fbpx

Аз овардани наздики 180 ҷасади тоҷикистонӣ ба ватан то дурнамои таъмини барқ

Ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охирро дар нашри навбатии барномаи ҷамъбастии “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj тамошо кунед.


0
Навиди ҳафт рӯз - нашри 13

Дар 6 моҳ ҷасади 170-180 тоҷикистонӣ ба ватан оварда шудааст, вазири энергетика гуфт, сӯзишворӣ захира кунед, рособрнадзор омӯзиши пешакии забони русиро барои фарзандони муҳоҷирон зарур донист, милитсия дар Русия ҳуқуқи ихроҷи муҳоҷиронро пайдо кард, соли 2023 назар ба 10 соли гузашта камтарин шумораи муҳоҷирон ба Русия рафтанд.

Хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.

Роҳбари Рособрнадзор гуфтааст, муҳоҷир пеш аз омадан ба Русия бояд ба фарзандонаш забони русиро омӯзонад

Шаҳрванди хориҷӣ, ки нияти бо оилааш ба Русия кӯчиданро дорад, бояд ба фарзандаш пешакӣ забони русиро омӯзад, то фарҳанги рафтори ин кишварро дарк кунад, гуфтааст Анзор Музаев, роҳбари ин ниҳод.

Қаблан вакилони ҳизби либерал-демократии Русия лоиҳаи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, қабл аз қабул ба мактабҳо аз санҷиши дониши забони русӣ мегузаранд.

Ҳафтаи гузашта Сергей Миронов раиси ҳизби “Справедливая Россия – За правду” пешниҳод кард, ки шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия то 10% аз шумораи умумии синфҳо маҳдуд карда шавад.

Соли 2023 назар ба 10 соли гузашта камтарин шумораи муҳоҷирон ба Русия рафтаанд

Аз се як ҳиссаи муҳоҷирони воридшуда ба Русия дар соли 2023 шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Росстат эълон кардааст, ки соли гузашта 560,4 ҳазор нафар ба Русия сафар кардааст, ки нисбат ба соли 2022 ( 730 ҳазор нафар) 23% камтар мебошад.

Гуфта мешавад, ки аз се як ҳиссаи ин нафарон аз Тоҷикистон мебошанд. Инчунин 10% аз Қирғизистон, 9-дарсадӣ аз Украина, Арманистон ва Қазоқистон, 4% аз Узбекистон, боқимонда муҳоҷирон аз кишварҳои Туркманистон, Ҳиндустон, Белорус, Чин ба Русия рафтаанд.

Аз ин шумора 55 дарсад мардон буда, 76% қобилияти корӣ доштаанд.

Давоми шаш моҳи соли равон ҷасади 170-180 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ба ватан оварда шудааст

Ин рақамҳоро Ҳабибулло Назарзода директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 24-уми июл эълон кард.

Ӯ шумораи дақиқи ҷасадҳоро нагуфта, қайднамуд, ки “дар 12 моҳи соли 2023 850 ҷасад буд. Ин омор дар шашмоҳаи соли 2024 хеле кам – 170-180 нафар мебошад”.

Назарзода қайд намуд, танҳо 10-15 ҷасад аз дигар кишварҳо ва боқимонда аз Русия ба ватан оварда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2023 дар паёми худ ба парлумони кишвар гуфта буд, ҳар сол ҷасади “садҳо” муҳоҷир ба ватан оварда мешавад.

Ба милитсияи Русия иҷозат дода шуд, муҳоҷиронро ихроҷ кунанд

Думаи давлатии Русия қонунеро қабул намуд, ки ба кормандони милитсия ҳуқуқ медиҳад, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷиронро ихроҷ кунанд. Қаблан танҳо суд ва марзбонон дар Русия метавонистанд шаҳрвандони хориҷиро ихроҷ кунанд.

Бо қабул шудани чанд қонун дар Русия назорати аз болои муҳоҷирон сахттар мегардад.

Мувофиқи тағйирот нафароне, ки иҷозатномаи зист ё раводид (виза) надоранд, танҳо 90 рӯз метавонанд дар Русия бошанд. Қаблан ин тартибот 180 рӯз буд.

Нафароне, ки бояд ихроҷ шаванд, ҳаққи боз кардани ҳисоби бонкӣ, тиҷорат, рондани нақлиёт, бастани ақди никоҳ ва сафар аз як минтақа ба минтақаи дигари ин кишварро надоранд.

Кормандони милитсия метавонанд, бе қарори додгоҳ ба манзили онҳо ҳозир шаванд.

Вазири энергетика гуфт, “лимит”ҳоло аниқ нест, вале “сӯзишворӣ захира кунед”

Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба саволи хабарнигорон дар хусуси он ки оё имсол дар кишвар “лимит” мешавад ё не, посухи мушаххас надод. Вале гуфт, ки дар баробари “истифодаи имкониятҳо” бояд “дигар намуди сӯзишвориҳо, аз ҷумла ангиштро захира намоем”.

Мақомдори тоҷик таъсири тағйирёбии иқлимро яке аз сабабҳои кам шудани об дар рудхонаи Вахш номид.

Инчунин қайд гардид, ки ба лимити моҳи март дар кишвар якчанд омилҳо сабаб шуданд ва яке аз онҳо кам шудани резиши об ба рудхонаҳои кишвар будааст.

“Чизе, ки ҳеҷ кор карда наметавонем, ин таъсири тағйирёбии иқлим аст. Ташвиши мо он аст, ки чанд соли охир резиши об дар рудхонаҳои ҷумҳурӣ, махсусан рудхонаи Вахш кам шуда истодааст ва ин метавонад таъсири манфии худро ба иқтидорҳои мо дар рудхонаи Вахш расонад ,” – зикр намуд ӯ.

Суди Панҷакент ба марде барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо таъйин кард

Суди шаҳри Панҷакент ба як сокини ин шаҳр барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо таъйин кард. Дар ин бора дар сомонаи суд хабар нашр шудааст.

Дар он гуфта мешавад, судшаванда Ҳ.С. духтари ноболиғашро, ки ба синни никоҳи нарасидааст, ба сокини ш.Панҷакент ба шавҳар додааст.

Тӯйи хонадоршавии онҳо моҳи октябри соли 2023 аз рӯи анъанаҳои мусулмонӣ баргузор гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ аз 18-сола муқаррар карда шуда, дар ҳолатҳои истиснои суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

“Аммо, Ҳ.С. бар хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда, дидаву дониста, аз рӯи манфиатҳои шахсӣ духтари ноболиғи ба синни никоҳ нарасидаи худро ба шавҳар додааст, ки он ба озодӣ, баробарӣ ва инкишофи муътадили ҷисмонию маънавии ӯ таъсири манфӣ дорад”,- қайд мешавад дар хабар.

Суди шаҳри Панҷакент ба судшаванда тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятӣ, (Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳи нарасида аз ҷониби падару модар) ҷазои таъйин кардааст.

Тибқи ин модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол  ё  маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол муқаррар гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend