Аз куштор то ғоратгариҳои мусаллаҳона. Боздошти як гурӯҳи ҷиноятӣ дар Душанбе

Дар Душанбе 4 узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки дар 11 ҷинояти вазнин, аз ҷумла одамкушӣ даст доштааст, дастгир шудаанд. Дар ин бора дар барномаи “Ахбори ВКД” гузориш дода шуд.

Ба иттилои ВКД, онҳо аз соли 2024 то рӯзи боздошт дар ҳудуди Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Вахшу Рӯдакӣ одамкушӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва дуздиҳои махсусан калон анҷом додаанд.

Мақомот мегӯянд, гурӯҳ аз сентябри соли 2024 то имрӯз 1 одамкушӣ, 4 ғорати мусаллаҳона ва 6 дуздии махсусан калон содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки аъзои гурӯҳ шабона амал мекарданд, пешакӣ нақшҳоро тақсим намуда, бо силоҳҳои оташфишон ва сард мусаллаҳ буданд. Ҳамаи боздоштшудагон пештар аз 1 то 5 маротиба суд шудаанд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, роҳбари гурӯҳ Фарҳод Мусоеви 47-сола, сокини Душанбе, қаблан барои муомилоти маводи мухаддир суд шудааст. Зикр мегардад, силоҳро ӯ таъмин мекард, хонаҳоро барои ҳамла интихоб менамуд ва амалиётҳоро роҳбарӣ мекард.

Аъзои дигари гурӯҳ:

  • Иршод Азизови 42-сола, сокини шаҳри Бохтар, 5 маротиба суд шудаааст;
  • Аёмиддин Рахмизодаи 35-сола, қаблан барои авбошӣ суд шудааст;
  • Фирдавс Қурбонови 44-сола, дар гузашта дар Русия ҷазои зиндонро адо кардааст.

Ду узви дигари гурӯҳ – Наҷибулло Исроилови 35-сола ва Суҳроб Маматови 33-сола фирор кардаанд ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Нисбати гумонбарон бо якчанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла 104 (одамкушӣ), 195 (нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ), 249 (ғоратгарӣ) ва 244 (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Skip to toolbar