Аз одамкушӣ то таҷовуз. Беш аз 11,8 ҳазор ҷиноят дар шаш моҳ

Назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 200 ҳолат зиёд аст.


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 11 ҳазору 804 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта наздики 200 ҳолат зиёд аст.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин давра 5 ҳазору 585 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шуда, 4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шудааст, ки кушодашавии он 87,2% ташкил додааст.

Дар ин давра:

  • одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 41 (2023-24);
  • роҳзанӣ 11 (2023 – 5);
  • ғоратгарӣ 33 (2023-61);
  • таҷовуз ба номус 17 (2023-25);
  • хариду фурӯши одамон 38 (2023-34);
  • қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 61 (2022-54);
  • авбошӣ 776 (2023-666);
  • қаллобӣ 1820 (2023-1491);
  • дуздӣ 2026 (2023-2229;
  • тамаъҷӯӣ 20 (2023-26);
  • муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 317 (2023-328) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудааст.