fbpx

Аз барканории судя барои латукӯби сарбоз то ҷазои як мард барои дузанагӣ

Ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охирро дар нашри навбатии барномаи ҷамъбастии “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj тамошо кунед.


0
Навиди ҳафт рӯз - нашри 12

Одамрабоӣ ва талаби 30 ҳазор сомонӣ дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳинро барои латукӯби сарбоз аз вазифа барканор кард, боздошти Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, ҷазои як мард дар Панҷакент барои дузанагӣ, иғвогариҳои марзбонони рус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ.

Ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз Your.tj.

Боздошти сокини Душанбе бо гумони одамрабоӣ

Сокини 36 солаи Душанбе бо гумони рабудани як ҷавони 21-сола аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шуд.

Дастгиршуда аз волидайни ҷавон бар ивази раҳоии ӯ 30 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Гулонов Хуршед, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, 16-уми июли соли ҷорӣ, шаҳрванд Ҳоҷизода Абубакри 21-сола, сокини Душанберо рабудааст.

Номбурдаро баъди се шабонарӯзи аз хона баромада бедарак шудани Ҳоҷизода А. дастгир намуданд.

Ӯ Хоҷизода А.-ро аз кӯчаи Деҳотӣ рабуда, дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Яккачинор дар шароити ниҳоят вазнин нигоҳ дошта, зери шиканҷа ва латукӯб қарор додааст. Ҳамзамон аз волидайни Ҳоҷизода А. бар ивази раҳоии ӯ 30-ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Гулонов Хуршед дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаҳои 130 қисми 2 (Одамрабоӣ) ва 250 қисми 2 (Тамаъҷӯӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барканории раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳин аз вазифа барои латукӯби сарбоз

Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Ш.Шоҳинро барои латукӯби сарбоз аз вазифа барканор кард.

Президенти Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ рӯзи 18-уми июл рафтори Зоҳир Муминзодаро нисбати сарбози қушунҳои сарҳидӣ “ношоиста ва ғайриоинномавӣ” номида, таъкид намудааст, ки Муминзода “натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.

Чанде пеш Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зоҳир Муминзода дар гузаргоҳи назоратии “Дараи Об” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як марзбонро латукӯб кардааст.

Сарбозони марзбон рӯзи 8-уми июл  ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба маркази ноҳия мошини ӯро тафтиш мекунанд ва хоҳиш мекунанд, ки шахси ҳамроҳаш ҳуҷҷатҳояшро барои шиносоӣ пешниҳод кунад. Раиси суд бо Фирӯз Атовуллоев, сарбози Нерӯҳои марзбони баҳс карда, аз мошин берун шуда, ӯро бо мушт мезанад.

Гуфта мешавад, латукӯби сарбоз дар камераҳои назоратӣ низ сабт шудааст. Дар наворҳои сабтшуда дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада сарбозро бо мушт мезанад.

Назари худи Муминзода дастрас нест. Ҳодисаро Суди олии Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Зоҳир Муминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд. Пеш аз ин, Муъминзода судяи Суди вилояти Хатлон буд.

Шокирҷон Ҳакимов дастгир шудааст

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудааст, хабар медиҳад медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин расона менависад, наздиконаш аз суҳбат дар ин бора худдорӣ кардаанд, аммо ба иттилои як манбаъ, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуда, дигар ба хона барнагаштааст.

Эҳтимол меравад, ӯро ба мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба даъват карда бошанд.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфтааст, Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба парвандаи раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шуда, дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомот то кунун дар ин бора расман хабар надодаанд.

Озодӣ менависад, ба гуфтаи чандин нафар Шокирҷон Ҳакимов натавонистааст дар маросими дафни модараш рӯзи 16-уми июл ширкат кунад. Ҳамчунин аз 7-уми июл ба ин сӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол нест ва тақрибан аз он вақт телефонаш хомӯш аст.

Шокирҷон Ҳакимови 58-сола аз лаҳзаи таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар соли 2002 узви ҳизб ва баъдан муовини раиси ҲСДТ аст. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Ҷазои як мард дар Панҷакент барои дузанагӣ

Суди шаҳри Панҷакент як сокини ҷамоати Саразми ин шаҳрро барои дузанагӣ ҷазо дод.

Тибқи иттилои сомонаи суди шаҳри Панҷакент, ин мард соли 2014 бо як сокини ҳамин шаҳр оила барпо карда, соли 2016 аз қайди никоҳи расмӣ мегузаранд ва дар зиндагии якҷоя соҳиби чаҳор фарзанд мегарданд.

Гуфта мешавад, ки ӯ соли 2021 бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон шиносоӣ пайдо намуда, “дар натиҷаи пайдо шудани меҳру муҳаббат байнашон бо хоҳиши якдигар соли 2023” никоҳи мусулмонӣ карда, то инҷониб мард дар як вақт бо ду зан хоҷагии умумиро пеш мебурдааст.

Суд нисбати ин мард бо моддаи  170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ таъин кардааст.

Дар Тоҷикистон мувофиқи моддаи 33-и Конститутсия бисёрникоҳӣ манъ аст.

Иғвогариҳои марзбонони рус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ

Муҳоҷироне, ки давоми моҳи охир мехоҳанд ба Русия раванд, мегӯянд, ки марзбонони рус нисбаташон иғвогарӣ мекунанд, то баҳона ба вуҷуд оварда, онҳоро ихроҷ кунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон аз онҳо телефонҳояшонро мегиранд ва аз интернет муҳтавое, ки мақомоти Русия “экстремистӣ” меҳисобад, аз ҷумла наворҳо аз ҷанги Украинаро ҷустуҷӯ ва сабт мекунанд. Асосан, шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони чунин иғвогариҳо мешаванд, хабар медиҳад “Настоящее время”.

Як зодаи Тоҷикистон, ки аллакай шаҳрвандии Русияро дорад, мегӯяд, ба чунин муносибати марзбонони рус ҳангоми сафар ба Русия рӯбарӯ шудааст.

Ӯ мегӯяд, се соат онҳоро нигоҳ доштаанд. Телефони ҳамаро дар алоҳидагӣ тафтиш намуда, мебинанд, ки ба куҷо ва кӣ обуна шудааст.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, корманди милитсия дар Русия дар ду ҳолат метавонад, телефонро тафтиш кунад ва ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ дошта бошад: вақте ки нисбати шахс парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва телефон ё дигар дастгоҳи мобилӣ ҳамчун далел истифода шавад, ё шаҳрванд ихтиёран иҷозат дода, дастгоҳи худро ба мақомоти қудратӣ супорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend