Аз ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои марзӣ 19 нафар ҳалоку 88 кас захмӣ шуданд

Дар муноқишаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон 19 нафар ҳалоку 88 кас захмӣ шуд

Тоҷикистон дар бораи қурбониёни мунокишаҳои марзӣ бо Қирғизистон расман маълумот намедиҳад. Ҳамчунин рӯзноманигорон наметавонанд ба ниҳодҳои дахлдор дар тамос шаванд. Дар ҳамин ҳол, дар рӯзҳои муноқишаи сарҳадӣ 88 нафар маҷрӯҳон, аксарият бо захми тир дар беморхонаҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ карда шуданд, хабар медиҳад “Азия-Плюс” дар такя ба манобеи худ дар маъмурияти вилояти Суғд.

Ба гуфтаи ӯ, ним зиёди захмиёнро ҷавоб додаанд ва байни захмиёни боқимонда ҳастанд нафароне, ки ҳолати вазнин доранд. Тибқи иттилои ӯ, дар ҷараёни даргириҳо дар сарҳад 19 нафар ба ҳалокат расидаанд: 15 нафар дар Исфара ва 4 нафар – дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.“Аз ин шумор 10 нафарашон шаҳрвандони мулкӣ (қаторӣ) ва 9 нафар – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадбонон мебошанд”, – гуфт манбаъ.

“Барқи тоҷик”: лимити барқ бекор шуд

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба рӯзноманигорон гуфтааст, маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра лағв шудааст. Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта ба далели сероб шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли нерӯгоҳи барқии “Норак” ҳама гуна маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ бекор карда шуд.

Вай иттилои дақиқ ироа накард, ки феълан чӣ миқдор об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” ворид мешавад, вале гуфт, ки боришоти ахир барои афзоиш додани тавлиди нерӯи барқ дар кишвар мусоидат кардааст. Дар аввали моҳи Рамазон Ёдгорӣ гуфта буд, ки маҳдудият дар ин моҳ сабуктар мешавад ва коршиносон мавзӯи лағви комили ба истилоҳ лимит дар манотиқи рустоии кишварро баррасӣ мекунад.

Шаҳрдорӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани кумаки якдафъаина кард

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи молиявӣ ба собиқадоронро имзо кард. Ба 16 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯз дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин ба 310 нафар маъюбони ҷанги Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ақибгоҳ ордену медалҳои СССР-ро гирифтаанд, ва ҳамчунин оилаҳои ҳалокшудагон дар Душанбе ҳангоми барқароркунии сохти конститутсионии кишвар 800 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Дар маҷмӯъ, барои ҳавасманд кардани шахсони дар боло зикршуда каме бештар аз 316 ҳазор сомони ҷудо карда шудааст.

Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати молики нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки дар Душанбе таркид

Вазорати умури дохилии кишвар алайҳи соҳиби 33-солаи як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки рӯзи 1 май таркид, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар натиҷаи сӯхтор ва таркиши баъдӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 29 нафар захмӣ шудаанд. Моддаи дар парванда татбиқшаванда ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз 48 то 60 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол пешбинӣ мекунад.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Kazan Grand Slam  оид ба дзюдо ширкат мекунанд

7 варзишгари тоҷик Комроншоҳ Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Каюмзода, Баҳром Сӯфиев ва Алиҷон Сафаралиев дар мусобиқаи байналмилалии дзюдои Kazan Grand Slam 2021, ки аз 5 то 7-уми май дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешаванд, ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар мусобиқа иштироки 420 варзишгар аз 83 кишвар дар назар аст. Ғолибони мусобиқа ба ҷуз медалҳо, бо ҷоизаҳои пулӣ низ сарфароз гардонида мешаванд. Барои ғолибони ҷойи аввал 5 ҳазор доллар, ҷои дуюм – 3 хазор доллар ва ҷойи сеюм – 1,5 ҳазор доллар мукаррар шудааст.

Дар “Сахарово” 13 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд

Интиқоли муҳоҷирон аз боздоштгоҳҳои муввақатии Русия ба ватанашон идома дорад. Феълан дар маркази нигаҳдории хориҷиёни “Сахорово” дар Маскав 13 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Намояндагони сафорат мегӯянд, рӯзи гузашта аз аҳволи онҳо хабар гирифта, дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳои бозгашташон ҳастанд. Рӯзҳои наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Гурӯҳи якуми муҳоҷирони депортшударо, ки иборат аз 15 нафар буданд, рӯзи 23-юми апрел ба ватан интиқол дода шуданд.

Skip to toolbar