Ҷасади муҳоҷирони тоҷикро ба Тоҷикистон мефиристанд

Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд

Ду ҷавони тоҷик дар Русия бар асари як садамаи нақлиётӣ даргузаштанд. Як нафари дигар маҷруҳ аст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Ҳодиса 15-уми июл дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Русия рух дод.

Сафорати огоҳии худро аз ин қазия иброз намуда, ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд.

Нафари маҷруҳ дар беморхона бистарӣ аст.

Охири моҳи гузашта бар асари як садамаи мудҳиш дар Қазоқистон чор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, чор нафари дигар захмӣ шуда буданд. Ду нафари ҳалокшудагон ноболиғ буданд.

Ҳодиса субҳи 21-уми июн дар километри 631-и шоҳроҳи байнишаҳрии Самара-Шимкент дар вилояти Актюбе рух дод.

Ронандаи автомобили Hyundai Starex – шаҳрванди Тоҷикистон, идораи нақлиётро аз даст дода, дар натиҷа мошин чаппа шуд.

Skip to toolbar