fbpx

Шаҳбоз Саидаброров: ”Маро маҷбуран ба дунёи варзиш оварданд”

Ҷудокори ҷавони тоҷик аз чӣ тавр муваффақ шудан ва ногаҳон омаданаш ба олами ҷудо ба мо қисса кард.


1
1 point

Шаҳбоз Саидаброров паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam – 2021” сазовори медали биринҷӣ гардид. Шаҳбоз ягона намояндаи тоҷик буд, ки дар ин сабқат пирӯзиро ба даст овард. Ҳамчунин ӯ 7-карата қаҳрамони ҷумҳурӣ дар навъи варзишҳои самбо, ҷудо, гӯштини миллӣ ва барандаи ҷоизаи Ҷоми Осиё мебошад.

Шаллоқ барои медали тилло

Шаҳбоз аз овони мактабхонӣ бештар ба варзиши муҳорибаҳои омехта шавқ дошт. Вақте ки падараш ӯро ба толори варзишии ҷудокорон мебурд, ӯ бо ҳар баҳонае аз он ҷо берун мешуду ба толори варзишии муҳорибаҳои омехта барои тамрин мерафт. Падараш аз ин кори ӯ бехабар буд. Вақте ӯ аввалин медали худро аз муҳорибаҳои омехта меораду ба падар медиҳад ба ҷои муборакбодӣ як шаппотии обдор мегирад.

“Чун падарам мурабии ҷудо буданд, мехостанд, ки ман низ бо роҳи он кас равам. Вале ба ман бештар муҳорибаҳои омехта писанд буд. Аз ин рӯ ҳар рӯз аз толори ҷудо бо баҳонаи дарди сару дарди шикам берун мешудам ва ба толори муҳорибаҳои омехта мерафтам. Дар синфи 7- ум мехондам дар яке аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда соҳиби медали тилло шудам.

Хеле хушбахт будам. Ба хона омада бо ифтихор медали тиллоиамро ба падарам нишон додам, он кас бо чеҳраи ҷиддӣ “ин аз куҷо?” гуфтанд, “дар муҳорибаи ҷумҳуриявӣ дастболо шудам”, хурсандона ҷавоб додам. Аммо падарам медалро гирифта ба сарам заданду гуфтанд, ки бурда партоям, то дар чашмашон нанамояд”, – бо завқ, нақл мекунад Шаҳбоз.

Аз беҳудагардӣ ба толори варзишӣ

Шаҳбоз Саидаброров зодаи ноҳияи Темурмалик аст. Соли 2007 оилаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч мебанданд ва ӯ таҳсили ибтидоиро дар шаҳр идома медиҳад.

Шаҳбоз дар овони хурдсоливу наврасӣ хеле шӯху беқарор буду аксари вақташро ба беҳудагардӣ мегузаронид. Ҳатто ҳар ҳафта бо ҷурме ба шӯъбаи милиса меафтоду ҷазое мегирифт, вале аз ин одати худ даст кашида наметавонист. Ба мактабу дарсҳо он қадар аҳамияти ҷиддӣ намедод, вале фанни химияро меписандид.

“Фанни химияро бисёр меписандидам, инчунин муаллимамон низ бисёр хубу фаҳмо дарс медоданд. Гоҳе ният мекардам, ки пас аз хатми мактаб ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам. Вале шавқу завқам ба ин фан низ дер давом накард. Вақте муаллимамонро иваз карданд, завқи будаам низ гум шуд. Дар бораи варзиш бошад, тамоман фикр намекардам”, – нақл мекунад, варзишгар.

Ҳарчанд падари Шаҳбоз мураббии кӯштии миллӣ буд, аммо Шаҳбоз ба варзиши ҷудо таваҷҷуҳе зоҳир намекард. Ӯ ба навъи варзиши муҳорибаҳои омехта шавқ дошт. Оқибат беҳудагардиву шӯрапуштиҳо то ҷое расид, ки қариб ҳамарӯза аз мактаб ва ашхоси гуногун ба аҳли оилаи Шаҳбоз шикоятҳо мерасид. Падари дурандеш Саидмаҳмуд Саидаброров аз ояндаи писар дар хавотир мешаваду ӯро ба варзиш ҷалб мекунад.

