Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ва ё ВАК-и Тоҷикистон рӯйхати довталабону унвонҷӯёнеро нашр кардааст, ки дар давоми соли 2021 ба беш аз 40 нафари онҳо унвонҳои илмии профессору дотсентро надодааст. Дар байни онҳо чеҳраҳои саршинос, вакилони парлумон, намояндагони фарҳангу адаб ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо низ ҳастанд.
Ин ниҳод далели рад шудани дархостҳо барои дарёфти ин унвонҳои илмиро номуносиб будани ин афрод ба тартиби додани унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон гуфтааст.
КОА-и Тоҷикистон бо нашри фармонҳои рад кардани додани унвони илмӣ дар сомонаи расмиаш менависад, ки аксари онҳое ки дархосташон рад карда шуд, ба бандҳои мухталифи “Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)” ва “Дастурамал оид ба тартиби баррасии масъалаҳои додан, маҳрум сохтан ва барқарор намудани унвонҳои илмӣ” мутобиқат намекарданд.
Дар байни онҳое, ки дархосташон барои гирифтани унвони илмӣ аз ҷониби КОА-и Тоҷикистон рад карда шуд, исми вакили ҳозираи парлумон аз ҳавзаи Данғара Лутфия Абдухолиқзода, ки дар гузашта ректори Академияи идоракунии зади президент ва сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафизода, овозхонҳо Хурсандмурод Зарипов, Ҳаётхон (Ҳаётой) Муминова, котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон Наргис Раҳмонова низ ҳастанд.
Корманди Вазорати маориф ва илм Абдусамад Муллоев, ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Салим Каримзода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Дилбар Самадова ва чанде аз деканҳои факултаву мудирони кафедраву устодони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон низ шомили ин рӯйхат шудаанд.