Мушоҳида мешавад, ки дар кӯчаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд таксиҳо бо логотипи “Яндекс Такси” ҳаракат доранд. Ин нақлиёти хизматрасонии такси ҳоло бо рақамҳои Русия ҳастанд. Ба иттилои расонаҳо аллакай дар мағозаи замимаҳои App Store ва Google Play Market дар бораи ба кор сар кардани замимаи Яндекс GO дар Душанбе анонсҳо пайдо шудаанд.
Рекламаҳои «Яндекс GO Таджикистан» – ро аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Instagram дидан мумкин аст. Бояд зикр кард, ки хизматрасонии ширкати “Яндекс Такси” дар Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дастрас аст.
Муаллифи Your.tj бо чанд тан аз ронандаҳои такси дар шаҳри Душанбе, ки дар ширкатҳои ватанӣ кор мекунанд, ҳамсуҳбат шуда, назари онҳоро дар хусуси ин хабару овозаҳо пурсон шуд.
Ронандаи якум: “Ҳоло кор карда истодаем!”
Ҳалим ном ҷавон 5 сол боз дар шаҳри Душанбе такси меронад. Ӯ ба ин назар аст, ки “Яндкес Такси” ба кори вай халал нахоҳад расонд, чун кори онҳо дар Душанбе дер намекашад.
“Бигзор, ин ширкат дар Душанбе кор карда бинад. Ба ман то ҷое ҷолиб аст, мушоҳида кардан, ки он кор карда метавонанд, ё не. Шояд мисли ширкати “Maxim” маҳкам мешавад. Ман дар Маскав чанд сол зиндагӣ карда, дар ширкати “Яндекс Такси” кор кардаам.
Мизоҷон бештари вақт ба ин ширкат тариқи онлайн фармоиш медиҳанд. Сокинони Душанбе на ҳама ба интернети қулай дастрасӣ доранд. Мумкин 5 % – и мизоҷон тариқи онлайн фармоиш диҳанд. Барои аксарият осон аст, ки берун бароянд, аз роҳ такси доранд ва ба ҷойи зарурӣ раванд”,- гуфт Ҳалим.
Вай пешниҳод дорад, ки ширкат шахсони мошиндорро бештар ҷалб кунад, чун ҳозир аксарият ронандаҳо бекор монданд.
Ронандаи дуюм: “Бекор мондам, кор меҷӯям!”
Мақсуд ном ронандаи ширкати “Рахш такси” таҷрибаи 8 – солаи ронандагӣ дорад, аммо як ҳафта боз бе кор мондааст. Ба вай муҳим нест, ки дар соҳа боз ширкати “Яндекс Такси” ба майдон ояд.
“Ман то як ҳафта пеш такси мезадам. Имрӯз бе кор мондаам. Бале, тарафдори ободии Ватан ҳастам. Асос ин, ки моро ҳам ба кор кардан иҷозат диҳанд. Зӯрам намерасад, ки мошини қиммат бихарам. Худам ва қариб ҳамаи шиносҳоям аз бонк қарз доранд.
Манбаи даромади хуб доштам, барои зиндагӣ мерасид. Чанд рӯз дар хона бекор нишаста, зиқ шудам. Зиндагӣ мушкил аст, 3 кӯдаки майда дорам. Дар ҷустуҷӯи ҷойи нави кориям”,- ғамгинона шикоят кард ӯ.
Ронандаи сеюм: “Ширкати “Яндекс GO” дер намепояд!”
Ронандае бо номи Фирӯз гуфт, ки 4 сол пеш дар Маскав мезист ва дар ширкати “Яндекс Такси” кор мекард. Дар ин ширкат маош хуб буд. Имрӯз вай дар Душанбе такси меронад. Ба андешаи ӯ, ширкати мазкур ба Душанбе намеояд.
“Ба фикри ман, ширкати “Яндекс Такси” ба бозори майдаи шаҳри Душанбе ниёз надорад. Ман пешниҳод дорам, ки агар мисли Русия дар системаи ширкатҳои ватании мо низ навъи хизматрасонии “комфорт”, “бизнес” ва “эконом” фаъол кунанд, хуб мешавад. Яъне, сатҳи хизматрасонӣ ба ширкатҳои хориҷӣ баробар шуда, фармоиш зиёд мешавад”,- пешниҳод намуд ронанда.
Ронандаи чорум: “Муҳим бекор намонем!”
Алии 24 – сола низ қариб 1 сол мешавад, ки дар ширкати “Рахш такси” фаъолият мекунад. Ӯ нав корро сар кардааст ва намехоҳад, ки бекор монад.
“Ба мо фарқ надорад, ки “Яндекс GO” ё “Ситимобил” ба Душанбе меояд. Муҳим ин аст, ки аз кор намонему бори зиндагиро пеш барем. Қарзҳоямонро дар вақташ ба бонк супорем. Фикр мекунам, ки агар “Яндекс GO” ба Душанбе ояд, шояд барои ронандаҳо беҳтар шавад”,- тахмин мекунад Алӣ.
Бино ба гуфти Алӣ, ронандаҳои ширкатҳои ватанӣ “навигатор” надоранд. Бархе мизоҷон онҳоро бо кирдорҳои ношоям асабонӣ мекунанд, ҳатто, ба амалҳои 18 + машғул мешаванд, ки хеле нафратовар аст. Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки сафи майзадаҳо зиёд шудааст. Онҳо ба ронандаҳо бешармона боз зӯрӣ мекунанд. Ронандаи бечора маҷбур тоқат мекунад, то вазъ ба занозанӣ нарасаду проблемаи нав пайдо нашавад.
Давоми як ҳафтаи охир дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе тафтиш ва кандани рақамҳои қайди давлатии ширкатҳои такси аз ҷониби кормандони БДА норозигии зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе далели ин амалро ҷавобгӯ набудани ҳолати техникии таксиҳо унвон карда буд. Масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бошад, гуфта буд, ки кандани рақамҳои қайди давлатии таксиҳо дар асоси қарори дахлдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Файзуллохон ОБИДОВ