fbpx

Фавти ду кӯдак аз зуком дар оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

Мухасари хабарҳои рӯз


1
1 point
Дар ду ноҳияи шаҳри Санкт-Петербург якбора ду фарзанди муҳоҷирон аз Тоҷикистон фавтиданд.
Рӯзҳои охир гирифторӣ ба "Зукоми хук" ва коронавирус дар Русия афзудааст.

Сӯхтор дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд

Дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сӯхтор сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст.

Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи бозор ба коми оташ рафтааст.
Сӯхтор 17 мағозаро фаро гирифтааст. Акс аз “Азия плюс”

Дар ин бора “Asia-Plus” бо такя ба иттилои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ба хабар дод.

Манбаъ гуфтааст, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.

“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.

Дирӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

Фавти ду кӯдак аз зуком дар оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

Рӯзи 7 декабр дар ду ноҳияи шаҳри Санкт-Петербурги Русия якбора ду фарзанди муҳоҷирон аз Тоҷикистон бар асари сармо фавтиданд. Дар ҳарду ҳолат ҳам табибон бо сабаби дер мондани волидон натавонистанд ба кӯдакон кӯмак расонанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ ва сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад.

Бино ба гузориши портали “Фонтанка”, рӯзи 7 декабр як шаҳрванди сесолаи Тоҷикистон дар манзили иҷора воқеъ дар хиёбони Пискаревский даргузашт. Ба гуфтаи волидон, рӯзи 5 декабр кӯдак бемор шуда, табларза ва сулфаю рафтани оби бинӣ дошт. Аммо онҳо ба духтур муроҷиат накарда, ба худтабобатӣ машғул шуданд.

“Фонтанка” менависад, ки бо эҳтимоли зиёд сабаби ба табибон муроҷиат накардани муҳоҷирон дар он буд, ки дар ин оила танҳо падари 26-солаи кӯдаки марҳум сабти номи расмӣ дошт: ӯ ба ҳайси курер кор мекунад ва патент барои кор дорад. Модари 23-сола ва худи кӯдаки фавтида дар шаҳр сабти ном надоштанд.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, консулгарии ҷумҳурӣ дар Санкт-Петербург ба ин хонавода дар ирсоли ҷасади кӯдак кумак хоҳад кард.

«Ба онҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯмак хоҳанд кард. Сафорат аз марги кӯдак огоҳ аст ва ин қазияро пайгирӣ мекунад, консулгарӣ ба хонаводаи кӯдак тамоми кӯмакҳои заруриро мерасонад»,- гуфт манбаъ.

Рӯзи 7 декабр дар ноҳияи Красносельский низ як ҳодисаи фоҷиабори дигар рух дод. Ба иттилои “Фонтанка”, шаҳрвандони 26-солаи Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, ҳангоми бемор шудани кӯдаки панҷмоҳаашон шабона ба кӯчаи Коммунаров мошини ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд. Аммо аллакай дер шуда буд. Пеш аз дамидани субҳ кӯдакро табларза гирифта нафасаш қатъ шуд. То расидани пизишкон кӯдак аллакай фавтидааст.

Нисбати волидони фавтида дар бораи будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модарӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Дар ин маврид намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки “онҳо то ҳол чизе гуфта наметавонанд, зеро маълумотро тадқиқ карда истодаанд.”

Дар ин рӯзҳо дар Санкт-Петербург теъдоди гирифторони зуком, аз ҷумла “зукоми хук” (A H1N1) дар байни калонсолон ва кӯдакон афзоиш меёбад. Ҳамчунин дар “пойтахти шимолии” Русия вазъ бо коронавирус печидатар шудааст.

Қирғизистон то охири сол дар марз бо Тоҷикистон 150 хона месозад

Оқилбек Жапаров раиси Девони вазирони Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар гуфтааст, то охири имсол дар вилояти Бодканди, ҳаммарз бо Тоҷикистон 150 хона бунёд мешавад.

Масъалаи бунёди хонаҳо дар Бодкандро вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев дар ҷаласаи 8-уми декабр матраҳ кард.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои бинокорӣ қисми зиёди маблағеро, ки барои сохтмони хонаҳои осебдида дар натиҷаи муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ҷудо шудааст, дарёфт накардаанд.

“Пештар гуфтанд, ки хонаҳои Бодканд дар моҳи декабр пурра бунёд мешаванд. Аммо боми аксари хонаҳо то ҳол сохта нашудааст. Бинокорон ҳатто 50 дарсади маблағро дарёфт накардаанд”, – изҳор дошт вакили қирғиз.

Жапаров дар посух гуфт, барои бунёди хонаҳо дар Бодканд 1 миллиард сом ҷудо шудааст ва дар сурати зарурӣ боз ҷудо карда мешавад.

Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон рӯзҳои 14-17 сентябр шоҳиди низои навбатӣ шуд. Дар натиҷаи он 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ҳамчунин 661 хона осеб дида, 423 тои он бояд аз нав бунёд карда шавад.

Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 41 тан дар низои ахир хабар доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ аз марги 82 тан хабар дод.

Душанбе ва Бишкек якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд ва дар ин замина ягон таҳқиқоти мустақил анҷом нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend