Боздошти ду зани тоҷик барои бурдани ҳазориспанд ба Русия ва ба 8 соли зиндон маҳкум шудани яке аз онҳо дар Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Мақомоти Русия соли 2024 ҳазориспандро ба гурӯҳи растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид карданд ва барои истифода ва ворид кардани он ба қаламрави ин кишвар ҷазо пешбинӣ намуданд.
Зани тоҷик ба чӣ гумонбар мешавад ва бурдани боз кадом намуди растаниҳо ба Русия манъ аст, маълумот медиҳем.
Чанд рӯз қабл Дотситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки барои бурдани ҳазориспанд ба Русия ду зани тоҷик боздошт шуда, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Ин ниҳод навишт, ки Додгоҳи Русия яке аз ин занҳоро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.
“Занҳо ин гиёҳро бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ба Русия бурдаанд, ки дар фурудгоҳҳои ин кишвар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”, – омадааст дар баёнияи ин ниҳод ва илова мегардад, ки нисбати яке аз занон бо гумони нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол ва коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир ва ҳаракати ғайриқонунӣ, тавассути сарҳади гумрукии Русия гузаронидани растаниҳои дорои маводи мухаддир паврандаи ҷиноятӣ боз шуда, додгоҳ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар хусуси тақдири зани дигари боздоштшуда ин ниҳод иттилоъи бештаре надодааст.
Додситонии кулл навишааст, ки дар сурати аз 10 адад зиёд бурдани “ҳазориспанд” нафари интиқолдиҳандаро 1 миллион рубли русӣ ҷарима ва ё ҳабси абад таҳдид мекунад.
Ин ниҳод ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии кишвар низ дар ин хусус ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дода буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2024 Русия ҳазориспандро ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид кард ва қонунгузории ин кишвар барои интиқол ва ё истифодаи он ҷарима ва ҳабс муқаррар кард.
Ворид кардани кадом растаниҳо ба ҳудуди Русия манъ аст?
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия чанде пеш низ номгӯйи 10 растание, ки бурдани онҳо ба Русия манъ аст нашр кард ва аз шаҳрвандони кишвар хост, ки аз бурдан ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод гуфт, аз 7-уми феврали соли 2024 бар асоси моддаи 231-и Кодекси ҷиноии Русия барои гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи растаниҳои дорои маводи мухаддир, аз ҷумла ҳазориспанд дар ҳудуди ин кишвар ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ба таъкиди намояндагӣ ин банди қонунгузорӣ барои парвариши ғайриқонунии растаниҳои дорои маводи мухаддир, 8 соли зиндон муқаррар кардааст.
“Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд”, -таъкид мекунад ин ниҳод.
10 растание, ки бурдан ва истифодаи он дар ҳудуди Русия манъ аст инҳоянд:
– нилуфари обӣ ё лотуси кабуд, растании обие, ки гулҳояш кабудранг буда, дар таркибаш алкалоидҳо дорад;
– нилуфари печ ё ипомеяи серанга, токмонанд бо гулҳои калон аст, ки дар тухмаш моддаҳои нашъаовари галлюсиногенӣ мавҷуданд.
– бангдона ё конопляи киштӣ, растаниест, ки барг ва гули он дорои каннабиноидҳо буда дар вуҷуди инсон хоболудӣ ё ҳаяҷонро ба вуҷуд меорад;
– шалфейи пешгӯён, дорои моддаи психоактивии салвинорин буда, хастагӣ, чархзании сар, аз даст додани хотираро ба бор меорад;
– маки хобовар ё кукнор, ки шираи он дорои маводи нашъаовари пурқувват мебошад;
– садбарги гавайӣ, дорои алкалоидҳост, ки ҳангоми истеъмол галлюсинасия, тағйирот дар шуур ва таъсири номатлуб ба вуҷуд меорад;
– турбинаи сипаршакл, як намуди печак аст, ки дар тухми он моддаҳои психоактивӣ мавҷуд аст;
– эфедра маъруф бо номи “малинаи саҳроӣ”, ки дорои алкалоиди эфедрин буда, фаъолияти асабро таҳрик медиҳад. Ин растанӣ бо сабаби дар истеҳсоли маводи мухаддири метамфетамин истифода шуданаш манъ шудааст;
-ҷаъфарии мӯйнок, чун дар тухми он моддаи психоактивии миристисин мавҷуд аст ва барои истеҳсоли амфетаминҳо истифода мешавад харид ва нигоҳдории тухми он бо ҳадафи коркард ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад;
-ҳазориспанд, дар таркибаш алкалоидҳо ва гармин дорад, ки хусусиятҳои психоактивӣ доранд. Воридот, муомилот ва истефодаи он дар ҳудуди Русия манъ шудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки 19 намуди растаниҳо дар Русия таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парвариши онҳо ҷарима то 300 ҳазор рубл, корҳои маҷбурӣ то 480 соат ё то ду соли зиндон пешбинӣ мешавад.
Ба таъкиди намояндагӣ истеҳсол ва фурӯши нос низ дар ҳудуди ин кишвар мамнуъ эълон буда, танҳо барои истифодаи шахсӣ дар ҳаҷми на бештар аз 250 грамм бурдани он иҷозат дода шудааст. Агар ин меъёр риоя нашавад, аз 2 ҳазор то 150 ҳазор рубл ҷарима татбиқ карда мешавад. Инчунин барои фуруши нос ба ноболиғон аз 20 ҳазор то 300 ҳазор рубл ҷарима муқаррар шудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки пеш аз шинондани ҳар гуна растании дорои хусусиятҳои ғайриодӣ, дар портали расмии ҳукумати Русия “КонсультантПлюс” ва ё сомонаи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар бораи он маълумот гиранд.