fbpx

500 дрон. Дар Душанбе 30-солагии Истиқлолиятро бо шоуи дронҳо таҷлил мекунанд

Ҷузъиёти бештари намоиши театрикунонидашуда барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти кишвар


0
Акси мавзӯӣ аз сомонаи dsmedia.pro

Намоиши театрикунонидашудаи имсола барои таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти кишвар аз 26 саҳнаи театрикунонидашуда иборат мебошад. Пас аз намоиш ҳамчунин баргузор мешавад. Таҷлили ҷашни имсола аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ хоҳад кард, хабар дод ба Your.tj сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.

“Аз имрӯз мо тамринҳоро дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” оғоз кардем. То имрӯз тамринҳои донишҷӯёну сарбозон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр баргузор мешуданд. Аз 23-юми август тамринҳо бо декоратсияи пурраи саҳнавӣ оғоз мешаванд. Машқҳои дастаҷамъӣ аз соати 20:00 то 22:00 давом мекунанд. Давомнокии барномаи ҷашнӣ 1 соату 40 ё 50 дақиқа мешавад”, – гуфт Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, то оғози тамрини дастаҷамъӣ ҳама ширкаткунандагон давоми рӯз ба тамринҳои саҳнаҳои худ машғул мешаванд. “Иштирокчиён бо хӯроки гарм, нақлиёт ва баъзеашон бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Нақлиёт иштирокчиёнро то маҳалли зисташон бурда мерасонад”, – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аллакай ҳама таҷҳизоти зарурӣ барои омодагии ҷашн аз Қазоқистон, Украина ва Белорусия ба кишвар ворид шудаанд.

“Мо ҳамчунин бо ширкати чинӣ барои баргузории шоуи дронҳо низ ба мувофиқа расидем. Дар умум дар шоу 500 дрон ширкат мекунанд. Дар чорабинӣ дронҳои махсуси ҳарранга ба баландии муайян баромада, ҳар гуна навиштаҷот, рамз ва нақшаҳоро мекашанд”, – гуфт Шоҳиён.

Нуралӣ Шоҳиён тасдиқ кард, ки ба “маршировка” ҳамчунин мактаббачагон низ ҷалб шудаанд, вале аз ҷузъиёти бештари он худдорӣ кард. “Шумораи ниҳоии иштирокчиён барои намоиши театрикунонидашуда дар “Наврӯзгоҳ” зиёда аз 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд”, – гуфт Шоҳиён.

Дар баробари намоиши театрикунонидашуда дар рӯзи 30-солагии Истиқлолият ҳамчунин баргузории Паради ҳарбӣ ва роҳпаймоии шаҳрвандон дар хиёбони Рӯдакӣ дар назар гирифта шудааст.

“Маршировка ба дарс халал намерасонад”

Мавзуъи “маршировка” ё раҳпаймоиҳои иҷбории хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷашнии кишвар яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Вазири маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти хабарии ниҳодаш рӯзи 16-уми июл дар мавриди ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашнӣ, гуфт, ки “аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем” ва ин кор дар ҳамаи кишварҳои олам аст.

“Дар масъалаи маршировка, аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем. Гӯё дар Тоҷикистон ягон проблемаи дигар нест. Ин қадар проблемае ки дар марзи Афғонистон аст, гӯё касе намешунавад. Бача омода машқашро мекунад. Баъд аз ин шояд рафта футбол бозӣ мекунад, рафта пеши роҳи онро ҳам гирем? Маршировка як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс халал мерасонад ва ин берун аз дарс аст”.

Ҳамчунин Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода,  дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфт, ҷалби иҷбории донишҷӯён ва хонандагонро барои ширкат дар чорабиниҳои оммавӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-ҳо нақзи ҳуқуқи инсон намедонад.

– Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлать аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,-таъкид карда буд ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend