Аз эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирони бепатент дар Русия то зиёд шудани пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон

Муҳоҷирони бепатент ихроҷ мешаванду корфармоён ҷаримаи ҳангуфт

Дар Русия аз якуми январ шаҳрвандони хориҷӣ на танҳо барои фаъолияти кории ғайриқонунӣ ҷарима, балки эҳтимол аз ин кишвар ихроҷ низ шаванд, хабар додааст вазорати корҳои дохилии Русия.

Вазорат афзудааст, ки муҳлати имтиёзҳои муваққатӣ барои муҳоҷирони корӣ, ки аз ҷониби президент Владимир Путин ироа шуда буд, 31 декабри соли 2021 ба охир мерасад.

ВКД ба хориҷиёне, ки бидуни ҳуҷҷат кор кунанд, тавсия додааст, фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд. Илова бар ин корфармоён бояд муносибатҳои кориро бо шаҳрвандони хориҷӣ ба расмият дароварда, дар ин бора мақомоти минтақаии Вазорати корҳои дохилиро дар давоми се рӯз огоҳ созанд.

“Аз 1 январи соли 2022 барои иштиғоли ғайриқонунии коргарони муҳоҷир ба ғайр аз ҷарима ҳамчунин ихроҷ аз Русия ва мамнуияти вуруд ба ин кишвар низ роҳандозӣ мешавад. Илова бар ин корфармоён барои қабули муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат то 800 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд”, – омадааст дар хабари вазорат.

Афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар Фархор

Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки ноҳияи Фархор дар миёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бекор кардани ақди никоҳ дар зинаи аввал қарор гирифтааст

Тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон, дар ин минтақа дар моҳи соли равон 204 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шудааст.

Дар зинаи дувум ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, шаҳри Кӯлоб дар зинаи сеюм, Кӯшониён дар зинаи чорум ва ноҳияи Панҷ дар зинаи панҷум қарор гирифтаанд.

Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 950 оила ақди никоҳи худро бекор кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 793 ҳолат бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, Байёнзода Нигина, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархор хабар додааст, ки дар ин ноҳия дар ин давра 204 оила ақди никоҳи худро ботил карда, ки ин нисбат ба 11 моҳи соли 2020 117 маврид зиёд аст.

Вазири нақлиёт барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон телефони боварӣ кушод

Акнун тоҷикистониён бо арзу шикоят ё пешниҳодҳои худ метавонанд бевосита ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон  телефони боварӣ ва почтаи электронӣ кушод.

“Шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии  221-17-13 ва почтаи электронии: minister@mintrans.tj ба вазири нақлиёт муроҷиат намоянд”, – зикр мешавад дар хабари Вазорати нақлиёт.

Дар вазорат ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки арзу шикоятҳои марбут ба сифати роҳҳои кишварро баррасӣ мекунем.

“Шаҳрвандон метавонанд ба мо хабар диҳанд, ки кадом роҳҳо ба таъмиру кадом ба асфалтпӯш кардан эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд ба мо дар бораи фаромадани тарма ё дигар ҳодисаҳо дар роҳҳо, ки ба баста шудани ҳаракати нақлиёт боис шуданд, хабар диҳанд”, – гуфтаанд дар вазорат.

Барои рафтани муҳоҷирон ба Русия тартиби нав ҷорӣ шуд

Аз 29-уми декабри имсол мусофироне, ки бо ҳадафи бештар аз 30 рӯз мондан вориди Русия мешаванд, бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва изи ангушт супоранду акс гиранд. Дар ташхиси тиббӣ истифода кардан ё накардани маводи мухаддир ё доруҳои мадҳушкунанда, инчунин, бемориҳои гузаранда муайян карда мешавад. Дар сурати риоя накардани ин талабот, муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кам карда хоҳад шуд. Ин тартибот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони корӣ рабт дорад. Мақомоти Русия мегӯянд, дар он кишвар беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат доранд.

Паҳлавонҳои беҳтарини сол дар куштии миллии Тоҷикистон эълон гардиданд

Темур Раҳимов куштингири шинохтаи тоҷик беҳтарин варзишгари сол дар ин ришта эътироф карда шуд, хабар додааст Федератсияи куштии миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кило ва Мирзоҷамил Рамазонову Фирдавс Насимов дар вазнҳои худ беҳтарин дониста шуданд.

Таъкид шудааст, ки ҷоизаи беҳтарин сармураббӣ дар соли 2021-ро Хуршед Ибодуллоев соҳиб гардид. Мураббии сол Гулов Шоҳин эътироф кшудааст.

Инчунин Федератсияи куштии миллӣ, кори доваронро дар соли равон арзёбӣ намуда, Хусрав Шоевро беҳтарин довар дар соли 2021 хондаст. Дар феҳрасти беҳтаринҳои сол инчунин Федератсияи куштии милии минтақаи Кӯлоб ворид гардидаст.

Skip to toolbar