Аз 5 сол то ҳабси абад ба 9 нафар барои тарконидани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб

Нафароне, ки дар тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб гумонбар буданд, аз 5 сол то ҳабси абад маҳкум шуданд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, Ҳамзаалӣ Мусофиров, прокурори минтақаи Кӯлоб рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфтааст, Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова дар пайванд ба ин ҳодиса дар курсии айбдорӣ нишаста буданд.

Ба иттилои манбаъ, Холисамо Раҳимова ягона зан дар ин парванда панҷ сол ҳукм гирифтааст, аммо бинобар кӯдаки хурдсол доштан, дар озодӣ қарор дорад.

Манбаъ мушаххас нагуфтааст, ки кадоме аз инҳо чанд солӣ ҳукм гирифтанд ва киҳо ба ҳукми абад равонаи зиндон шуданд.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳукми суд дар нисбати ин афрод кай эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Суди Хатлон фиристода шуда буд.

Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январи 2024 дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шуд. Манобеи расмӣ дар аввал ҳодисаро “қасди куштор” гуфтанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода чанд рӯз баъд аз ҳодиса, таркишро “амали террористӣ” хонд ва гуфт, ин кор аз сӯи “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир шуд”.

Ӯ моҳи феврал гуфта буд, ки вобаста ба ин парванда гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале бинобар сабаби сирри тафтишот аз шумораи муайян ном набурд.

Skip to toolbar