Қадамҳои аввалин дар дунёи ҷудо

Пас аз ғолибият дар сабқати муҳорибаҳои омехта дигар баҳонаҷӯиҳояш ба падар кор намедод, ӯ маҷбуран ба варзиши ҷудо омад ва оҳиста осҳиста ба он дил баст.Акнун Шаҳбоз ҳамарӯза бо ҳамроҳии падар ба тамрини кӯштии ҷудо машғул мешуду пас аз ду сол аз нозукиҳои он огаҳ шуд. Сабқати аввали Шаҳбоз бебарор буд, вале аз ин сабқати бебарор озурда нагашт, балки меҳраш ба ҷудо дучанд гардид.

Дар синфи 11-ум аллакай Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи ҷумҳуриявии кӯштии миллӣ дар байни наврасон ғолиб омад. Падар аз дастоварди нахустини фарзандаш дар риштаи кӯштии миллӣ бағоят хушҳол гашт. Хушнудии падар ба Шаҳбоз нерӯи дигар бахшиду дар ин роҳ бештар талош варзид.

Фавти падар ва роҳгум задани Шаҳбоз

Соли 2018 падари Шаҳбоз – Саидаброров Саидмаҳмуд аз дунё мегузарад. Шаҳбоз, ки яку якбора аз зери қанати падар маҳрум гашт, сари калобаашро гум кард. Чӣ кор карданашро намедонист. Бо рафтани падар аз ҳаёти Шаҳбоз гӯё, ки тамоми хушиҳои зиндагӣ низ рафта буданд. Ба ӯ маслиҳату машварати падар намерасид.

“Мо ҳар субҳу шом бо падарам машқ мекардем. Пас аз фавти падар чӣ кор карданамро намедонистам. Ҳар бегоҳ ба толорҳои гуногун мерафтам, ки машқ кунаму орзуи падарамро бароварда созам. Лекин ҳеҷ кадомашон ба ман маъқул намешуданд”, – ғамгинона мегӯяд, Шаҳбоз.

Шаҳбоз мегӯяд, ки шабу рӯз ба ибодат машғул мешуду аз Худованд талаб мекард, ки боре падарашро дар хоб бубинаду кӯргиреҳи пеши роҳашро бо маслиҳати ӯ бикушояд. Дуои Шаҳбоз мустаҷоб гашт. Шабе ӯ падарро дар хоб дид ва аз падар маслиҳат гирифт.

“Намедонам ҳоло шумо чӣ фикр мекунед, вале воқеан ҳам падарам дар хобам даромад. Дар хобам ба хона омада истода будам, ки дар пеши хона падарро мебинам, ки нишастааст. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷаму ба наздаш меоям.

Аз ӯ мепурсам: – Отаҷон, шумо зиндаед?

Дар ҷавоб падарам мегӯяд: -Ҳа,бачам, ман ҳама вақт дар барат ҳастам.

Аз машқҳоям мепурсанд. Хуб аст мегӯям. Аммо падарам мегӯянд, ки он толори варзишие, ки рафта машқ карда истодаӣ он қадар хуб нест. Назди Рауф рав… Аз ҳамон дам тӯли се сол мешавад, ки шогирди Рауф Ҳикматов ҳастам ва ба мувафаққият низ даст ёфтам”, – ёдовар шуд қаҳрамони тоҷик.

Пас аз сари падар

Шаҳбоз тамоми дастовардҳояшро аз сахтгириҳои падар медонад: “ Маро падарам маҷбурӣ ба ҷудо овард. Худоро шукр мегӯям, зеро агар падарам намебуд, ҳоло намедонам ман кӣ будаму кӣ мешудам”

Лаҳзаҳое будаанд, ки Шаҳбоз ҳангоми вазнбарқароркунӣ ва ноил нагардидан ба натиҷаи дилхоҳ, дилшикаста мегаштаасту ҷудоро партофтан мехост, вале дар ин гуна мавридҳо модараш ӯро дилбардорӣ мекунад.

“Ҳозир ҳамарӯза дар машқу тамрин ҳастаму ҳаракат карда истодаам, ки барои бозиҳои олимпии Токио-2021 омодагӣ бинам ва орзуи падарамро бароварда созам”, – мегӯяд ӯ.

Парвина Самандарзода хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкори Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
8
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend