Марҷон Фирӯзӣ табиби навкорест, ки баъд аз кӯшишу омӯзишҳои тӯлонӣ ба майдони тиб ором ва хеле устувор ворид шуд. Ӯ ҳамагӣ 26 сол дорад. Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст, набераи шоир ва нависанда Баҳром Фирӯз аст.
Ҳоло дар бемористон Ибни Сино ба ҳайси эндокринолог кору фаъолият дорад. Дар суҳбат бо муаллифи Your.tj ӯ аз замони кӯдакӣ дар Эрон, варзишгарӣ ва роҳи расидан ба орзуҳояш гуфт.
Зиндагӣ дар Эрон
Падару модари қаҳрамони мо корманди давлатӣ буданд ва дар Эрон дар маъмурият қарор доштанд. Аз ин рӯ солҳои тӯлонӣ дар Эрон зиндагӣ кардаанд.
Марҷон дар мактаби Теҳрон бо забони форсӣ таҳсил кард ва аз хурдсолӣ табиб шудан мехост. Дар он давра фаннҳои физика, химия ва биологияро ҷиддӣ меомӯхт, ба курсҳои иловагӣ мерафт ва ҳатто муаллими хусусӣ ҳам дошт.
“Ман хеле хушбахтам, ки кӯдакӣ ва давраи камолотам дар Эрон гузаштааст. Ин таҷриба барои ман як пояи устувори зиндагӣ шуд. Он ҳам дониши бузург буд, ҳам таҷрибаи гаронбаҳо ва ҳам ошноӣ бо фарҳанге, ки ба мо наздик, вале ҳамзамон каме ношинос аст. Ман дар он ҷо дӯстони зиёде пайдо кардам”,- бо хушнудӣ ёди рӯзгори гузашта кард ӯ.
Зиндагӣ дар Эрон барои қаҳрамони мо на танҳо марҳилаи ҷуғрофӣ, балки давраи омӯзиш, талош ва интихоб буд. Ӯ вақте аз интихобҳои худ ҳарф мезанад, боз ба солҳои зиндагӣ дар Эрон бармегардад.
Чун роҳи муваффақият ва тасмимҳояш ба онҷо пайванд дорад ва ин муҳаббату самимият ба ин кишвар ҳеҷ гоҳ кам намешавад.
Тамрини таэквондо дар Эрон
Варзиш дар зиндагии табиби ҷавон танҳо иштирок дар тамринҳо ё мусобиқаҳо набуд. Таэквондо ба ӯ мактаби тарбия ва таҷриба буд, ҷойе, ки сабр ва талош шакл мегирад. Дар наврасӣ ба варзиш шавқ дошт.
“Дар аввал мехостам ба гимнастика равам, вале мутаассифона, дар Эрон ин самти варзиш чандон рушд наёфта буд. Дар наздикии хонаамон машқҳои таэквондо мавҷуд буд ва бисёре аз духтарон ба он машғул мешуданд.
Дар Эрон омӯзиши духтарон ва писарон ҷудо аст. Дар давоми ду сол пешрафти хуб кардам, мураббиам аз натиҷаҳо розӣ буд ва бо ман бештар кор мекард”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Марҷон Фирӯзӣ дар мусобиқаҳо аксаран ғолиб мешуд, ҳатто даъватномаи кумитаи олимпии Эронро дарёфт намуда буд.
Таэквондо ӯро ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан қавӣ гардонд ва омӯхт, ки бо кӯшиш ва ирода метавон пирӯз шуд.
Таҳсил дар Москва
Баъди бозгашт аз Эрон дар гимназияи рақами 53-и пойтахт таҳсилро идома дод. Пас аз хатми гимназия барои супоридани имтиҳони озод ба Донишгоҳи якуми тиббии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Иван Павлов ҳуҷҷат супорид ва ба ин донишгоҳи бонуфуз қабул шуд.
“Он солҳо барои ман хеле душвор буд. Ин на танҳо омӯзиш, балки як имтиҳони зиндагӣ буд. То он вақт 17 сол бо падару модарам зиндагӣ карда будам, вале он ҷо маҷбур шудам ба қувваи худ такя кунам, мустақилона қарор қабул намоям.
Гурӯҳи мо асосан аз донишҷӯёни калонсол иборат буд. Бисёре аз ҳамсабақонам 23-сола ё калонтар буданд. Ман хурдтарин будам ва ҳамкурсҳоям бо меҳрубонӣ муносибат мекарданд ва кӯмак мерасониданд”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Марҷон Фирӯзӣ донандаи хуби забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ низ аст.
“Забони англисӣ барои ман қариб мисли забони модарӣ аст, зеро аз кӯдакӣ ба омӯзиши он шуръ кардаам. Ин барои ман як такони бисёр хуб буд, зеро аз синни хурдӣ метавонистам аз филмҳо ва маводи англисӣ истифода барам.
Ин дониш ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳ ба ман бисёр кӯмак кард, чунки бидуни мушкил метавонистам аз адабиёти тиббӣ истифода намоям. Ба назари ман, ин яке аз беҳтарин корҳое буд, ки падару модарам аз кӯдакӣ барои ман анҷом доданд”,- нақл мекунад доктор Марҷон.
Идомаи таҳсил дар Тоҷикистон
Ӯ донишгоҳро давоми шаш сол бо забони англисӣ бомуваффақият хатм кард. Баъдан ба Тоҷикистон баргашт ва ба ординатураи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ихтисоси эндокринология қабул шуд.
Эндокринология бахши муҳими тиб мебошад, ки ба ҳормонҳо ва узвҳои дохилӣ рабт дорад ва бемориҳои хеле ҷиддиро таҳлил ва табобат мекунад.
Қаҳрамони мо ҳангоми таҳсил дар шаҳри Санкт-Петербург аз устодон дар бораи бемориҳои муосир, яъне бемориҳое, ки имрӯз бештар ҷаҳонро фаро гирифтаанд, маълумот мегирад.
Аз зиёд шудани бемориҳое, ки ба ҳормонҳо вобастаанд, инчунин аз афзоиши бемории қанд ва вобастагии бисёре аз бемориҳо ба он. Аз ҳамон давра ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда буд.
“Баъдтар, вақте ки барои таҷрибаомӯзӣ ба бемористони Ибни Сино меомадам, дар он ҷо бо устод, профессор Аббоси Таваккулиён ошно шудам. Он замон ман дар курси сеюми донишгоҳ таҳсил мекардам.
Аз суҳбат бо устод фаҳмидам, ки ояндаи ман низ маҳз бо ҳамин равия вобаста аст. Аз ҳамон вақт дар худ тасмим гирифтам, ки эндокринологияро интихоб кунам ва имрӯз аз ин интихоби худ хеле мамнун ҳастам”,- гуфт Марҷон.
Оғози фаъолияти тиббӣ
Марҷон Фирӯзӣ донишгоҳро бо забони англисӣ бо он мақсад хатм карда буд, ки шояд дар оянда дар хориҷа кор кунад. Аммо дар давоми шаш соли зиндагӣ ва таҳсил дар Санкт-Петербург фаҳмид, ки мехоҳад ба Ватан баргардад, дар канори падару модар ва наздиконаш бошад.
“Инчунин дарк кардам, ки метавонам рушди касбии худро дар Тоҷикистон идома диҳам. Маҳз муҳаббат ба Ватан, хешу табор ва устоди гиромиқадрам маро ба бозгашт ташвиқ дод”,- изҳор дошт қаҳрамони мо.
Марҷон Фирузӣ дар бемористоне, ки таҷрибаомӯз буд, фаъолиятро шуруъ кард. Чун муҳит ва шароиту имконоти бемористони Ибни Сино барояш писанд буд.
Ҳоло ӯ ба ташхису табобати беморон машғул аст. Ҳамзамон мехоҳад, омӯзишро идома диҳаду донишу малакаи худро баланд бардорад. Бо ҳар қадами омӯзиш, таҳсил ва кор ӯ барои беҳбудии ҷомеа ва хизмат ба мардум омода аст.
Муборак Қосимзода, махсус барои Your.tj
