Аз гуфтугӯи 2,5 соатаи Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ то ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ 2,5 соат гуфтугӯ карданд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, гуфт, ҳайати кишвараш дар даври дуввуми гуфтугӯҳо бо Толибон ба ҳифзи дастовардҳои кишвар дар 19 соли ахир пойфишорӣ мекунад.

Дар пайи оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон бисёре аз доираҳо аз ҳайати Афғонистон талаб карданд, ки дар масъалаи занон ва ҳаққи онҳо ба таҳсил набояд гузашт кунанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр дар Душанбе гуфт, дар даври дуввуми музокирот аз ду хостаи бисёр возеҳи Афғонистон – расидан ба сулҳи боиззат ва ҳифзи дастовардҳо ва ҳуқуқи ҳама мардуми Афғонистон пуштибонӣ хоҳанд кард. Вай, ки бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, гуфт, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон давоми 2,5 соат асосан дар масъалаи сулҳ гуфтугӯ кардаанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 21-уми декабр дар раъси як ҳайати баландпоя ба Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ворид шуд. Ӯро дар ин сафар шуморе аз вакилони Луи Ҷиргаи Афғонистон намояндагӣ мекарданд. Раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ду рӯз бо Раиси Маҷлиси Намояндагон, вазири корҳои хориҷӣ, сарвазир ва раисҷумҳури Тоҷикистон дидор дошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон: таърих чунин камбуди обро дар кишвар ёд надорад

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар маросими ба истифода додани як зеристгоҳи нав дар ноҳияи Бободҷон Ғафуров аз рӯйдоди бесобиқа дар соҳаи экология ва энергетика дар кишвар гуфт.

“Дар таърих ҳеҷ гоҳ чунин вазъ дар робита бо камбуди об вуҷуд надошт, ки имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст”,- навиштааст “SugdNews”  аз суханронии муовини Сарвазир.

Ӯ илова кард, ки мутахассисони гидроэнергетика низ посух дода наметавонанд, ки кай чунин норасоии шадиди захираҳои обӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ тавсияҳоро барои аҳолӣ оид ба сарфаи энергияро бори дигар ба аҳолӣ ёдовар кардааст.

Тоҷикистон ба як ширкати ҳавопаймоии дигари Русия иҷозаи парвоз дод

Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 аз мақомоти Тоҷикистон барои ташкили парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозат гирифтааст, хабар медиҳад сафорати Русия дар Душанбе.

Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Хуҷанд – Маскав 18 декабр сурат гирифт.

Парвозҳои минбаъда ҳафтае як маротиба дар се самт анҷом дода мешаванд.

Душанбе – Новосибирск рӯзҳои панҷшанбе аз 24 декабр;

Хуҷанд – Москва рӯзҳои панҷшанбе аз 24 декабр;

Хуҷанд – Новосибирск рӯзи сешанбе аз 22 декабр.

Ин парвозҳо барои ҳамлу нақли шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи фармони Ҳукумати Федератсияи Русия барои ворид шудан ба Русия асос доранд.

Чиптаҳои ин парвозҳо тавассути вебсайти расмии S7 ва намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли тармафароӣ дар роҳҳои ВМКБ ва Душанбе-Хуҷанд

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 26 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон боришоти начандон зиёд ва дар ноҳияҳои кӯҳи боридани барф дар назар аст.

Ҳарорати миёна рӯзона дар водиҳо то 10 дараҷа гарм ва дар манотиқи кӯҳистон ҳаво хунук мешавад.

Айни замон роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон, инчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.

Дар натиҷаи каме гармшавии ҳаво ва боришот рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингарди Бидур-Вер (қисмати ғарбии ВМКБ) ва шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (аз мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб то ағбаи Шаҳристон) фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Туман аз роҳ зад. Ҳавопаймои озими Душанбеи Belavia дар Тошканд нишаст

Ҳавопаймои ширкати Belavia субҳи имрӯз бар асари тумани ғализ натавонист ба фурудгоҳи Душанбе нишинад. Ҳайати сарнишинони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки то пароканда шудани туман дар фурудгоҳи Душанбе, ҳавопайморо дар Тошканд менишинонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

“Дарвоқеъ ҳам ҳавопаймои ширкати Belavia airlines-и Беларус бо сабаби тумани ғализ дар фурудгоҳи мо нишаста натавонист ва ба самти Тошканд, ба фурудгоҳи эҳтиётӣ раҳсипор шуд. Бо беҳтар шудани вазъи ҳаво ҳавопаймо соати тақрибан 14:00 ба Душанбе баргашта, муваффақона фуруд омад. Худи ҳамин рӯз пас аз борашро гирифтан, ҳавопаймо ба Минск парвоз мекунад”, – хабар доданд аз дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Беморхонаи вилоятии Суғд ҳам ба кори муқаррарӣ баргашт

Беморхонаи марказии вилояти Суғд пас аз 8 моҳи таваққуф ба кори муқаррарии худ баргашт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ин беморхона. Ин бемористон охири моҳи апрел  ба муассисисаи пизишкиии махсус барои муолиҷаи маризони гирифтори илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуда буд.

“Рӯзи гузашта як қисми беморхона, ки қисми “В” гуфта мешавад, ба фаъолияти муқаррарии худ баргашт. Ҳоло  11 бемор  дар ин ҷо бистарӣ гардида, беморони дигар  ҳам пазируфта мешаванд”, – гуфт манбаъ.

Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз бузургтарин табобатгоҳҳо  дар кишвар  ҳисоб мешавад, ки  аз 26 шуъба иборат аст ва наздик ба 800 нафар корманд дар бахши пизишкӣ дорад.

Skip to toolbar