fbpx

Автобуси масири Душанбе-Тирмиз рӯзҳои ҷумъа ба роҳ мебарояд


0

ВАО. Шоҳида Маҳмадҷонова ҳамкориашро бо “Гуруҳи 24 эътироф кардааст

Таҳқиқи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба анҷом расида, тафтишот ӯро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор донистааст. Наздиконаш ва масъулони “Гуруҳи 24” дар хориҷа айбномаи мақомотро рад кардаанд.

Боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова дар оғози моҳи феврали имсол вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Бисёриҳо бар инанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ба сабаби баромадҳои тезутунди писараш ҳадаф қарор гирифтааст.

Парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст. Эҳтимол меравад нахустин баррасии он рӯзи 7-уми апрел баргузор шавад. Мақомот на дар ин бора ва на дар бораи ҷузъиёти айбнома маълумот намедиҳанд.

Вале манбаъҳои огоҳ аз парванда бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҷараёни тафтишот айбномаро пазируфтааст. Яъне эътироф кардааст, ки бо созмони мамнуи “Гуруҳи 24” ҳамкорӣ доштааст.

Далели чунин ҳамкорӣ гӯё аз телефони дастии ӯ дарёфт шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ин телефон, ба гуфтаи наздиконаш, чанд моҳ дар дасти корманди умури дохилӣ буд. Маҳмадҷонова 3-юми феврал барои гирифтани телефони худ даъват ва он ҷо ба ҳабс гирифта шуд.

Ин ҳам маълум нест, ки эътирофи Маҳмадҷонова таҳти чӣ шароите сурат гирифтааст. Пештар писари ӯ блогер Шерзод эълом дошта буд, ки мақомот озодии модарашро дар ивази боздошти ӯ ваъда кардаанд. Мақомот ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Парванда ба Шоҳида Маҳмадҷонова аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Абдураҳмон 09 фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард. Вай рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти ду моҳ аз боздошти модараш, то ҳол пайвандон ӯро надидаанд. Ин ҳам рӯшан нест, то куҷо Шоҳида Маҳмадҷонова аз хидмати ҳуқуқшиносон бархӯрдор буд. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон боздошти ӯро роҳи фишор ба дигарандешон номиданд. Мақомот чунин арзёбиро ҳамеша рад кардаанд.

Автобуси масири Душанбе-Тирмиз рӯзҳои ҷумъа ба роҳ мебарояд

Автобус бо хатсайри аввал ба Тирмиз рӯзи ҷумъа, 8 апрел соати 10:00 раҳсипор мегардад.

Ба гуфтаи як корманди ширкат, билети автобус то Тирмиз 80 сомонӣ нарх дошта, масофаи роҳ 251 км ва дар роҳ 5,5 соат вақт сарф мешавад.

Аз Душанбе то Деҳнав бо ҳамин автобус 55 сомонӣ нарх муқаррар шуда, масофаи роҳ 107 км ва вақт дар роҳ 2,5 соатро дар бар мегирад. Алҳол дар як ҳафта 1 хатсайр рӯзҳои ҷумъа пешбинӣ шудааст.

Автобус бегоҳӣ ба Тирмиз расида, бо хатсайри бозгашт ба Душанбе соати 10:00-и субҳи рӯзи дигар ба роҳ мебарояд.

Барои харидани билет шаҳрвандон шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зидди COVID-19-ро бояд бо худ дошта бошанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал ва пайдо шудани саволҳо метавонед бо рақами телефони 1616 муроҷиат кунед.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 низ хатсайри автобуси Душанбе-Тирмиз роҳандозӣ шуда, лекин аз лиҳози иқтисодӣ натиҷаҳои дилхоҳ надод, аз ин рӯ, бинобар сабаби зиёновар буданаш, хатсайр баста шуд.

Русия масъалаи иваз кардани сабзавоту меваи Ғарбро ба маҳсулоти Тоҷикистон баррасӣ мекунад

Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин изҳор доштааст, ки сабзавоту меваеро, ки воридоташон аз кишварҳои Ғарб қатъ мешавад, ба ҳамин гуна маҳсулот аз Тоҷикистон иваз кардан мумкин аст.

Тавре ки дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Русия хабар медиҳад, ин нуктаро Катирин рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баён доштааст.

“Мушкилоти аслӣ дар рушди равобити тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон душвориҳо дар логистика ва ҳамлу нақли молу маҳсулот боқӣ мемонад. Мо бояд аз шароити нав фаъолона истифода бурда, доираи васеи соҳибкоронро ҷалб кунем”, – иброз доштааст вай.

Катирин пешниҳод намудааст, ки барои намояндагони тиҷорат як пул (тамос)-и видеоӣ ташкил карда шавад, то ки онҳо саривақт мушкилоти ҷойдоштаашонро ҳаллу фасл кунанд.

Сафири Тоҷикистон зикр кардааст, ки байни давлатҳо дар соҳаи кишоварзӣ имконоти зиёд мавҷуд аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки айни замон дар Тоҷикистон ба рушди саноат ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

“Русия ва Тоҷикистон ҳамчун шарикони стратегӣ бояд масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодиро таҳия кунанд”, – илова намудааст сафир.

Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик таҷҳизоту мошин тақдим кард

Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 31 марти соли ҷорӣ ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмӯаҳои қисмҳои эҳтиётии Ҷип J8 ҳадя кард, то ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳояш кумак кунад.

Радиоҳо ва мошинҳо, ки 1,1 млн доллар арзиш доранд, имкон медиҳанд, ки нерӯҳои марзбонӣ дар шароити маҳдуди минтақаи наздимарзӣ ҳаракат ва муошират кунанд. Маҷмӯи қисмҳои ҷип, коргоҳи нигоҳдорӣ ва омӯзиш, марбут ба он, 1,85 млн доллар арзиш дорад ва ба марзбонон дар таъмини назорати доимӣ ва муассири сарҳад кӯмак хоҳанд кард.

Қаблан, моҳи ноябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба марзбонон 18 адад мошини Ҷип J8 ба маблағи 1,4 млн доллар тақдим карда буд ва ин коргоҳу бастаи қисмҳои эҳтиётӣ кафолат медиҳад, ки марзбонон метавонанд ин мошинҳоро солҳои тӯлонӣ дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд.

Дар маросими супоридани таҷҳизот ва мошинҳо Кордори муваққатии ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Бридҷит Уокер ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Одилҷон Носирзода ширкат варзиданд.

Кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон, хонум Уокер дар маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард: “Дар тӯли 20 соли охир мо бо Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо таҳдиди терроризм, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва экстремизми зӯроварӣ ҳамкорӣ кардем.  Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумаки ба соҳаи амният, ҷудо кардем, ки дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида мешавад. Вақте ки мо барои таҳкими амнияти минтақавӣ якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. Якҷоя мо барои ояндаи дурахшон кор хоҳем кард”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend