fbpx

Бе миёнарав ва фиреби қаллобон. Чӣ тавр ба Британияи Кабир ба кори мавсимӣ рафтан мумкин

Мо дар ин матлаб роҳҳои бехатари дарёфти кор ва сафар ба Бритнияи Кабирро пешниҳод мекунем.


0
Тоҷикон барои кор ба Англия мераванд

Шаҳрвандони Тоҷикистон роҳҳои расидан ба Аврупо, махсусан Британияи Кабирро меҷӯянд, вале мутаассифона бархеи онҳо ба доми ширкатҳо ва миёнаравҳои қаллоб меафтанд, ки шумораашон ниҳоят зиёд аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанде пеш шаҳрвандонро ба эҳтиёт аз қаллобон даъват кард. Мо дар ин матлаб роҳҳои бехатари дарёфти кор ва сафар ба Бритнияи Кабирро пешниҳод мекунем.

Барои ба муҳоҷирати корӣ ба Британияи Кабир ду роҳ аст:

  1. Дар сомонаҳои ширкатҳои, ки ба кори мавсимӣ ҷалб мекунанд, мустақилона худро сабтином карда, интизори мусоҳиба шудан;
  2. Дар “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” сабтином кардан;

Сомонаҳои расмие, ки дар онҳо худро барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир номнависӣ кардан мумкин аст, инҳоянд:

Айни ҳол қабули дархостҳо дар ин сомонаҳо ба анҷом расидааст ва хоҳишмандон метавонанд онҳоро пайгирӣ карда, навбати дигари бақайдгириро интизор шаванд. Дар ҳолати оғози қабул метавонанд дархост ба кори мавсимиро пур кунанд.

Қадамҳо барои иштирок дар барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир:

  1. Худро дар Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд мегиред;
  2. Аз рӯи навбат ба шумо занг зада, барои мусоҳаби ба шаҳри Душанбе даъват мекунанд;
  3. Интихоб аз ҷониби операторони барнома сурат мегирад;
  4. Агар қабул шудед, дар почтаи электрониатон пайванд (ссилка) меояд ва тавассути он анкетаро пур мекунед;
  5. Ба шумо ҷойи кор пешниҳод карда мешавад ва бояд онро тасдиқ кунед;
  6. Даъватномаро тариқи почтаатон қабул мекунед;
  7. Барои раводид (виза) хуҷҷат месупоред;
  8. Визаро тақрибан пас аз 2-3 ҳафта мегиред;
  9. Чипта гирифта ба Британияи Кабир парвоз мекунед.

Талаботҳои асосии қабул ба кори мавсимӣ дар Британияи Кабир инҳоянд:

  1. Синну соли аз 18 боло;
  2. Дасту панҷаҳои боқувват;
  3. Таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ;
  4. Саломатии хуб доштан;
  5. Дар гузашта вайрон накардани қоидаҳои муҳоҷиратии ягон кишвар;
  6. Надоштани доғи судӣ.

Чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Тибқи иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон хароҷот аз лаҳзаи бақайдгирӣ то рафтан ба Британияи Кабир аз инҳо иборат аст:

  1. Бақайдгирӣ – ройгон;
  2. Даъватномаи оператор (SOS) – ройгон;
  3. Раводид (виза) – 298 фунт;
  4. Хароҷоти консулӣ – 76 фунт;
  5. Чиптаи ҳавопаймоии дутарафа тақрибан – 800-1000 фунт;
  6. Роҳкиро аз фурудгоҳи Британияи Кабир то хоҷагии кишоварзӣ – тақрибан то 60 фунт.

Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Айнӣ 121; дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавси 118; дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 24-б ва дар шаҳри Хоруғ кӯчаи Азизбек 4 ҷойгир аст.

Қаллобонро чӣ хел шинохтан мумкин аст?

Нафароне, ки ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир ва дигар каишварҳои аврупоӣ таваҷҷуҳ доранд, бояд донанд, ки ягон ташкилоти бакоргиранда бо Шумо тариқи Whats App ё Telegram ба алоқа намебароянд.

Рекламаҳои зиёде, ки дар Facebook ва Instagtam дида мешаванд ва ба кор дар Британияи Кабир даъват мекунанд, қаллобӣ аст.

Қаллобанд агар…

Нафаре худро корманди ягон ширкати корфармо муаррифӣ мекунад, ба воситаи Whats App ё Telegram бо шумо суҳбат мекунад ва бароятон кор дар Британияи Кабирро ваъда медиҳад, қаллоб аст.

Тариқи WhatsApp ё Telegram ба шумо ҳуҷҷатҳои зиёде фиристода, исбот карданӣ мешавад, ки дар ширкати расмӣ ва ҳақиқӣ фаъолият мекунад, қаллоб аст.

Бо пешниҳоди шартномаи қалбакӣ ба шумо омода кардани “виза”-ро ваъда медиҳад, қаллоб аст.

Ба шумо корҳои берун аз барномаи мавсимӣ ва маоши беш аз 11.44 фунт, ҷойи кори ғайри кишоварзӣ, ҷойи хоби бепул, пардохти билети ҳавопаймо ва ғайраро пешниҳод мекунад, қаллоб аст.

Ба шумо реквизитҳои бонкии худ ва ё ягон нафар аз шариконашро пешниҳод кунад ва гӯяд, ки ба он маблағ гузаронед, қаллоб аст.

Қиссаи як нафар сокини Душанберо, ки бо умеди рафтан ба Британияи Кабир ба воситаи WhatsApp ба доми қаллобон афтода маблағҳои зиёд ба онҳо равон кардааст, инҷо хонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend