Директори Амонатбонк

Амонатбонк беш аз 15 млн сомонӣ қарзи ипотекӣ додааст

Тавре Сироҷиддин Икромӣ, директори Амонатбонк рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, бонк ба 72 муштарӣ ба маблағи 15,3 миллион сомонӣ ($1,4 миллион) қарзи ипотекӣ додааст.

“Мо чунин қарздиҳиро аз кормандони худ, ки собиқаи кории зиёд доранд, оғоз кардем. 42 нафар кормандони мо бо шартҳои имтиёзноки 8%-и солона ипотека гирифтаанд”,- афзуд Икромӣ.

Шарти ипотека барои муштариён он аст, ки онҳо 30% маблағро пешпардохт мекунанд. Фоизи ипотека солона бо асъори хориҷӣ 10% ва бо асъори миллӣ 20% аст ва муҳлати ниҳоии он 10 сол муқаррар гардидааст.

Тавре Икромӣ қайд кард, Амонатбонк аз ҳисоби сармояи худ 100 миллион сомонӣ барои қарзҳои ипотекӣ ҷудо кардааст.

“Муҳлати баргардонидани пасандозҳо то 3 сол аст. Аз ин рӯ бонк наметавонад аз ҳисоби пасандозҳои ҷалбшуда ипотека диҳад”,- шарҳ дод директори Амонатбонк.

Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи ипотека” соли 2008 қабул карда шуда, соли 2019 ба он тағйирот ворид карда шудааст. Ин қонун аз аввали соли 2020 эътибор пайдо кард.

Skip to toolbar