Аз чорвопарварӣ то автомобилсозӣ. Вазорати меҳнат рӯйхати корҳо дар Қатарро нашр кард

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои кор дар Давлати Қатар даъват намудааст. Вазорат рӯйхати касбу кори дар ин кишвар серталаб ва шарту шароити кориро нашр кардааст.

Ҳамин тариқ, тибқи эълони ин ниҳод, шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар метавонанд ҳамчун мутахассис дар самтҳои зерин даъват шаванд:

Фермаи чорвопарварӣ:

  • оператори калони коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нӯшокиҳо;
  • техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нӯшокиҳо;
  • техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нӯшокиҳо;
  • лабораторон, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2-3 сол истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва нӯшокиҳо;
  • назоратчии системаи ETP/RO, дараҷаи бакалавр дар муҳандиси кимиёвӣ;
  • ширҷӯшӣ;

Мутахасисони соҳаи автомобилсозӣ ва таъмири автомобилҳо аз қабили:

  • назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи автомобилсозӣ;
  • механики дизел;
  • ёрдамчӣ, дар анборҳои мошинҳои боркаш;

Аз ҷониби корфармо чунин афзалиятҳо пешниҳод карда мешавад:

  • музди маош аз 550доллари ИМА боло вобаста ба ихтисос;
  • харидории чипта ва раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрду хурок, либоси корӣ ва корти нақлиётии ройгон, хизматрасонии тиббӣ;
  • кор фақат барои шахрвандони донандаи забонхои англисӣ ё арабӣ пешниход карда мешавад;
  • синну сол аз 20-40 сола;

Барои номнавис кардан бояд CV-и худро бо забони англисӣ пешниход намоед.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта Гулнора Ҳасанзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Қатар масъалаи қабули муҳоҷирони корӣ, созишномаи қаблан қабулшуда ва кушодани марказҳои забономӯзиву касобмӯзӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.

Skip to toolbar