Аз “Президент” то “Кардинал”: Ҳафтгонаи беҳтарини навъҳои ангури тоҷикӣ

Заминҳои боғи ангур (токзор )-и Тоҷикистон бино ба омори Вазорати кишоварзӣ наздики 30 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Солона ба ҳисоби миёна 0,5 млн. тонна ҳосили ангур ғундошта мешавад. Навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Данғара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров дар самти парвариши ангур пешсафанд. Ба ангурҳои Тоҷикистон талабот дар хориҷи кишвар рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳоли ҳозир ангури Тоҷикистон ба Россия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон барои фурӯш фиристода мешавад.

Ангур меваи ширин буда дар таркибаш витаминҳои А1, В1, Д, ва Р-ро дошта андозаи қанднокиаш то 25%-ро ташкил медиҳад(ба ҳисоби миёна 12%). Имруз дар Тоҷикистон 50 намуди ангур маълум аст. Дар 45 ноҳияи Тоҷикистон бо назардошти мутобиқати ангур ба иқлими маҳал парвариши он ба роҳ монда шудааст. Намуди ангури хушсифату бо мазза ва сердаромад имрӯз дар Тоҷикистон инҳо ба ҳисоб мераванд: Президент, Кардинал, Победа, Шоҳона, Ҳусайнӣ, Ҳусайнии сафед ва Кишмиш.

Ангури Президент

Ин навъи ангур дар Тоҷикистон ҳамагӣ се сол қабл вориди бозор шудааст. Бо ин нигоҳ накарда ангури рақами як дар кишвар мебошад. Президент ранги сурх дошта, дарозшакл мебошад. Ин навъи ангур бо усули пайванд ба даст омадааст. Асосгузори он ангурпарвари машҳур Ҳоҷӣ Неъмат мебошад. Қаламчаи он аз Чин (Шинҷон) оварда шуда, бо усули пайванд бо ангури Ҳусайнии сурх ба даст омадааст.

Муарифии он дар сатҳи олӣ ҳангоми ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии Ҳоҷӣ Неъмат сурат гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон ба ин ангур, ки то он вақт бе ном буд Президент ном мениҳад. Ангури Перзидент ҳоло дар заминҳои таҷрибавӣ парвариш мешавад. Ангури хушсифат буда ба шароити Тоҷикистон тобовар аст. Шириниаш миёна буда қанодиаш 18-20%-ро ташкил медиҳад. То шаш моҳ метавон онро нигоҳ дошт. Хӯшаи он аз 0,5 то 3 кг вазн дорад. Дар бозор аз 15 то 18 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ангури Кардинал

Кардинал ранги сурх дошта доирашакл аст. Ватани аслии он низ Шинҷони Ҷумҳурии мардумии Чин ҳисоб меравад. Бо усули қаламча ба даст омадааст. Шириниаш монанд ба ангури Президент аст. Қаннодиаш ба 18-20% мерасад. Ҳосилнокии хуб дорад. Ба хунуки тобовар буда, интиқолшаванда( танспортабел) аст. Норасоиаш дар он аст, ки меваи он ба шӯълаҳои офтоб зиёд тоб намеорад. Барои эҳтиёти он деҳқонон кӯшиш мекунанд баргҳои токи онро камтар тоза кунанд, то хӯшаҳои он дар соя пухта расанд. Як хӯшаи он то 3 кг вазн дорад. Кардинал технологияи коркарди худро дорад.

Ангури Ғалаба

Ин навъи ангур дар байни аҳолӣ бо номи «Победа» маъруф аст. Ғалабаро боз «Мерседес», «чашми Буққа» низ ном мебаранд. «Мерседес» аз он сабаб мегӯянд, ки дар нӯги он тамғаи сабукрави «Мерседес» ҳувайдост.

Рангаш сиёҳ буда, таъми ширин дорад. Қаннодии он то 20% мерасад. Хӯшаҳояш то 3 кг вазн мегирад. Баъд аз пухта расидан дар тани ток дер намепояд. Зуд вайрон (лӯқ) мешавад. Онро дар сардхона нигох медоранд. Аз охири сентябр, то нимаи октябр ҳосили он ғундошта мешавад. Бозоргир буда, аз 10 то 15 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳозир дар Тоҷикистон аз ангури «Ғалаба» мавиз тайёр мекунанд. Тарзи омода кардани онро мутахассиони самарқандӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ меомӯзонанд.

Ангури Шоҳона

Ангури Шоҳона аз намуди ангурҳои маҳаллӣ аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Ранги сурх дошта шириниаш миёна аст. То 3-4 моҳ нигоҳ дошта мешавад. Вазни хӯшааш аз 5 то 6 кг мерасад. Аз ҳисоби бо лаззат буданаш ба сатҳи навъи ангури «Президент» ва «Кардинал» расидагӣ дорад. Нархаш низ дар бозор баробар ба нархи ин ангурҳо аст.

 

Ангури Ҳусайнии сиёҳ

Ҳусайнии сиёҳ серҳосил ва серхӯша аст. Таъми ширин дорад. Қаннодиаш то 23% мерасад. Хӯшаи он то 8 кг вазн дошта метавонад. Аз дигар навъи ангур қариб ки фарқ намекунад. Ангури рақами 1 ҳисоб мешавад. Хусусияти зиёд нигоҳ доштанро дорад. Аслан дар ҷануби Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Ин навъи ангурро «дамский пачики» низ ном мебаранд.

 

Ангури Ҳусайнии сафед

Ҳусайнии сафед қадимтарин ангур дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди пайдо шудани навъи ангурҳои нав ангури Ҳусайнии сафед ҳануз ҳам бо хусусиятҳои худ бозоргир ва рақами 1 аст. Барои истеъмол ангури мулоим буда бомазза аст. Таъми ширин дошта қаннодиаш аз 23 то ба 25% мерасад. Асоси (50%) боғҳои ангури Тоҷикистонро Ҳусайнии сафед ташкил медихад. Аз як гектари он аз 35 то 50 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.

Ангури Кишмиши сафед ва сиёҳ

Ин навъҳои ангур дар минтакаи Суғди Тоҷикистон зиёд аст . Дар ҷануби мамлакат кам парвариш мешавад. Талабот ба ин навъи ангур зиёд аст . Чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ. Таъми ширин дорад. Аз дигар навъи ангурҳо дида ҳосилнокиаш камтар аст. Аз ин сабаб деҳқонон онро кам парвариш мекунанд. Кишмишро бештар барои тайёр кардани мавиз парвариш мекунанд.

Skip to toolbar