Дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро, ки дар ҷанги Укпаина кушта шудаанд, гӯр карданд.

Ҷасади ду тоҷикистониро, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда буданд, дафн карданд

Дар Тоҷикистон эҳтимолияти сирояти дубораи коронавируси COVID-19 – ро тасдиқ карданд

Тавре директори Муассисаи давлатии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Файзалӣ Саидов қайд кард, ҳоло дар бисёр кишварҳо афзоиши нави бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Акс аз сомонаи twit.su

«Эҳтимоли вуруди COVID-19 ба Тоҷикистон вуҷуд дорад, зеро мо ба Аврупо ва дигар кишварҳо сафарҳои мутақобила дорем. Ҳар рӯз одамон аз дигар кишварҳо ба ин ҷо ва аз ин ҷо ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки дар пешгирии ин вирус бетараф набошанд», – гуфт Файзалӣ Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи боэътимоди пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 эмкунӣ аст.

«Айни замон дар ҷумҳурӣ марҳилаи чоруми эмгузаронӣ бар зидди коронавирус гузаронида мешавад, ки ҳоло 60 фоизи аҳолии калонсоли кишварро фаро мегирад, вале 40 фоизи боқимонда низ бояд эм карда шаванд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз 97 дарсади аҳолӣ марҳилаи аввали эмкунӣ бар зидди COVID-19, 97 дарсади аҳолӣ вояи дуюми ваксина ва 96 дарсади аҳолӣ вояи сеюмро гирифтаанд. «Имрӯз Тоҷикистон кишвари озод аз коронавирус эътироф шудааст», – гуфт Файзалӣ Саидов.

Ӯ қайд кард, ки ба кишвар 1,6 миллион ваксинаи CoronaVak ворид шудааст ва дар захира 660 ҳазор ваксинаҳои дигар мавҷуд аст.

«Тибқи нақшаи ҳукумат, ваксинаҳои зидди коронавирус ба кишвар марҳила ба марҳила дар соли 2023 низ ворид карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

«Бо сабаби мавҷуд набудани коронавирус дар кишвар аз воридоти ваксина даст кашидан хатост. Зеро масунияти одам ба ин вирус дар давоми 6 моҳ заиф мешавад», – гуфт директори Муассисаи давлатии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Файзалӣ Саидов.

Ҷасади ду тоҷикистониро, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда буданд, дафн карданд

Дар вилояти Хатлон давоми қариб даҳ рӯзи охир ҷасади ду нафареро, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон “дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд” ба хок супурдаанд.

Ба иттилои “Азия плюс” ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, дафн карданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кушониён гӯронданд.

Ба иттилои наздиконаш, Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Ҳокимшо Шодов, падари Манучеҳр Шодов, рӯзи 21-уми декабр барои чӣ зиндонӣ шудани писарашро нагуфт, аммо афзуд, “ба ҷанг бурданашро пинҳон доштанд. Чизе гуфта наметавонам, даъво ҳам надорам, писарамро куштанд”. Дӯстонаш мегӯянд, ӯ дар як зиндони шаҳри Санкт-Петербург буд.

Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд. Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд.

Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд. Пештар дар намояндагии Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфта буданд, ки бо тоҷикони зиндонӣ дар тамоми минтақаи Урал тамоси доимӣ доранд, вале дар ин бора “ягон шикояту иттилои дақиқ” нагирифтанд.

Қурби рубл нисбат ба сомонӣ паст рафт

Тайи шабонарӯзи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ боз 2,4% – аз 147,5 сомонӣ барои 1000 рубл то 144 сомонӣ поин рафт.

Рубл нисбати сомонӣ аз аввали моҳи декабр 11,7% поин рафт.

Қурби доллар ва евро нисбати сомонӣ қариб бетағйир боқӣ мемонанд: 1 доллар 10,21 сомонӣ ва 1 евро – 10,59 сомонӣ нарх доранд.

Ба ин тариқ, рубл нисбати сомонӣ аз оғози ҳафтаи равон қариб 8% ва аз аввали моҳи декбар – 11,7% беқурб шуд.

Коҳиши қурби рубл дар ҳошияи беқурбшавии асъори Русия нисбат ба асъори асосии ҷаҳон сурат мегирад. Қурби доллар дар Биржаи Маскав имрӯз 71 рубл ва евро – 76 рублро ташкил медиҳад.

Коршиносони Русия сабаби коҳиши рублро ба таҳримҳо, камшавии воридоти асъор аз содирот ва барқарор шудани воридот нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ ба даромади оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Интиқоли маблағ бо рубл дар нуқтаҳои бонкии Тоҷикистон аз соли 2016 тибқи дастури Бонки миллӣ танҳо бо пули миллӣ ва мубодилаи он бо сомонӣ замони гирифтан дода мешаванд.

Агар дар охири моҳи ноябр оилаҳои муҳоҷирон барои 1000 рубл 163 сомонӣ мегирифтанд, пас имрӯз он ба 144 сомонӣ баробар шуд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% – бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.

Маълумот дар бораи интиқоли маблағ дар соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки марказии Русия нашр намешавад.

Мансабдори рус, ки бар зидди муҳоҷирон изҳороти тезутунд мекард, бо тир захмӣ шудааст

Муовини собиқи сарвазири Русия ва роҳбари собиқи идораи коиноти Русия (“Роскосмос”) Дмитрий Рогозин, ки бо баёнияҳои зидди муҳоҷиронаш маъруф аст, дар пайи тирпаронӣ дар меҳмонхонае дар Донетск захмӣ шудааст.

Дмитрий Рогозин чанд маротиба бо изҳороти тунд бар зидди муҳоҷирон баромад кардааст.

Дар ин бора хабаргузории “РИА новости” бо такя ба ёрдамчии Рогозин хабар дода гуфтааст, ки захм ба ҷони Рогозин хатаре надорад, вале як нафар дар ин ҳодиса ҷон бохтааст.

“Ҳамчунин, ҳамроҳони ӯ низ захмӣ шудаанд”, – гуфтааст ёрдамчии Рогозин.

Дмитрий Рогозин, яке аз мансабдоронест, ки чанд маротиба бо изҳороти тунд бар зидди муҳоҷирон баромад кардааст.

Аз ҷумла, замоне, ки ӯ муовини сарвазири Русия буд, барои аз назар гузаронидани қатораи Душанбе-Москва ба сарҳади Русия ва Қазоқистон ногаҳон пайдо шуд ва иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия тариқи нақлиёти роҳи оҳан шиносномаҳои дохилӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи баҳрнавардӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба марзбонони Русия пешкаш менамоянд.

Ин изҳорот боиси сару садои зиёд гардид ва ВКХ Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ, онро маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ номид, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст.

Skip to toolbar