Аз соли нав нархи сафар дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз қиммат мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Роҳи Душанбе Хуҷанд

Роҳи Душанбе-Хуҷанд

Шералӣ Мирзо дар бораи “облава” тафсилот надод

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон шикоятҳо аз идомаи “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артишро рад кард.

Сокинон ва созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, бо вуҷуди хатми мавсими даъват ба артиш дар рӯзи 30-уми ноябр тариқи зӯр ҷавонон ба артиш ҷалб шудаанд.

Шералӣ Мирзо рӯзи 22-юми декабр пас анҷоми ҷаласаи порлумонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо дар бораи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шикояте нарасидааст. Ӯ дар посух ба ин савол, ки пас чаро бо вуҷуди анҷоми нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш ҳанӯз шикоятҳо садо медиҳад, кутоҳ посух дод, ки “чунин нест.”

Вазири дифои Тоҷикистон аз тафсилоти бештар, аз ҷумла дар мавриди бар ивази маблағ озод шудани ҷавонон ба артиш, ки ин шабу рӯз бештар дар ин бора ҷавонон пурсон мешаванд, посух надод. Ӯ танҳо таъкид кард, ки дар мавриди даъват ҷавонон як барномаи алоҳидаи телевизионӣ таҳия ва пахш хоҳанд кард.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд. Мақомоти қирғиз аз тирпаронӣ хабар медиҳаду ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки дар марз тирпаронӣ будааст ё не.

Ба гуфти манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодиса баъд аз зӯҳри 22 декабр дар сарҳади миёни ҷамоати Овчӣ-Қалъача бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух додааст.

Манбаъ афзуда, ки намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъро дар ҷои ҳодиса меомӯзанд.

Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи КамАЗ айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Ширкати пулчинаки IRS нархи сафар дар роҳи Душанбе-Чаноқро боло бурд

Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), ки аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ягона роҳи пулакии Тоҷикистон – “Душанбе-Чаноқ” пул ҷамъ мекунад, хабар додааст, ки аз 1-уми январ таърифаҳои сафар дар ин роҳҳро боло мебарад.

IRS роҳкирои гузаштан аз як плазаро вобастаа ба тарозуҳо аз 2 то 19 сомонӣ боло бурдааст. Хабари боло бурдани таърифаҳоинав имрӯз, дар сомонаи расмии ширкат нашр шудааст.

Ҳоло бар асоси таърифаҳои нав ронандагони категорияи 1 – уми автомошинҳо барои аз Душанбе то Хуҷанд расидан 83 сомонӣ мепардозанд, ки қабл аз ин 55 сомонӣ буд. Ин таърифа нисбат ба арзиши қаблӣ 28 сомонӣ ё 51% бештар аст. Ин ширкат гуфтааст, ки рондагони ин категорӣ агар ҳаққи истифодаи роҳҳро ғайринақдӣ бипардозанд, назар ба пардохти нақди арзонтар буда, ҳамагӣ 69 сомонӣ мешавад.

Арзиши истифодаи роҳ барои ронандаҳои категорияи дувум ба 210 сомонӣ расидааст, ки то ин вақт 167 сомонӣ буд. Тафовути болоравии нарх 43 сомонӣ ё 25% аст. Арзиши пардохти ғайри нақдӣ дар ин бахш 196 сомонӣ мебошад.

Ширкат барои ронадагони категории сеюм таърифаҳоро то 476 сомонӣ боло бурдааст, ки онҳо то ин вақт ҳамагӣ 433 сомонӣ пардохт мекарданд. Дар ин бахш нарх 43 сомонӣ ё 9% гарон шудааст. Ҳаҷми пардохти ғайринақдӣ дар ин категорӣ 461 сомонӣ аст.

Бар асоси ин таърифаҳо арзиши истифодаи роҳ барои категорияи чоруми ронадаҳо 590 сомонӣ шуд, ки пештар 544 сомонӣ буд. Арзиши ғайринақдӣ 576 сомонӣ аст. Сатҳи гароншавӣ дар ин бахш 46 сомонӣ ё 8%-ро дар бар мегирад.

Ширкати IRS дар баробари масъулияти пулгирӣ, ҳамчунин масъулияти нигаҳдории ин роҳи “Душанбе-Чаноқ”-ро низ ба дӯш дорад.

Дафтари матбуоти ширкат навиштааст, ки “IRS ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат баҳри сари вақт таъмир намудани қисмҳо ва элементҳои корношоямшудаи роҳ ва амалӣ намудани дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳ, маблағи зиёд сарф намуда истодааст”.

Нақби “Истиқлол” шабона баста мешавад

Нақб ва ё тунели “Истиқлол” муваққатан аз соати 21 то 24-и шабона барои ҳаракати нақлиёт баста мешавад.

Ширкати IRS масъули нигоҳубни роҳи Душанбе-Чаноқ мегӯяд, ин маҳудидият аз бегоҳи дирӯз ба хотири анҷом додани корҳои таъмирӣ ва насби ҳавокашҳо дар дохили нақб роҳандозӣ шудааст.

Дақиқ нест, ки ин маҳдудият барои чанд рӯз пешбинӣ гардидааст. Қаблан эълон шуда буд, ки аз 20 -уми декабр ва дар муддати 10 рӯзи оянда, дар робита ба корҳои таъмирӣ, дар соатҳои рӯзона, яъне аз 9 то 13 рафтуомади мошинҳо тариқи нақб аз ду самт боздошта мешавад.

Тоҷикон бо шиносномаи дохилӣ метавонанд дар Туркия 90 рӯз ҳузур дошта бошанд

Ин муҳлати реҷаи бидуни раводид (виза) байни Туркия ва Тоҷикистон аз соли 2014 амал мекунад, хабар доданд  аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Сарраёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон маълумоти нодуруст мавҷуд аст, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон бо  шиносномаи шаҳрвандӣ метавонанд дар Туркия то 30 рӯз иқомат кунанд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ин иштибоҳро ислоҳ мекунанд.

Қаблан хабаргузории Yeni safak-и Туркия бо истинод ба вазири саноат ва технологияҳои ин кишваря Мустафо Варанк хабар дода буд, ки Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад. Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала корбарони “Азия-Плюс” бо саволҳо муроҷиат намуданд.

Зикр гардида буд, ки айни замон бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар он ҷо танҳо 30 рӯз ҳузур доштан мумкин аст.

Айни замон Тоҷикистон танҳо бо панҷ давлат – Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ реҷаи бемуҳлати раводид дорад.

Медали тиллои вазнабардори тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав

Варзишгари тоҷик Абдусаттор Сатторов дар мусобиқаи VII қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг (WRPF), ки рӯзҳои 16-19-уми декабр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Ин вазнабардори 24-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни 75 кило бо натиҷаи умумии 350 килограмм мақоми аввалро касб кард.

Ба иттилои хабаргузории Channel, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки бори ҳафтум сурат гирифт, ҳудуди 3 ҳазор варзишгар аз 31 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар яке аз толорҳои бузурги Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Маскав доир гардид.