Ҷазои ҷиноятӣ барои “лайк” бекор карда шуд

Дар Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани лайк ё дигар аломат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор карда шуд.

Тавре Хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14-уми май ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” имзо гузошт.

Ҳамчунин, бо имзои президент Қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” қабул гардид. Гуфта мешавад, ин қонун ба дастгирӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона гардидааст.

Ба иттилои манбаъ қонунҳои мазкурро Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот нашр мешавад.

Skip to toolbar