Истироҳати кӯдакони тоҷик

Аз ройгон то 4 ҳазор сомонӣ. Кӯдакони Душанбе дар куҷо истироҳат мекунанд

Ҳар тобистон кӯдакону наврасон барои саёҳат ба боғу гулгашт мебароянд ва бозиҳои гуногуни варзишиву интерактивӣ мекунанд. Имсол низ Сарраёсати маориф ва ширкатҳои хусуси лагерҳои кӯдаконаро барои истироҳат пешниҳод менамояд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки сар аз 12-уми июн, беш аз 10 ҳазор кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии 4 ноҳияи пойтахт 11 рӯз ройгон истироҳ карда метавонанд.

Ба гуфтаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шурӯъ аз 12-уми июн, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Гулхан”-и ноҳияи Сино, “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсӣ, “Зимчуруд”-и ноҳияи Шоҳмансур ва “Шарора”-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, ки ин истироҳат аз 12 июн то 16 августи соли 2023 давом мекунад ва он 11 рӯзи муқарраргардида бояд дар ин муддат бошад.

Ба ин хотир, мо ҳам тасмим гирифтем, ки дар ин баробар аз лагерҳои кӯдаконаи тобистонаи ёдовар шавем.

Боз кадом лагерҳои тобистона ҳаст?

Барои кӯдакону наврасон имсол лагерҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Лагерҳои тобистона аз ҳам тафовут доранд ва ҳар кадоме барнома ва пешниҳодоти худро дорад. Дар бархеаш тахфиф низ ҳаст. Мо чанд лагери тобистонаи имсоларо ба хонандагон пешниҳод мекунем.

Лагери тобистонаи X-Fit Premium Dushanbe

“X-Fit Premium Dushanbe” дар Душанбе воқеъ буда, аз соати 9:00 то 17:00 кор мекунад. Дар он ҳар рӯз машғулиятҳои эҷодӣ ва варзишӣ гузаронда мешаванд.

Кӯдаконро бозиҳои футбол, бокс ва дигар бозиҳои варзишӣ, оббозӣ, рақс, тамошои филмҳо, рафтан ба кинотеатр, бозиҳои интерактивӣ, викторинаҳо, сайругашт дар боғ ва барномаҳои фарҳангӣ интизор аст.

Хӯрок: 3 маротиба дар як рӯз.

Бачаҳои аз 5 то 12-сола қабул карда мешаванд.

Маълумоти бештарро дар бораи лагер дар саҳифаи Фейсбуки онҳо бихонед.

Нархи лагер: 5 рӯз – 1450 сомонӣ; 10 рӯз – 2755 сомонӣ; 15 рӯз – 3915 сомонӣ.

Тахфиф вуҷуд дорад.

Аз душанбе то ҷумъа аз 09:00 то 17:00.

Барои маълумоти иловагӣ ба рақами телефони (+992) 90 882 7777 занг занед.

Фейсбуки “X-Fit Premium Dushanbe” фаъол аст ва маълумоти бештар дорад.

Лагери тобистонаи “Мадагаскар”

Лагери тобистонаи “Мадагаскар” – дар дар дараи Ромит, 45 км дуртар аз Душанбе ҷойгир аст. Он минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар наздикии чашма ҷойгир буда, дорои маҷмааи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, боғи хурди ҳайвонот ва манотиқи фароғатӣ аст.

Дар лагер кадрҳои ихтисоснок мавҷуданд, ки онҳо аз рӯи барномаи муайян бо кӯдакон машғул мешаванд. Инчунин, амнияти кӯдаконро таъмин менамоянд.

Барои кӯдакон чорабиниҳои гуногун, сайёҳӣ, расмкашӣ, ҳунармандӣ, маҳфилҳои эҷодӣ ба нақша гирифта шудаанд. Хӯрок панҷ маротиба дар як рӯз аст.

Лагер майдонҳои футбол, волейбол ва баскетбол дорад. Ҳавзи шиноварӣ бо душ них ҳаст.

Бачаҳои аз 6 то 16-сола қабул карда мешаванд.

Муфассалтар дар саҳифаи Фейсбуки “Мадагаскар” хонед.

Тамос: (+992) 44-630-33-22.

“Навовар” чӣ бартарӣ дорад?

Лагери тобистонаи “Навовар” барои кӯдакону наврасон истироҳати фарҳангию фароғатиро ваъда медиҳад. Ин лагер корашро аз 11-уми июн оғоз кардааст.

“Навовар” саёҳат дар боғҳо, бозиҳои гуногун, ба вижа футбол, волейбол ва баскетбол, оббозӣ ва инчунин таълиму омӯзишҳои гуногунро пешниҳод мекунад.

Ин лагер 9 рӯза аст ва 1500 сомонӣ арзиш дорад.

Маълумоти муфассалро дар саҳифаи фейсбуки “Навовар” бихонед.

Тамос: (+992) 55 012 0001

Лагери кӯдаконаи “Империя знаний”

Лагери кӯдаконаи “Империя знаний” имсол дар Ромит аст ва кӯдакони аз 6 то 16-соларо қабул мекунад. Дар ин ҷо кӯдакону наврасонро фароғат ва дилхушӣ интизор аст.

Барои кӯдакон майдонҳои таълимӣ ва фароғатӣ, инчунин экскурсияҳо ва квестҳо омода карда шудаанд. Дар ҳудуди лагер ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуданд, квестҳои варзишӣ, актёрӣ пешбинӣ шудаанд.

Хӯроки: 4 маротиба дар як рӯз.

Барои истироҳати як кӯдак давоми 10 рӯз дар лагер 2200 сомонӣ пардохт кардан лозим аст.

Маълумоти пурра дар бораи лагерро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

Тамос: (992) 93-797-88-78

Skip to toolbar