Аз мумфарши роҳ то варзишгоҳ. Муҳоҷирон дар ободии як деҳаи Панҷакент саҳм мегузоранд

Мирдӯст Пиров, муҳоҷири 44-солаи зодаи деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент аст. Ӯ бо вуҷуди доштани маълумоти олӣ дар соҳаи гумрук беш аз 20 сол аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад.

Соли гузашта сокинони деҳа, ки аксарияташон аз ҳисоби муҳоҷират рӯзгор пеш мебаранд, сарҷамъ шуда, роҳҳои дохилии онро мумфарш карданд. Мирдӯст яке аз ташаббускорон ва саҳмгузорон дар ин кор буд.

Муаллифи Your.tj бо ин муҳоҷирон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи ободкориҳои онҳо нақл кард.

20 соли муҳоҷират бо маълумоти олӣ

Мирдӯст Пиров баъди хатми мактаби деҳа ду сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст. Баъдан ба Тоҷикистон баргашта, дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ихтисоси гумрук таҳсил мекунад.

Мирдӯст Пиров

“Ҷойи кори муносиб, ки дарёфт накардем ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадем. Дар ҳамин ҷо кор карда истодаем. Мо барои таъмини таҳсили фарзандон, барои беҳбудии вазъи оила маҷбур мешавем, ки ба муҳоҷират равем”,- гуфт ӯ дар суҳбат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кори хуб дорад, вале баъзе ҳуҷҷатгузориҳо вазнинтар шудааст. Бо вуҷуди ин, меафзояд ҳамсуҳбати мо, агар ҳамаашро қонунӣ кунед, мушкил пеш намеояд.

Муттаҳидӣ, боварӣ, кори дастаҷамъӣ

Мирдӯст мегӯяд, муҳоҷирон дар Русия новобаста ба вазъи пешомада аз ташаббус даст накашиданд ва дастаҷамъона роҳи деҳаро обод карданд. Мумфарш кардани роҳро онҳо тирамоҳи соли 2024 анҷом доданд.

“Вазъи роҳи деҳаамон хеле фарсуда буд. Вақте борон меборид, кӯчаҳо лой мешуд. Ин масъаларо бо раиси деҳа баррасӣ кардем. Бо 10 нафар фаъолони деҳа дар WhatsApp гурӯҳ ташкил кардем ва ба мардум пешниҳод намудем. Ҳамдеҳагон низ дастгирӣ карданд”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин муҳоҷир, дар оғози кор каме мушкил буд, вале баъдан, вақте ки техникаҳоро оварда, корро оғоз намуданд, боварии мардум бештар шуд.

“Баъдан саҳмгузорӣ бештар шуд. Наздики 300 хонавода, ба сари ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ муайян карда будем. Боз шахсҳое пайдо шуданд ки зиёдтар саҳмгузорӣ карданд. Дар умум аҳли деҳаи Моғиён барои мумфарш кардани роҳ зиёда аз 10,5-11 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ карданд”,- нақл кард Мирдӯст.

Аз мумфарши роҳи фарсуда то ободии оромгоҳу лӯлаи оби деҳа

Соли гузашта ҳамдеҳагон Мирдӯстро барои назорати маблағҳои ҷамъомада ва корҳои ташкилӣ масъул гузошта буданд ва бо хоҳиши онҳо ӯ ба муҳоҷират нарафта буд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, онҳо муҳосибот низ ташкил карда буданд ва дар шоҳидии 10-15 нафари дигар тавассути бонк ҳуҷҷатгузорӣ карда маблағҳоро пардохт карданд.

“Ободии ин роҳҳо ба буҷаи оилавии сокинони деҳа низ манфиат меорад. Зеро акнун техникаҳо вақте аз ин роҳ мегарданд, дер фарсуда мешаванд, чангу хок низ гум шудааст. Ободии диёр ба мардум илҳом бахшид. Ҳар қадаре тавонистанд саҳм гузоштанд.

Инчунин, гирди оромгоҳи деҳаамонро пӯшонида, дар назди он ба дарозии 18 метр нишастгоҳи болопӯшида бо ташаббуси бародарони хайрхоҳ ва кӯмаки мардум сохтем. Ғайр аз ин ҳадди ақал тақрибан 40-50%-и лӯлаи оби деҳаро, ки аз 4-5 км меомад, таъмир намуда аз нав обро тақсим кардем”,- нақл кард муҳоҷир.

Мирдӯст айни ҳол дар Русия аст ва дар сохтмон кор мекунад. Ҳоло муҳоҷирон ният доранд, барои таъмини оби полезӣ аз масофаи 14 км хати обро кашида оварда беш аз 200 гектар заминро обёрӣ кунанд мешавад.

Муҳоҷирони боҳиммат

Муродқул Тупалов, сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Моғиён ва раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Фонӣ ва вакили мардумии ҷамоат ҳамаи гуфтаҳои ин муҳоҷирро тасдиқ намуд.

“Муҳоҷирон чун ин созандагиҳоро диданд ва дарк карданд ки пулашон барои беҳтар шудани ҳаёти фарзандонашон истифода шудааст, моро хеле дастгирӣ карданд. Ҳатто ҳолатҳое шуд, ки як нафар худаш аз 380 то 400 ҳазор рубли русӣ (40 то 50 сомонӣ маблағгузорӣ намояд”,- афзуд ӯ.

Муҳоҷират аз 17-солагӣ

Ғолибҷон Саидови 31-сола, муҳоҷири дигар, ки бо мо ҳамсуҳбат шуд, зодаи деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Ӯ маълумоти олӣ надорад ва аз синни 17-солагӣ, чун дар деҳа кори муносиб нест, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад.

Ғолибҷон айни ҳол низ дар Русия қарор дорад ва дар суҳбат ба мо дар бораи ташаббуси худ барои сохтани варзишгоҳ нақл кард.

“Таъмини оила, фарзандон падару модар бар дӯшамон аст. Тобистон меоему зимистон барои дидори пайвандон ба Ватан меравем”,- гуфт ин муҳоҷир.

Вазъи бади муҳоҷират дар Русия ва ташаббуси муҳоҷир

Ӯ мегӯяд, вазъи кор дар Русия ҳоло ниҳоят душвор шудааст.

“Нархи патент аз 9 то 15 ҳазор рубл боло рафтааст. Нархи кор бошад поён шудааст. Бар замми ин қонунҳои нави Русия вазъияти муҳоҷиронро бадтар кардааст”-, шикоят кард ҳамсуҳбати мо.

Бо вуҷуди ин, ӯ ва чанде аз ҷавонони деҳа, ки низ ба муҳоҷират мераванд, тасмим гирифтаанд дар назди мактаби рақами 61-и деҳаи Моғиён як варзишгоҳ бунёд кунанд.

“Зимистони гузашта бо дӯстон барои бозии воллейбол рафтем. Дидам, ки кӯдакон дар зери барфу борон ба обу лой даромада бозӣ мекунанд. Ҳамон ҷо ба сарам фикри сохтани варзишгоҳи болопӯшида омад. Ба дӯстонам, ки дӯстдори воллейбол ҳастанд, пешниҳод кардам. Мо аллакай қисми зиёди маблағро ҷамъ кардем.

Барои ин сохтмон беш аз 160 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад. Дигар сокинони деҳа низ дар ин кор саҳм гузоштанд. Насиб бошад, ба наздики корро оғоз мекунем”,- гуфт Ғолибҷон.

Ӯ афзуд, гарчанде аксари муҳоҷирон бори вазнини зиндагиро мекашанд, дар саҳмгузорӣ барои корҳои ободонӣ фаъоланд.

“45 дарсади ММД-и Тоҷикистон” – маблағҳои интиқолкардаи муҳоҷирон дар соли 2024

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ), муҳоҷирони тоҷик дар соли 2024 ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллари амрикоӣ маблағ фиристодаанд. Ин рақам нисбат ба соли як соли пеш аз он 27 дарсад (беш аз 1,5 миллиард доллар) зиёд мебошад.

Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар соли 2023-юм 4,6 миллиард долларро ташкил дода, ба 39 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар будааст. Маблағҳои интиқолшуда дар соли 2024 ба 45 дарсади ММД баробар шудаанд.

Гузориш бар асоси маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва манбаъҳои расмии Русия таҳия гардидааст.

Тибқи иттилои дар ин гузориш овардашуда, 15 миллион доллар аз маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони тоҷик аз Қазоқистон фиристода шудааст.

Дар бораи ҳаҷми умумии пулҳои интиқолшуда аз Русия, ки макони асосии фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, дар гузориш рақамҳои мушаххас зикр нашудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобастабуда ба пули муҳоҷирон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Шодмон Кенҷаев

Skip to toolbar