fbpx

Аз Теҳрон то Душанбе. Қиссаи бонуи эроние, ки ба занони тоҷик машқ ёд медиҳад

Судобе ягона бонуи эронист, ки дар Душанбе тренери рақами аввал дар фитнес дониста шуд.


0
Судобе Ҷамшидӣ. Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Судобе Ҷамшидӣ (Sudi Jamshidi), мураббии фитнес аз Эрон, бо фаъолияти худ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фитнес дар Тоҷикистон байни бонувон маҳбубият пайдо кардааст. Вай зиёда аз 10 сол аст, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва пайваста талош мекунад сафи заноне, ки ба варзиш машғул мешаванд бештар гардад.

Судобе ба Your.tj дар бораи муваффақиятҳои варзишӣ ва зиндагӣ дар Душанбе нақл кард.

“Рақами як дар Душанбе”

Судобе дар соли 2024 ман дар байни 38 мурабии варзиш дар Душанбе дар ҷойи аввал қарор гирифт.

“Ҳеҷ гоҳ намедонистам, ки мардуми Душанбе манро ҷузъе аз беҳтаринҳо ҳисоб мекунанд. Вақте ки ман дар назарпурсии онлайни “Instagram” дидам, ки дар ҷойи аввал қарор гирифтаам, дар ҳайрат мондам”,- мегӯяд Судобе.

Ҳарчанд Судобе бовар дорад, ки мураббии хуби фитнеси бадансозӣ миёни занон аст, қадр шудани ҳунар ва талошҳояш аз ҷониби мардуми Душанбе барои ӯ арзиши хоса дорад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Sudi Jamshidi (@sudi.fitbody)

Варзиш ва рушди профессионалӣ

Судобе дар Эрон таваллуд шуда, фаъолияти варзишиашро дар ҳамин давлат оғоз кардааст. Дар давраи мактабӣ нахуст ба дастаи ҳендбол пайваст ва баъдан бо бадансозӣ, гимнастика, валейбол, ҳип-хоп, зумбо ва рақс машғул шуд.

“Дар баробари ин намудҳо ман ба фитнес ҳам машғул мешудам. Чун ба қаду басти худ бисёр аҳамият медодам ва маҳз фитнес баданро қавию зебо месозад”,- нақл мекунад Судобе

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Sudi Jamshidi (@sudi.fitbody)

Ҷаҳони фитнес ва таълим

Судобе фаъолияташро дар Тоҷикистон аз бадансозӣ оғоз карда, дар баробари он ба як гурӯҳи рақсӣ низ аъзо шуд. Ӯ мегӯяд, аз хурдӣ ба рақс таваҷҷӯҳ дошт ва натавонист аз баҳри он барояд.

“Дар ёдам ҳаст, ки ҳамроҳи ин гурӯҳи рақсӣ дар як мусобиқа иштирок карда, рӯйи саҳна баромадем. Рақси мо писанди тамошобинон гардид ва соҳиби ҷойи дуюм шудем”,- ба хотир овард ӯ.

Судобе мегӯяд, бо вуҷуди ин, замоне дарк кард, ки ӯ наметавонад дар як вақт дар ду самт пешрафт кунад. Аз ин рӯ, бадансозиро интихоб карда, рақсро ҳамчун “хобби” идома дод.

Қаҳрамони мо шаш сол дар ин самт фаъолият кардааст. Судобе мегӯяд, давоми ин муддат ӯ танҳо ба дарсу тамринҳои курсҳои омӯзишӣ қаноат накарда, мустақилона низ ба бадансозӣ машғул шудааст.

“Дар гурӯҳи ҳафтнафараи мо 6 нафар мард буд. Бояд гӯям, ки ин ришта барои занони тоҷик он замон бегона буд. Баъд аз супоридани имтиҳон, устоди ман Олим Парпиев бисёр сухани хубе гуфта буд: “Судобе, ман аниқ медонам, ки ту аз ин ҷо хом меравӣ вале аз зиёд нафарон бештар медонӣ”.

Он вақт маънои ин суханро нафаҳмидам вале имрӯз хуб дарк мекунам. Ҳоло худро дар ягон ҷо муррабӣ муаррифӣ накардаам, зеро медонам бо он ҳама пухтагӣ ман ҳанӯз хомам”,- афзуд бонуи варзишдӯст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Wellness at Tcell Dushanbe (@wellness.at.tcell)

Судобе бар он назар аст, ки барои рушд, пайваста ба омӯзиш машғул гардидан зарур аст. Имрӯз ӯро зиёд нафарон мешиносанду ҳатто барои табобати варзишӣ низ ба наздаш мераванд.

Муштариёнаш на танҳо аз Тоҷикистону Эрон, балки аз Амрико то Аврупову кишварҳои Осиёӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд, то бо машварат ва таҷрибаи ӯ мушкилиҳои саломатии худро ҳал намоянд.

Инчунин, Судобе рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар “American Space Душанбе” машғулиятҳои варзишии ройгонро ба роҳ мондааст. Шахсоне, ки вазъи молияшон хуб нест, метавонанд аз ин имконият истифода кунанд.

“Варзиши ҷавонӣ – асои замони пиронсолист”

Қаҳрамони мо мегӯяд, хеле хурсанд аст, ки ба мардум на танҳо машқ ва солимсозии баданро омӯзонидааст, балки инчунин фикрронии бархе аз занону духтаронро дар бораи ин намуди варзиш дигаргун сохтааст.

“Ман ҳамеша кӯшиш кардам, то ба занону духтарони тоҷик омӯзонам, ки метавонанд бисёр қавӣ бошанд. Толори варзишӣ имкон медиҳад то бо мушкилоти рӯҳиву равониатон мубориза баред.

Ман кӯши кардам ба бонувон фаҳмонам, ки дар ҳаёт вазифаашон танҳо шустану рӯфтан нест. Варзиш мушакҳои онҳоро қуваттнок месозад ва ин мушакҳо асои пирии онҳо мешаванд”,- шарҳ дод Судобе.

Ӯ мегӯяд, фитнес барои занон на танҳо барои нигоҳ доштани зебоии бадан зарур аст, балки воситаи беҳбуд бахшидани саломатӣ ва рӯҳияи хуш аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Sudi Jamshidi (@sudi.fitbody)

Машқҳои мунтазам метаболизмро фаъол мекунад, мушакҳоро мустаҳкам месозад ва боиси пешгирии бемориҳои гуногун, аз ҷумла остеопороз ва бемориҳои қалб мегардад.

Ҳамзамон, фитнес кӯмак мекунад, ки сатҳи стресс паст шавад ва энергияи бештар барои кору рӯзгор ба даст ояд. Бо сармоягузорӣ ба саломатии худ, ҳар як зан метавонад ба зиндагии фаъолу пурмазмун даст ёбад.

“Дар ёд дорам, вақте як муштариам ба наздам бо шикоят дарди миён омад. Ӯ пайваста барои беҳтар шудан табобат мегирифт вале фоида намекард. Ба ӯ тавсия додам, ки истифодаи дору ва сӯзандоруро бас кунад. Ҳамин тавр, дар шаш моҳ танҳо бо варзиш комилан сиҳат ёфт”,- қисса мекунад Судобе.

Чаро интихоби Судобе Тоҷикистон буд?

Дар соли 2014 Судобе ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳри Душанбе омад. Шавҳараш муҳандис аст ва ба ихтисоси дар ин ҷо ниёз ҳаст. Онҳо Тоҷикистонро барои зиндагӣ интихоб кардаанд.

Худи Судобе низ ҳоло дар мактаби байналмилии “QSI International” ба ҳайси муалимаи варзиш, кӯдакони аз 3 то 10-соларо дарс медиҳад.

“Ин мактаби байналмилалӣ дар 38 кишвар филиали худро дорад, ки ман танҳо омӯзгори эронии он ҳастам. Аз ин хеле ифтихор дорам”,- мегӯяд Судобе.

Ин бонуи варзишгар бар он ақидааст, ки Тоҷикистон ва Эрон на танҳо ҳамзабон балки ёру бародар ҳастанд. Мардуми Эрон ҳеҷ гоҳ худро аз тоҷикон дур нагирифтаанд.

Судобе мегӯяд, бисёре аз дӯстонаш вақте ба Душанбе меоянд, ҳатман боғи “Куруши Кабир”-ро тамошо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, чун фарҳанги ду кишвар як аст, эрониёне, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, зуд-зуд ба тамошои Тоҷикистон меоянд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Sudi Jamshidi (@sudi.fitbody)

“Шояд баъзеҳо имкони сафар ба Эронро надоранд, аммо аз он ҷо ки Тоҷикистон кишвари дорои решаҳои ориёист, онҳо ба ин ҷо меоянд.

Сабаби асосие, ки метавонам гӯям чаро Душанберо дӯст медорам ин аст, ки дар ин ҷо Наврӯзу Меҳргонро бисёр бо шукӯҳ ҷашн мегиранд”,- изҳор дошт Судобе.

Чизи дигаре ки дар Душанбе ин бонуи эрониро ба худ ҷалб кардааст, ин дар гӯшаю канорҳои шаҳр гузоштани лавҳаҳо аз эҷодиёти бузургони форсу тоҷик мебошад.

Судобе мегӯяд, пеш аз сафар ба Тоҷикистон ҳеҷ интизор набуд, ки ин кишвар то ин сатҳ пешрафта аст.

“Дар ин кишвар ҳар чиз қонунҳои хосси худро дорад. Кӯдакон то 18-солагӣ ҳаққи интихоби динро надоранд. Дар ин ҷо занҳо озоданд. Дар Тоҷикистон ба дин арзиш мегузоранд, вале онро аз давлат ҷудо медонанд”,- мегӯяд Судобе.

Ба қадри доштаҳо бояд расид

Қаҳрамони мо мегӯяд, дар Тоҷикистон ба нақши занон дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аммо бисёре аз занони тоҷик арзиши ин доштаҳояшонро намедонанд. Онҳо аз доштаҳои худ истифода намебаранд.

“Масалан, як сарояндаи маъруф аз хориҷа ба Душанбе даъват карда мешавад ва бо нархи дастрас ба мардум консерт пешниҳод мекунад, вале баъзе аз духтарони тоҷик ба он консерт намераванд. Ё агар раванд ҳам, гарчанде дилашон мехоҳад, аммо рақсу хурсандӣ намекунанд, хомӯш меистанд”,- изҳори ҳайрат кард ӯ.

С.У.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend