Аз забони қаҳрамон: Чӣ хел ҷавони назарногири тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд

Асрор Воҳидов муштзани номии тоҷик барои бо парчами Тоҷикистон ба майдон баромадан  аз 30%-и мукофотпулии рақобатҳояш даст кашидааст. Your.tj  ин навбат аз зиндагӣ ва бурду бохти қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ қисса мекунад.

Тоҷикбачаи қаҳрамон кист?

Асрор Воҳидов муштзани касбии тоҷик зодаи шаҳри Исфара буда, 25 сол дорад. Ӯ пас аз хатми мактаб бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, онро бо ихтисоси “Тарбияи ҷисмонӣ” хатм мекунад. Аз синни 10-солагӣ инҷониб ба муштзанӣ машғул аст. Меҳри муштзанӣ ҳанӯз замони тамошои бозиву тамринҳои амакбачааш Фаррух Охунов, ки боксёр буд пайдо шудааст. Фаррух 5 карат қаҳрамони ҷумҳурӣ ва Осиё мебошад. Асрор нозукиҳои муштзаниро аз устоди худ Додобек Фатҳуллоев омӯхтааст.

Асрор Воҳидов ҳамроҳи устодаш Додобек Фатҳуллоев – 2011

Даст кашдидан аз мукофотпулӣ барои номи Ватан

Пас аз рӯй овардан ба бокси касбӣ Асрор маҷбур мешавад, ки аз Федератсия  бокси касбии Русия литсензияи фаъолият бигирад, чун дар Тоҷикистон ин гуна федератсия амал намекунад. Аз ин сабаб ӯ дар мусобиқаҳо аз номи Русия баромад мекунад.  Барои бо парчами Тоҷикистон баромад кардан, варзишгар бо намояндагони федератсия гуфтушунид мекунад ва танҳо бо шарти рӯй гардонидан аз 30% – и мукофотпулиаш ба ӯ инро иҷозат медиҳанд.

Асрор бо Муҳаммадхӯҷа Ёқубов

“Ман дар навбати аввал номи миллатамро баланд бардоштан мехоҳам, маблағу мукофот бароям дувумин дараҷаанд. Аз ин рӯ бо намояндагони Федератсияи бокси касбии Русия гуфтушунид кардем, то ман бо парчами кишварам ба майдон бароям. Онҳо шарт гузоштан, ки ин имконро замоне медиҳанд, ки ман аз 30 фоизи гонорар даст кашам. Бидуни фикр кардан ва савдо ба ин кор розӣ шудам”, – бо ифтихор мегӯяд варзишгар.

Аввалин шаҳди ғалаба

Асрор бори аввал дар синни 10- солагӣ дар мусобиқаи шаҳри то вазни 23 кг, ки дар шаҳраки Шӯроб баргузор шуда буд дастболо шудааст. Баъд аз он назди худ мақсад мегузорад, ки оянда дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ дастболо хоҳад гардид.

“Пас аз ғалаба дар шаҳраки Шӯроб дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба баландтарин қуллаи бокс хоҳам расид ва Тоҷикистону худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳам кард. Бо ин мақсад ва ниятҳо доимо тамрин мекардам ва гуфтаҳои устодамро иҷро мекардам. Натиҷаи кӯшишу заҳматҳои зиёд буд, ки дар озмуни шаҳрӣ, вилоятӣ ва баъдан ҷумҳуриявӣ дастболо шуда роҳхат ба ҷоми қаҳрамонии ҷаҳонро соҳиб гардидам”,- мегӯяд Асрор.

Ҳангоми рақобат барои камарбанди WBO Oriental

Ҷоми ҷаҳон ва ғалабаи ҷавони назарногир

Моҳи июни соли 2011 Асрор ҳамроҳи устодаш Додобек Фатҳуллоев, ки ӯро аз хурдӣ тарбият кардааст ба шаҳри Остонаи Қазоқистон барои иштирок дар Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон сафар карданд. Он замон касе бовар надошт, ки як ҷавони миёнақади назарногир аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа  унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб мешавад.

“Вақте мо ба Остона омадем, ҳама ба мо назарбаландона нигоҳ мекарданд, аниқтараш бо тамасхур, шояд бо худ мегуфтанд, ин писарак ҷоми ҷаҳонро бозича шуморидааст?! Нигоҳи тамасхуромези одамон ба рӯҳияи ман таъсир мерасонд. Фикр мекардам, ки кори нодуруст кардаам, ки ба ин ҷо омадаам. Ростӣ дигар умед ҳам надоштам, ки унвони қаҳрамониро соҳиб мешавам”,- мегӯяд Асрор.

 

Асрор нахуст бо ҳарифи австралиягӣ рақобат карда ғолиб омад. Пас бо ҳарифони арманӣ, ҳинду, украинӣ ва русиягӣ  низ дастболо шуд. Ӯ пас аз дастболо шудан ба рақиби ҳиндугии худ, боварӣ ҳосил мекунад, ки дар ин мусобиқа ҳатман ғолиб мешавад.

“Муҳорибаи сеюми худро дар Чемпионати ҷаҳон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, чун то ҳол ӯ бароям аз ҳама рақиби пуртаҷриба ва боқувват боқӣ мондааст. Муҳориба дар он хеле тезу тунд сурат гирифт. Қисмати аввалиро бурдам, дуввумиро бошад бохтам ва дар сеюм боз дастболо шудам.  Дар ин рақобат ман дар худ тарсро эҳсос кардам, яъне тарс аз бохт, ки мабодо бозиро набозам. Баъд аз ғалаба дар худ эҳсос кардам, ки баррандаи қаҳрамони ҷаҳон мешавам”,- бо як эҳсости аҷиб нақл кард Асрор.

Асрорро худи ҳамон сол пас аз унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуданаш, беҳтарин муштзани ҷаҳон миёни наврасон эътироф карданд. Қаҳрамони мо мегӯяд наметавонад эҳсосоти лаҳзаи қаҳрамони ҷаҳон шуданашро баён кунад, чун онро бо сухан иброз кардан намешавад.

Асрор ҳангоми зарба задан бо дасти рост

“Ин эҳсостро бо сухан баён карда намешавад. Вақте мебинӣ суруди миллиат садо медиҳад, парчамат боло мешавад, як эҳсосоти наҷибе туро фаро мегирад. Гӯё болу пар бароварда дар осмонҳо парвоз мекунӣ, ин эҳсосро бояд ҳар як варзишгар аз худ гузаронад, чун тамоми лаззати варзишкорӣ дар ҳамин лаҳза аст. Барои сазовор шудан ба ин гуна эҳсос, бояд шахс меҳнат кунад ва қаҳрамони ҷаҳон гардад”, – мегӯяд Асрор.

Ҳавобаландӣ ва шикаст

Пас аз қаҳрамон ва муштзани беҳтарини ҷаҳон эътироф шудан ва вохӯрӣ бо намояндагони воломақоми кишвар Асрор каме аз тамрин дур мешавад ва бештар бо дӯстонаш, ки шумораашон рӯз то рӯз меафзуд ба айшу ишрат рӯй меорад. Ӯ баъдан мефаҳмад, ки кори кардааш хато будааст.

Асрор соҳиби камарбанди WBO Oriental

“Вақте инсон ба қуллаҳои баланди корӣ ноил мегардад, худро каме гум мекунад. Ба тамринҳо беаҳмиятӣ кардам ва бо дӯсту рафиқонам пайваста дар сайру гашту айшу ишрат будем. Вақте ду-се маротиба муборизаҳоямро бохтам муносибати дӯстонам бо ман ба таври куллӣ тағйир ёфт. Қисми зиёди онҳо аз ман рӯй гардониданд. Дӯсти аз ҳама содиқ барои инсон ин падару модар мебошанд. Худоро шукр, ки Худованд ба ман чунин имтиҳонро дод ва дар шинохти дӯстон кӯмакам кард”,- шукргузорана мегӯяд Асрор.

Танаффуси начандон тӯлонӣ

Асрор пас аз ноомадҳои пайи ҳам руҳан каме шикаста шуд. Ба қароре омад, то каме истироҳат кунад ва баъдан баргардад. Рӯҳияи ӯро на бохтҳои пайдарҳам, балки сухани мардум шикастааст, ки мегуфтанд, “акнун давраи Асрор гузаштааст”. Ин суханҳо ба варзишгар таъсир мерасонанд ва ӯ тӯли якчанд сол истироҳат мекунад.

Асрор бо Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва менеҷери худ

“Ҳар шахс бояд ба худ бовар кунад ва ба сухани дигарон гӯш надиҳад. Агар шахс мақсад дошта бошад ва аз таҳти дил ба он ҳаракат кунад ҳатман ба мақсадаш ноил мешавад.  Баъд аз суханҳои нешдори мардум ман ба худ омадам ва гуфтам, ки бояд бори дигар ба онҳо нишон диҳам, ки давраи асрор Асрор ҳоло нагузаштааст. Баъдан фаҳмидам, ки варзишгар набояд рӯҳафтода шавад”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.

