Қазоқистон низ мустақилияти Донетск ва Луганскро эътироф накард

Мавқеъи Тоҷикистон дар ин масъла то ҳол норӯшан аст.


Вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ

Муовини якуми роҳбари дастгоҳи президент ва вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ рӯзи 5 апрел пас аз ҷаласаи ҳукумат ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки Қазоқистон сохторҳои ҷудоихоҳ дар шарқи Украинаро эътироф намекунад, менависад сомонаи қазоқии Власт.

Вазир гуфтааст, ки намехоҳанд, ки таҳримҳои Ғарб ба иқтисоди Қазоқистон низ таъсири мафӣ расонад, аз ин рӯ мустақилияти Донбассро эътироф намекунад.

“Дар ҳоли ҳозир  “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва “Ҷумҳурии мардумии Донетск”-ро эътироф намекунем. Ҳама таҳримҳо аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия нигаронида шудаанд, мо ба ин таҳримҳо ҳамроҳ шудани нестем”, – гуфтааст вазир.

Муовини якуми роҳбари дастгоҳи президенти Қазоқистон Тимур Сулаймонов гуфтааст, ки Қазоқистон тамомияти арзии Украинаро эҳтиром мекунад ва ният дорад, ки қарорҳои СММ дар масъалаи қаламравҳои Қрим ва Донбассро риоя кунад.

“Албатта, Русия мехоҳад, ки мо бештар дар паҳлӯи ӯ бошем. Аммо Қазоқистон ба тамомияти арзии Украина эҳтиром мегузорад. Мо на вазъ бо Қрим ва на вазъ бо Донбассро эътироф накардаем ва эътироф намекунем, зеро СММ онҳоро эътироф намекунад. Мо танҳо он қарорҳоеро иҷро хоҳем кард, ки дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд”, – гуфтааст Темур Сулаймонов

Чанде пеш Ӯбекистон низ мавқеъи худро оид ба мустақилияти Донбасс эълон карда буд. Вазири умури хориҷии ин кишвар гуфта буд, ки  Ӯзбекистон ҷонибдори ҳалли низоъ бо роҳи дипломатӣ аст.

“Мо Донетск ва Луганскро ҳамчун ҷумҳуриҳои ҷудогона эътироф намекунем”, – гуфта буд вазири ВКХ – и Ӯзбекистон.

Ӯ гуфта буд, ки кишвараш дар таърих бо Русия ва Украина равобити гуногунҷанба дорад ва аз ин рӯ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҳар ду кишвар идома дода, ба Киев кумакҳои башардӯстона мерасонад.