Ҷасади халабонеро, ки “дар баландии 5 ҳазор метр банд монда буд”, дар Душанбе дафн карданд

Ҷасади халабонеро, ки “дар баландии 5 ҳазор метр банд монда буд”, дар Душанбе дафн карданд

Ҷасади халабон Сергей Тютинро, ки ҳангоми садамаи чархбол дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон, дар баландии ба гуфтаи мақомот панҷ ҳазор метр “банд монда буд”, ба Душанбе оварда, 19-уми август дар оромгоҳи масеҳиён дафн карданд.

Садамаи чархболи мутааллиқ ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон 4-уми августи имсол дар ҳудуди пиряхи Хирсон рӯй дод. Мақомот гуфтанд, чаҳор нафари захмиро барвақт ба Душанбе оварда буданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади халабон ду ҳафта идома кард.

Дар маросими видоъ ва дафни Сергей Тютин гуруҳе аз наздикону ҳамкорон ва намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳузур дошта, дар ҳаққи ӯ суханҳои нек гуфтанд.

Мақомот пас аз як рӯзи ҳодиса рӯй додани садамаро тасдиқ карда, танҳо гуфтанд, ки Сергей Тютин ва чаҳор нафари дигар он рӯз барои наҷоти ҷаҳонгардони рус ба кӯҳҳои Бадахшон мерафтанд. Ин сайёҳон ҳангоми фатҳи қуллаи Федченко дучори мушкил шуда буданд.

Пешниҳоди Назарбоев: Тоҷикистону Ӯзбекистону Туркманистонро ба ЕАЭС даъват кунанд

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, пешниҳод кард, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) даъват карда шаванд. Ӯ ин пешниҳодро 19-уми август дар мулоқот бо Михаил Мишустин сарвазири Русия дар шаҳри Нур-Султон дар миён гузоштааст.

Нурсултон Назарбоев гуфтааст, бояд иқтидори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавассути зиёд кардани аъзоёни он тақвият дода шавад. Дар ҳоли ҳозир Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон аъзои ин созмон мебошанд.

«Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  бояд дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС)  бошанд. Боз бо Туркманистон мебояд кор кард. Ман доимо дар ин бора мегӯям”,- гуфтааст Нурсултон Назарбоев

Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон 30 дарсади аҳолӣ ваксина шуданд

Дар Тоҷикистон 29,5 фоиз аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 воксин зада шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки то 17 август, 77 фоизи сокинони шаҳри Душанбе воксин зада шудаанд.

Манбаъ менависад, ки ба ҳолати 17 август дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрванд ба ваксинатсия фаро гирифта шуда, вояи дуюми ваксинаро беш аз 212 ҳазор шаҳрванд гирифтаанд.

– Аз давраи хуруҷи бемории COVID-19 бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба беморӣ 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя воксина вориди қаламравӣ кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд,-менависад вазорат.

Нигаронии Душанбеву Маскав аз “таъсир”-и нооромиҳои Афғонистон ба амнияти минтақа

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 18-уми август дар суҳбати телефонӣ аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони ду кишвар гуфтаанд, идомаи нооромиҳо дар Афғонистон метавонад, ба амнияти минтақаӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, ҷонибҳо ба ҳамоҳангӣ барои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва низ мусоидат ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон таъкид кардаанд.

Душанбеву Маскав ба созиш расидаанд, ки ба тамосҳои доимии худ аз тариқи созмонҳои марбути Русияву Тоҷикистон идома диҳанд. Тоҷикистону Русия узви созмонҳое чун Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагон: Чаро ба ман унвон надодед?

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, дар як номаи боз дар саҳфаи фейсбукияш, аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон пурсон шудааст, ки чаро бори сеюм аст, ки ба ӯ унвони “Нависанда (Шоир)-и халқии Тоҷикистон” намедиҳанд. Ӯ, ки ин номаи худро 19 август дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук гузоштааст.

Ӯ гуфтааст, ки Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро аз соли 2013 инҷониб се маротиба ба унвони Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон лоиқ дониста, асноди лозимро пешниҳод намудааст, аммо, ҳар се бор қарори раёсат ба назар гирифта нашудааст.

– Ҳар се маротиба ҳам аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бидуни раъйи худам, бо тасмими дастҷамъии худ, чунин қарорҳоро бароварда, аз мақомоти болоӣ хоҳиш намудаанд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд,-даъво мекунад Мирхоҷа.

Номбурда иқрор мешавад, ки ду бори аввал аз баҳри даъво гузаштааст, аммо ин бор фаҳмидан мехоҳад, ки сабаби аз чашми Озода Раҳмон дур афтодани ӯ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар чист?

Skip to toolbar