Зиндоншавии сарбози гурехта

Ҷавоне аз Фархор барои саркашӣ аз хизмат 1 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Боздошти пирамарде, ки бо баҳонаи ба Ҳаҷ фиристодан қаллобӣ кардааст

Сокини 73 – солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони силсилаи қаллобиҳо барои фиристодани аҳолӣ ба Ҳаҷ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ӯ бо баҳонаи ба сафари Ҳаҷ равон кардан аз 4 мард 23 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Ин ниҳод гуфтааст, вай бори аввал моҳи октябри соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51 – солаи сокини шаҳри Гулистон даромада, бо баҳонаи ба зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

“Номбурда бо ҳамин роҳ соли 2010 ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ зиёрати хонаи “Каъба” ба Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, – менависад манбаъ.

Ҳамзамон, гумонбаршаванда соли 2010 ба боварии ду марди 47 ва 50-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз яке 8 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз дигарӣ 4 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Нисбати мӯйсафеди 73-сола бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (247 қисми 4- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ВКД бо махфӣ мондани номи ин мард, ишора кардааст, ки аз ин пеш ҳам ӯ бо қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4) суд шуда буд.

Ҷавоне аз Фархор барои саркашӣ аз хизмат 1 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷавони 19 – сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ намудан аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шудааст.

Акс аз интернет

Манбаъ менависад, Маъруф Ғоибзода дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор будааст. Ӯ аз муоинаи тиббӣ гузашта, қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст.

28 – уми октябри соли 2021 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор ба ин ҷавон оид ба ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ даъватнома ирсол гардидааст.

Аммо ӯ “даъватномаро қабул накарда, ба самти номаълум фирор намуда, қасдан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст”.

Ба навиштаи Прокуратураи генералӣ, прокуроратураи ноҳияи Фархор нисбати Маъруф Ғоибзода бо моддаи 343-и қисми 1-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст. Суди ноҳияи Фархор ӯро ба муҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ ҷазо додааст, аммо “бо дастрасии моддаи 71 қисми 1 – и КҶ ба мӯҳлати 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъйин карда шудааст”.

Қаблан низ даҳҳо ҷавони тоҷик бо ин модда маҳкум шудаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27 – соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Як зодаи Тоҷикистон дар Олмон дар маблағгузорӣ ба ДОИШ гумонбар мешавад

Нисбати зодаи 29 – солаи Тоҷикистон дар шимоли Олмон бо гумони маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) айбнома пешниҳод шудааст.

Прокуратураи генералии Гамбург зодаи Тоҷикистонро, ки маълумоти шахсии ӯ оварда нашудааст, дар миёнаравӣ ба расонидани кумаки молиявӣ ба аъзои ДОИШ, ки дар Сурия ва Ироқ боздошт шудаанд, айбдор мекунад.

“Ӯ ҳадаф дошт, ки аз занони бевамонда ва ятимони аъзои кушташудаи созмони “Давлати исломӣ” ва занони маҳбус дастгирӣ кунад”, – менависад нашрияи “Hamburger Abendblatt”.

Гуфта мешавад, аввали соли 2020 ин мард ҳам бо маҳкумшудагон ва ҳам сарпарастон робита доштааст.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, ин мард дар Мекленбурге-Передняя Померания иқомат дошта, ҳоло ба ҳабс гирифта нашудааст.

“Эҳтимолияти бегуноҳӣ то анҷоми пурраи парвандаи ҷиноятӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар сурати гунаҳкор эътироф шудан, мард ба муҳлати аз 1 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад”, – иттилоъ медиҳад нашрия.

Ҷасади як тоҷикистонии дигарро аз ҷанги Украина оварданд. Ӯ дар Русия зиндонӣ буд

Боз ҷасади як шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон, ки дар ҷанг дар Украина кушта шудааст, аз тарафи мақомоти Русия ба наздиконаш фиристода шудааст.

Акс аз сомонаи Азия плюс

Ҳафтаи гузашта аз шаш моҳ боз бедарак шудани Аҳмадалӣ Нурови 34-сола пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфта буданд. Тӯли шаш моҳ зинда ё мурда будани марҳумро намедонистанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ дар тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина бурда шуд.

Яке аз наздиконаш гуфт, рӯзи 5-уми март ҷасади ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд ва дар зодгоҳаш, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дафн карданд.

Ҳангоми супурдани ҷасад дар бораи чӣ тавр ва дар куҷо кушта шудани Аҳмадалӣ Нуров маълумот надодаанд.

Ин ҷавони тоҷик ду сол пеш ба иттиҳоми даст доштан ба фурӯши маводи мухаддир дар Русия ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои дарёфтӣ, соли гузашта даҳҳо зиндонии тоҷик дар Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд.

То кунун номи беш аз 10 зиндонии кушташудаи тоҷик дар ҷанги Русия дар Украина расонаӣ шудааст. Ҷасади баъзе аз онҳоро ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон додаанд.

Панҷ нафар дар муноқишаи мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ кушта шуданд

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ бар асари даригириҳои мусаллаҳона панҷ нафар кушта шуд.

Вазири корҳои дохилии минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 5-уми март гуфт, ки дар ин даргирӣ се пулис кушта шуданд. Мақомот дар Боку гуфтанд, ки ду сарбози озарбойҷонӣ ҳангоми талоши пешгирӣ аз ҳаракати як мошин, ки ба минтақаи баҳснок аслиҳаи қочоқиро интиқол медод, ҷон бохтанд.

Ҳар ду ҷониб иддаои якдигарро радд карданд. Тасдиқи ин иддаои ҷонибҳо аз манбаъҳои дигар имкон надорад.

Даргириҳо миёни Арманистон ва Озарбойҷон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз даҳ сол боз идома дорад. Дар ин минтақа асосан арманитаборон зиндагӣ мекунанд, аммо он қаламрави Озарбойҷон ба шумор меравад. Дар аввали солҳои навадуми қарни гузашта Арманистон аз ҷудоихоҳон дар ин минтақа пуштибонӣ мекард. Бар асари ин ҷанг, ки соли 1994 ба анҷом расид, ҳудуди 30 ҳазор нафар кушта шуданд.

Дар ҷараёни ҷанги шашҳафтаина дар соли 2020, Озарбойҷон бахшҳое аз Қарабоғро, ки дар назорати нерӯҳои Арманистон буд, бозпас гирифт. Дар ин ҷанг, ки бо миёнҷигарии Русия ба поён расид, беш аз 6500 нафар кушта шуданд.

Қаҳрамони навбатии UFC аз Тоҷикистон. Рекорди Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик дар набарди аввалаш дар UFC пирӯз шуд. Ҳамчунин дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузоштааст. Ӯ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом додааст. Дар ин бора ташкилоти UFC дар “Twitter” хабар додааст.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Манбаъ навиштааст, ки “Лоиқ Раҷабов имрӯз, 11 партоби муваффақ анҷом дод, ки дар миёни сабуквазнҳо рекорд дониста мешавад”.

Гуфта мешавад, ки то ин дам ягон варзишгар дар вазни сабук дар аввалин рақобаташ 11 партоби муваффақ анҷом надода буд.

Бояд гуфт, ки Лоиқ Раҷабов дар набарди аввалинаш дар “UFC 285” бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ пирӯз шуд. Муҳориба шаби 4 ба 5 март дар Лас Вегас дар доираи мусобиқаи UFC 285 дар толори «T Mobile» сурат гирифт.

Варзишгари аргентинӣ то ин дам 11 рақобат гузаронда дар ҳамаи онҳо ғолиб шуда буд. Лоиқ Раҷабов дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 4 бохт дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев низ дар набарди аввалинаш дар UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ пирӯз шуда буд.

Мусобиқа дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардида буд.

Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.

Skip to toolbar