Аз истиқболи гарм то тақдими ордену хонаву мошин. Ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро чӣ гуна пешвоз гирифтанд

Дар фурудгоҳи Душанбе барои истиқболи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ҷавонону наврасон ва ҳаводорони варзиш дар баробари намояндагони расмӣ ва наздикони паҳлавонон ҷамъ омаданд.

Гурӯҳе иборат аз 14 нафар, ки ба Париж рафта буданд, бо ворид намудани се медали биринҷӣ ба фонди олимпии Тоҷикистон ба ватан баргаштанд.

Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз риштаи варзиши ҷудо ва Давлат Болтаев аз бокс соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ин се варзишгарро бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 қадрдонӣ намуд.

Инчунин ба ҳар варзишгар 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ, хонаи истиқоматӣ ва электромобил тақдим карда шуд.

Чор пирӯзиву як мағлубият ва медали биринҷии Сомон

Сомон Маҳмадбекови 25-сола, ки дар вазни то 81 кг қувваозмоӣ мекунад, пас аз 16 сол аз Бозиҳои олимпӣ дар риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медал овард ва корномаи Расул Боқиевро такрор намуд.

Сомон Маҳмадбеков

Сомон дар даври аввал озод ва  дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод.

Дар даври севум бо пирӯзӣ бар Франк Де Вити ҳолландӣ, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Аммо дар чорякфинал аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.

Ӯ дар зӯрозмоӣ Шарофиддин Гадоев, ҷудокор аз Узбекистонро мағлуб намуда, дар рақобат барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.

Аввалин медали олимпии Темур

Темур Раҳимов ҷудокори сангинвазни тоҷик низ аз Париж бо медали биринҷӣ баргашт.

 

Темур Раҳимов

Варзишгари 27-сола, ки дар вазни беш аз 100 кг қувваозмоӣ мекунад дар даври аввал озод буд.

Дар даври дувум ҷудокори олмонӣ Эрик Абрамов ва дар чорякфинал Алишер Юсупови узбекистониро шикаст дод.

Дар даври ниманиҳоӣ аз ҷудокори фаронсавӣ Тедди Ринер мағлуб шуд.

Темур Раҳимов барои медали биринҷӣ бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ намуд ва аввалин маротиба медали биринҷии Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

Медали олимпии Тоҷикистон аз риштаи бокс пас аз 12 сол

Варзишгари дигари тоҷик, Давлат Болтаеви 25-сола дар риштаи бокс дар вазни то 92 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Давлат Болтаев

Ӯ дар даври якум ва дуюм варзишгарони гурҷӣ ва ирландиро мағлуб кард, вале дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани узбекистонӣ Лазизбек Муллоҷонов шикаст хӯрд.

Болтаев пас аз 12 сол корномаи Мавзуна Чориеваро такрор кард ва барои Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқоти бокс медал овард.

Тоҷикистонро дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса – Париж гардид, 14 нафар варзишгар муаррифӣ намуд.

Бо касби се медали биринҷӣ Тоҷикистон дар мақоми 79-ум қарор гирифт.

Боқӣ 11 варзишгари дигар, ки риштаҳои ҷудо, шиноварӣ, давидан, куштии озод ва таэквандоро муаррифӣ мекарданд, бе медал баргаштанд.

Идибеки Саид

Skip to toolbar