Аз савганди Эмомалӣ Раҳмон то даргузашти рӯзноманигор: Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Гирифтории 38 нафар ба бемории коронавирус дар як шабонарӯз

Ба ҳолати шоми 30-уми октябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 нафар ба коронавирус мубтало шуда, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 10977 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 82 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10182 нафар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум савганд ёд кард

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон барои бори панҷум дар ҷаласаи муштаракаи палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард. Президенти Тоҷикистон баъди он ки ба ӯ нишонаҳои президентӣ супурда шуд, дар ин савгандаш гуфт:

“Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам. Ин истиқлолияти сиёсиву иктисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ содиқона хидмат менамоям”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар поёни ин савгандаш аз мардуми Тоҷикистон изҳори ташаккур кард, ки ӯро ба мақоми Президенти Тоҷикистон бори дигар интихорб кардаанд.

Тоҷикистон дар сафи 8 кишвари амнтари ҷаҳон

Маркази байнулмилалии омӯзиши афкори умуми Gallup дар як раддабандӣ Тоҷикистонро шомили феҳристи 8 кишвари амнтарини ҷаҳон кардааст, ки “шаҳрвандонаш худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд”.

Таҳқиқоти 2020 Global Law and Order 144 кишвар ва қаламрави саросари дунёро фаро гирифта, раддабандӣ (рейтинг) бар асоси назарпурсии соли 2019 гузаронида дар ин кишварҳо таҳия шудааст.

Ҳудуди 90%-и пурсидашудагон аз Тоҷикистон посух додаанд, ки худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд.

Сингапур (97%), Туркманистон (93%), Норвегия ва АМА (92%-ӣ) амнтарин кишварҳо арзёби шудаанд. Нишондиҳандаи Тоҷикистон дар сатҳи Чину Кувейт ва Словения (ҳамаашон 90-ӣ) қарор гирифтааст.

Тибқи ин нишондиҳанда Афғонистон (12%), Габон (28%), Венесуэла ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (29%-ӣ) ноамнтарин кишварҳо номбар шудаанд.

Даргузашти Маҳмудҷон Дадобоев рӯзноманигори варзида дар вилояти Суғд

Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз бунёдгузорони чандин шабакаи телевизиони мустақил дар шимолии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр дар синни 52 солагӣ, аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ дар манзили истиқоматияш, ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Маҳмудҷон Дадобоев аз соли 1993 то 1995 хабарнигори ТВ “Ҷаҳоноро”, 1996-1997 сармуҳаррири “ТВ-7” ва дар солҳои 1997-2003 роҳбарии “Ширкати телевизион ва радиошунавонии СМ-1” дар шаҳри Хуҷандро дар зимма дошт. Солҳои 2006-2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва солҳои 2007-2008 сармуҳаррири яке аз нахустин рӯзномаҳои мустақил дар шимолии Тоҷикистон бо ном “Суғд” буд. Аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кули шабакаи телевизион ва родиоӣ “Ҷаҳоноро” буд.

“Тоҷикистон ба мавҷи дуюми Covid-19 омода аст”

Эркин Раҳмонов пизишки бемориҳои сироятӣ, саринфексионисти Вазорати тандурустиии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки агар мавҷи дуюми коронавирус фаро расад ҳам, бахши тандурустии кишвар ба он омода аст.

“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, – хабар додааст сироятшинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Skip to toolbar