориҷа рафтаанд.

Нисбати Каримов моҳи сентябри соли 2023 ва нисбати Шодиев моҳи апрели соли 2022 бо гумони саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

“3-4 маротиба даъватнома равон карданд, омада натавонистам. Нисбатам парванда кушодаанд. Баъди ин панҷ моҳи дигар кор карда, аз хориҷа омадам. Акнун ба хизмати ҳарбӣ меравам”, – гуфт Илҳомҷон Шодиев дар барнома.

Давронбой Каримов иқрор мешавад, ки  моҳи апрели соли равон даъватномаро шахсан қабул карда, вале дар рӯзи сафарбаркунӣ ҳозир нашудааст.

“Бо ҳамин сабаб  нисбатам парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Аз ҳамин сабаб аз карда пушаймонам, аз ин рӯ омодаам қарзи шаҳрвандиамро иҷро намоям”,- илова кард ӯ.

Гуфта мешавад, напазируфтани даъвати коммисариати ҳарбӣ ҷиҳати хизмати ҳарбӣ  ва бо мақсади озод шудан аз уҳдадории ҳарбӣ тарки ватан кардан гумонбаронро ҷавобгар кардааст.

“Ҳол он ки Каримов ва Шодиев ҳамчун ҷавонони солиму қобили хизмат имкон доштанд, ба номи худ доғ наоварда, қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Нисбати ин ду ҷавон барои бо хоҳиши худ ҳозир шудан ва пушаймонӣ аз гуноҳи содиршуда парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ва гуфта мешавад, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд.

Бе асосҳои қонунӣ саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ тибқи талаботи моддаи 343 –и кодекси ҷиноятии ҶТ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Ин банди қонун ҷарима ва аз 2 то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Суди ноҳияи Ашт моҳи августи соли ҷорӣ як ҷавонро барои саркашӣ аз хизмат 14 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Сабаби сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳатмии ҳарбиро коршиносон ба бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Шеваҳои гуногуни ҷалби маҷбурӣ ё “облава” сокинон ва ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст.

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синни хизмат ба артиши кишвар оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳамасола ин маърака дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба миён меорад.

Дар рӯзи якуми даъват Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ноҳияҳои Вахшу Фархор ва ноҳияҳои минтақаи Рашт аз иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ хабар доданд.Ф

Skip to toolbar