«Ҳама заҳматам ин аст, ки мехоҳам маро дӯст доранд». Ғолиб Мусоев дар подкасти «Имрӯз бо Беҳрӯз»

Ғолиб Мусоев, ҳунарманд, блогер, сенариянавис ва коргардон, нафаре, ки ҳатто ҷиддитарин вазъиятро ба ханда мебарад. Номи саҳифааш дар “Инстаграм” golibshov аст ва беш аз 1,1 миллион пайгир дорад. Ӯ соли 2024 аз рӯи номинаи «Блогер – ҳунарманд» «Блогери сол» интихоб шуда буд.

Ғолиб меҳмони подкасти нави “Имрӯз бо Беҳрӯз” буд ва дар бораи зиндагӣ, блогерӣ, кор ва нақшаҳои ояндааш қисса кард.

Ғолиб мегӯяд аввалин нақшҳояшро дар маҳфили “Зарифон” давраи донишҷӯияш иҷро мекард ва аз тарафи донишгоҳ ба чунин маҳфилҳо мерафт. Пас аз ба муҳоҷират рафтан як шӯхии дӯстонаш ӯро барои сабти наворҳои ҳазломез такон дод.

“Бо сабабҳои зиндагӣ пас аз хатми донишгоҳ ба Русия рафтам. Дар Москва наздикӣ 6-7 моҳ кор кардам. Баъд як вақт ҳамроҳи писарон шӯхиву ҳазл мекардем. Як рафиқам гуфт, ҳамин ҳунарро дорӣ, чаро истифода намебарӣ? Аз дасти ту ин корҳо меояд. Гуфтам аз дастам биёяд, пас телефонро равшан кун. Ҳамин хел суҳбат кардем навор гирифтем ва то ҳамин ҷойҳо омада расидем”, – нақл кард ӯ.

Ба гуфтааш саҳнаҳое буд, ки ба одамон кӯмак низ кард. “Саҳнаҳое буд ба мисоли «қарзро баргардон», нафароне буданд, ки мегуфтанд хуб кардӣ, ки ин саҳнаро иҷро кардӣ, қарзҳои моро баргардониданд”.

Қисса мекунад, ки “рӯзе аз хона баромадам, ду нафар омаданду гуфтанд, Ғолибҷон як нафар 20 ҳазор сомонӣ қарздор аст, наметавонам аз дасташ гирам. Гуфт чӣ кор кунам? Гуфтам ба хотири он ки фишорат боло наравад, барои ғамгин нашуданат, ҳар моҳ 5 ҳазор сомонӣ бахш, тамом мешавад”, – ҳазл кард дар ин подкаст Ғолиб.

Ғолиб мегӯяд, мехоҳад нақшҳои ишқие ба монанди аз обу оташ наҷот додани духтарро, ё нафас доданро иҷро кунад ё духтаре дасташро гирифта оғуш кунад бибозад, вале бо шухӣ мегӯяд, ки “аз занам метарсам”.

Ӯ ба ин андеша аст, ки саҳнаҳои ӯ онеро нишон медиҳад, ки хатои дигаронро такрор накунанд ва аз он ибрат гиранд.

“Мегӯяд адабро аз кӣ омӯхтӣ? Аз беадабон. Нишон медиҳем, ки ман дар ҳамин роҳ хато кардам, шумо накунед. Ин корро ман кардам, ту накун», – зикр намуд ин блогер.

Ғолиб Мусоев мегӯяд ҳамаи талошаш ин аст, то ӯро дӯст доранд.
“Аслан ҳар коре, ки ман мекунам, ҳар ҳаҷве, ҳар саҳна ман фақат мехоҳам маро дуст доранд”.

Ӯ дар охир ба ҳамватаноне, ки дур аз ватан ҳастанд, хитоб кард: «дар ватан шуморо падару модар, оилаву фарзандон интизор аст, ин ватан ватани мому шумост. Даҳсолаҳо ки онҷо кор кунед, хоки ватан дигар аст”.

Ӯ нақша дорад, филме таҳия кунад, ки 1:30 дақиқа бошад ва филмро дар Кохи Суруш ҳафтае ду маротиба, агар лозим шавад ва сарпарасти хуб ёбад, ройгон барои мардум ба намоиш гузорад. Вале ӯ аз гуфтани саҳнаи эҳтимолии ини филм худдорӣ кард ва хост дар намоиш дида шавад.

Ғолиб дар хусуси кору зиндагӣ, сабти тарона бо Умедҷони Бурҳон, нақшаҳои оянда ва дигар мавзӯҳо суҳбат кард, ки метавонед дар подкаст бубинед.

Skip to toolbar