Пайи хун. Намогирифт аз гузориши ВКД.

“Аз ҳиссиёти рашк ва қаҳру ғазаб”. Ҷавони 24-сола як донишҷӯдухтарро 7 корд задааст

Сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан як донишҷӯдухтареро, ки бо ӯ чанд муддат робитаи дӯстӣ дошт, бинобар нофаҳмӣ миёни онҳо бо корд 7 зарба мезанад, ки дар натиҷа духтар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора ВКД дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар додааст.

Ҳодиса 19 март, тахминан соати 14:30 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур Назирзода Шаҳзоди 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан дастгир карда шудааст.

Зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки номбурда бо марҳум Шаҳноза Қодироваи 24-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ робитаи дӯстӣ дошта, байни онҳо пайваста нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ мавҷуд будааст.

“Гумонбаршаванда рӯзи 19 март аз ҳиссиёти рашк ва қаҳру ғазаб бо мақсади марҳум кардан аз ҳаёт бо худ як адад корд гирифта дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, назди роҳи оҳан бо Шаҳноза Қодирова муноқиша намуда, 7 маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани ӯ зарба зада, ба ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.

Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ духтар санаи 25 март дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гумонбаршуда дар рафти гузориш ба ин ҷиноят иқрор шуда, ҳодисаро муфассал шарҳ медиҳад.

Гумонбаршуда ҳодисаро шарҳ медиҳад

Нисбати гумонбар Назирзода Шаҳзод аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи моддаи 104 (Одамкушӣ), қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мувофиқи ин модда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Skip to toolbar