Бозгашт ба бокси профессионалӣ

Пас аз танаффуси начандон тӯлонӣ Асрорро дӯстон ва падару модар водор мекунанд, то ӯ ба бокс баргардад. Ӯ соли 2017 бармегардад ва пас аз як соли тамрин аввалин рақобати худро дар бокси профессионалӣ бо рақиби ӯзбекистонӣ баргузор карда, дар он дастболо мешавад. Асрор пас аз ин то соли 2021 дар бокси ҳирфаӣ 9 рақобат гузаронида, аз ҷумла дар панҷтоаш бо нокаут пирӯз шуда, то ҳол шикастнопазир боқӣ мондааст.

Ӯ дар муҳорибаи охирини худ, ки 23-юми январ дар шаҳри Екатеринбурги Русия бар Тато Бонокоане аз Африқои Ҷанубӣ пеш аз муҳлат пирӯз шуда, соҳиби унвони ғолиби WBO Oriental гардид. Асрор пас аз ин рақобат  ба нимфинали Гран-прии WBO, ки аз ҷониби RCC Boxing Promotions баргузор шудааст, роҳ ёфт.

Се моҳи тамрин барои як рақобат

Асрор се моҳ пеш аз ҳар як рақобати худ ба тамрин шурӯъ мекунад. Ӯ дар муддати тайёрӣ аз се намуди тамрин истифода мекунад: Давидан, омодагии ҷисмонӣ ва спарринг

“Дар қисмати аввал мо ҳамарӯза дар шаҳр ё куҳҳо то 2 соат медавем. Баъдан ба омодагии ҷисмонӣ ва дар қисмати сеюм ба спарринг машғул мешавем. Лекин аз ҳама душвортарин барои варзишгар – вазнкашӣ мебошад, ки барои он хеле азоб мекашӣ. Аз 15 то 20 рӯз. Хӯроки ҳамарӯзаат танҳо салат ва об мешавад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Пас аз вазнкашӣ варзишгарон як шабонарӯз вақт доранд, то барқарор шаванд. Баъзе варзишгарон барои барқароршавӣ аз доручакконӣ ва баъзеи дигар аз усулҳои бобоӣ истифода мекунанд. Асрор бошад аз зардолуоб истифода мекунад,чи тавре ки худи ӯ мегӯяд он барояш хеле фоидаовар аст.

Асрор бо тими худ ва рақибаш

Модарам вақти рақобатҳоям намоз мехонад

Модари Асрор то ҳол ягон рақобати фарзандашро ба таври мустақим тамошо накардааст. Ӯ вақти рақобати фарзандаш дар як ҳуҷра нишаста ба намозу рӯза машғул мешавад. Асрор пас аз ҳар рақобат аввалин шуда ба модараш занг мезанад, то каме ҳам бошад ӯро ором намояд.

“Ягон модар наметавонад, мушт хӯрдани фарзандашро тамошо кунад, танҳо ҳамон вақте мебинад, ки рақобат тамом мешавад. Модарам вақти рақобатҳои ман ба ҳуҷраи дигар мегузаранд ва ҳамеша намоз мехонанду дуо мекунанд, ки ман сиҳату саломат бозиро ба анҷом расонам. Пеш аз оғози ҳар як бозӣ аз падар дуо мегирам. Баъд аз бозӣ шахсе, ки ман аввал занг мезанам модарам аст”, – мегӯяд Асрор

Асрор мақсад дорад, ки бори дигар унвони қаҳрамони ҷаҳон дар боксро ба Тоҷикистон биёрад. Барои ба қаҳрамонии ҷаҳон ноил шудан Асрор ду рақобати дигар дорад, ки яке моҳи май ва дигаре фасли тирамоҳ баргузор мешавад.

Асрор мегӯяд, ки варзишгарон доимо ҳаракат кунанд ва пойбанди истеъдоди хеш набошанд. “Баъзеҳо мегӯянд, ки истеъдод дорам, дигар бароям чизе муҳим нест. Не! Онҳо хато мекунанд! Муваффақият 1 фоиз аз талант ва 99 фоизи дигар аз ҳаракат вобаста аст”.

Skip to toolbar