Садама бо спринтер дар Восеъ

Ҳалокати 2 нафар дар як садама дар ноҳияи Восеъ

Ду нафар бар асари бархӯрди ду мошин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ҷон бохта, се тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои КҲФ риоя нашудани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ боиси садама шудааст.

Ҳодиса 25 август, тахминан соати 23:50 дақиқаи вақти дар ҳудуди деҳаи Ҳулбуки рух додааст.

Акс аз КҲФ

Сабукрави тамғаи “Opel Astra” бо мошини тамғаи “Mercedes Benz Sprinter” бархӯрдааст. Афтомашинаи мусофирбар аз ҷониби сокини 32-солаи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб идора мешуд.

Ронандаи 40-сола ва як мусофири мошини “Opel Astra” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Восеъ интиқол дода шудаанд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб бо ёрии таҷҳизоти махсус аз ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун овардаанд.

КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намуда суръати ҳаракатро баланд накунанд.

Skip to toolbar