Исмоилҷон Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода

Аз ҷасади муаллиме, ки подполковники ВКД рабуда буд, то ҳол дарак нест

Бо гузашти ду моҳ мақомот ҳанӯз ҷасади муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро, ки аз ҷониби подполковники ВКД рабуда шуда буд, пайдо накардаанд. Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷасаде, ки ҳангоми ҷустуҷӯ пайдо шуд, ба муаллим тааллуқ надоштааст.

Подполковники Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Акмал Юсуфзода ва яке аз хешовандони ӯ Исмоил Шукуров  12-уми июни соли 2023 устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмоновро рабуданд.

Тавре Прокуратураи генералӣ пас аз чанд рӯзи ҳодиса расман хабар дод,  Юсуфзода шаби 12 июни соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Исмоил Шукуров устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро рабудааст.

Ҳодиса дар кӯчаи Борбади пойтахт, наздикии қурутобхонаи “Муслим” ба амал омадааст. Онҳо бо зӯроварӣ муаллимро ба автомашинаи хизматии тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 савор кардаанд.

Номбурдагон  дастони муаллимро баста, ӯро дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳоли дохилӣ низ эътироф кард, ки нафари ин ҷиноятро содиркарда воқеан корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД буд.

Бо гузашти ду моҳ аз ин ҳодиса, прокурори генералии кишвар мегӯяд, ки то ҳол ҷасади муаллимро наёфтаанд ва тафтишот идома дорад.

“Як ҷасадро пештар аз дарёи Зарафшон ёфтем ва ташхис муаллими донишгоҳ будани онро тасдиқ накард”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Исмоил Раҳмонов аз он нигаронӣ доранд, ки бо гузашти муддати зиёд аз рабуда шудани ӯ, прокуратура онҳоро бо парванда шинос намекунад.

Skip to toolbar