Аксар вақт одамони гирду атрофамон шикоят мекунанд: “Пас аз зуком / ковид сулфа чӣ қадар давом мекарда бошад, дигар мадору қуввати бардошти онро надорам”. Ҳолати шинос? Якчанд тавсияҳоеро пешкаш менамоем, ки аз модаркалонҳои тоҷик ба мо омада расидааст.
Сулфаи шумо чӣ қадар давом мекунад?
Пеш аз ҳама, дар бораи худи сулфа. Сулфаҳои шадиде ҳастанд, ки то се ҳафта давом мекунанд, сулфаи аз он шадидтар то ҳашт ҳафта ва сулфаи музмин, беш аз ҳашт ҳафта давом мекунад.
Дар давраи пас аз ковид, сулфа метавонад то шаш моҳ идома ёбад ва ба зиндагии беморон ба таври назаррас таъсир расонад.
Тавсияи № 1
Як қошуқ равғани гӯсфандро дар табақ дар болои оташдон гарм кунед. Як қошуқ ҷурғоти хонагиро ба он илова намуда, омехта кунед. Ҳарчанд аз ин омехтагӣ як моддаи ғайриодӣ ҳосил мешавад, вале шумо, хавотир нашавед.
Пас аз каме хунук шудан, омехтаро гарм бо чойи гарм истеъмол кунед. Тавсия дода мешавад, ки муолиҷаро пеш аз хоб пас аз ваннаи хардали (горчитса) пой анҷом диҳед ва худро хуб печонед.
Аз рӯи гуфтаи бибиҳои тоҷик субҳ шумо аллакай “мисли асп” бардам хоҳед буд.
Тавсияи № 2
Шаб пӯсти турбро тоза намуда, дар миёнааш сӯрох карда, ба он як қошуқ асал резед. Субҳ метавонед афшураи ҳосилшударо бинӯшед.
Шарбатро дар як рӯз 3 маротиба чанд дақиқа пеш аз хӯрок (барои калонсолон 1 қошуқи калон, барои кӯдакон 1 қошуқча) истеъмол кардан лозим аст.
Шаби дигар низ муолиҷаро ба ҳамин тартиб такрор кунед.
Турби дигарро барои омода кардани афшурдаи зидди сулфа бояд пас аз 3 рӯз гирифт. Кӯдакон одатан чунин асалро хеле дӯст медоранд ва онро бо завқ менӯшанд.
Тавсияи № 3
Ин усули табобат бо бехпиёз анҷом дода мешавад. Як пиёзаки сурхро гирифта, онро дар равғани барра ё равғани зард бо иловаи асал хуб бирён кунед.
Тавсия дода мешавад, ки омехтаи ҳосилшударо пеш аз хоб истеъмол намоед.
Усули дуюм: ширро ҷӯшонида, ба он пиёз реза карда, 5 дақиқа дар оташ нигоҳ доред.
Сипас ба омехта як қошуқи асал илова кунед. Субҳ ва шом бинӯшед.
Тавсияи № 4
Ба зарфи чукури болои оташдон як стакан об рехта, ба он ним стакан бодоми талхи пешакӣ резакарда ва як кошук равғанро ҳамроҳ карда, дар оташи паст ним соат ҷӯшонед.
Сипас онро аз дока гузаронида пеш аз хоб бинӯшед. Аз сабаби талх будани ин омехта истеъмол карданаш душвор аст, бинобар ин метавонед ба он каме шакар илова кунед. Аммо бе шакар истеъмол кардан беҳтар аст.
Тавсияи № 5
Барои аз сулфа халос шудан, ба гуфтаи бибиҳо мо пӯсти себ низ кӯмак мекунад.
Ду себро гирифта тоза карда, пӯсти онҳоро дар дохили зарф бо иловаи як стакан об, дар гармии миёна 15 дақиқа ҷӯшонед. Аз он ним стакан, ҳатто камтар шарбат ҳосил мешавад.
Тавсия дода мешавад, ки ин омехтаро дар як рӯз се бор дар ҳолати гармӣ, давоми 5 рӯз бинӯшед ва аз сулфа “халос мешавед”.
Тавсияи № 6
Барои ин ба шумо биҳӣ лозим аст. Мо меваҳоро бурида, тухмиҳои хурди сиёҳро ҷудо мекунем.
Онҳоро майда карда, ним стакан об рехта дар оташ мегузорем. Дар натиҷа омехтаи часпак ҳосил мешавад. Дар ҳолати гармияш нӯшед.
Тавсияи № 7
Дар блендер ё қаҳвакӯб тухми хушки харбузаро то ба хока табдил ёфтанаш майда кунед. Ба 100 грамм шири гарм 1 қошуқ аз ин хока илова кунед.
Дар як рӯз се маротиба – ба меъдаи холӣ, вақти саҳар ва як соат пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ва шом истеъмол кунед.
Ба гуфтаи шифокорон, тухми харбуза сулфаи кӯҳна, дарди қафаси сина, эҳсоси хушкии даҳону гулӯро дафъ мекунад, балғамро мулоим мекунад ва ташнагиро мешиканад.
Машварат кардан муҳим аст
Новобаста ба он ки сулфаро бо воситаҳои халқӣ табобат кардан мумкин аст, сабабҳои он аз мавҷудияти бемориҳои дигар, дарди гулӯ ва синну соли бемор низ вобаста аст.
Одамони солхӯрда, ки одатан як қатор бемориҳои зиёд доранд, бояд воситаҳои халқиро барои сулфаи хушк бо эҳтиёт истифода баранд.
Ба ҳар эҳтимол пеш аз табобат дар хона, лутфан ба духтур муроҷиат кунед.