Ҷамъоварии партов дар Шаҳристон

Аксия дар Шаҳристон. Ризокорон чӣ қадар партовҳои пластикӣ ҷамъоварӣ карданд

Беш аз 100 ризокор (волонтёр) 10-уми июни соли равон дар аксияи  экологӣ дар минтақаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, ки макони истироҳатӣ маҳсуб меёбад, иштирок намуда, зиёда аз 200 халта партовҳои пластикӣ ҷамъоварӣ карданд.

Аксияи экологиро ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд фаъол аст, доир кард. Муаллифи Your.tj низ дар ин иқдом  ширкат кард ва бо чанде аз ризокорон суҳбат намуд.

Бояд гуфт, ки чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии  муҳити атроф, ки 5 – уми июн таҷлил мешавад, гузаронида шуд.  Он  дар доираи грантҳои хурди USANT, ки аз Сафорати Амрико  сарпарастӣ мешавад, доир гашт. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки аксия  бо  ҳамкории  Сарраёсати ҳизфи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон  гузаронида шуд.

Нигаронӣ аз сатҳи пасти маърифати экологӣ

Дар оғози аксия Хуршед  Саидов сармутахассиси  Саррёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гуфт, ки мақсади асосии гузаронидани  иқдомҳои дастаҷамъӣ дар миёни наврасону  ҷавонон дар он аст, ки  аҳамияти тоза нигоҳ доштани муҳити атрофро дарк кунанд.   Ҳамзамон, имкон доранд,  ки зимни  иштирок дар  чунин аксияҳо донишу маърифати экологии худро   сайқал диҳанд.

“Тоза  нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист кори дастаҷамъист. Напартофтани партовҳои пластикӣ  дар ҷойҳои кушод кори хеле содда аст, аммо он барои табиат бори душвореро мемонад.

Мутаассифона, бештарини шаҳрвандон одат надоранд, ки партовҳояшонро бо худ гиранд ва ё дар ҷойи муайяншуда парятонд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки корҳои тарғиботӣ зиёд шавад. Бояд ҳамаи мо эколог ва табатидӯст бошем”,- гуфт ба ризокорони  ҷавон Хуршед Саидов.

Исҳоқҷон Зокиров, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда”, ки яке аз ризкорони  калонсол дар аксия ҳисоб меёфт, сухан ронда афзуд, ки ба  минтақаи  Хуррамдара аз дигар ризокорон каме пештар ҳозир шуд ва мушоҳида  кард, ки дар домана ва  нишебиҳои  кӯҳҳо партовҳои пластикӣ ба мисоли зарфҳои пластикию  шишагини нӯшобаҳо, селофану коғазҳо   хеле зиёд аст.

“Табиати минтақаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон хеле зебо аст. Дар мавсими гармои тобистон ин ҷо  макони истироҳатиеро мемонад, чунки  дар ин вақт ҳавои салқину форам ва муҳити дилкаше дорад. Ба ин ҷо сокинони вилояту ҷумҳурӣ барои истироҳат меоянд.

Аммо мебинем, ки аксарият баъди истироҳат партовҳояшонро дар ҷое, ки хостанд,  партофта мераванд. Боиси нигаронист,  ки ба муҳити атроф чунин хунукназарона рафтор мекунем. Имрӯз дар ин минтақа  мутасаддиёни аксия ду қутти калони партов насб мекунанд, умед мекунем, ки истироҳаткунандагон  партовҳоро дар он мепартоянд”,- илова кард Исҳоқҷон Зокиров.

Хонандагон – ризокорони фаъол дар ҷамъоварии партовҳо

Ризокорон ба  дастаҳо ҷудо шуданд. Ба ҳар нафар дастпӯшак ва халтаҳо тақсим карданд. Маслиҳат шуд, ки агар кадом гурӯҳе аз   лаби  рӯд,  нишебиҳои кӯҳ, таги арчаҳо,  ки дар пояи кӯҳҳо месабзад,  партов бештар  ҷамъ мекунад,  соҳиби туҳфа мешавад.

Тавре пай бурдем, гурӯҳи калони ризокорон аз ҳисоби  хонандагони муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 – и  Ҷамоати деҳоти  Шаҳристони буданд. Онҳо бо ҳамроҳии  муаллими фанни  география ва экология Достон Юсупов ба ҷамъоварии  партов оғоз карданд. Муаллим гуфт, ки 50 нафар хонандаи муассиса дар ин иқдом иштирок доранд.

Шамшод як тан шогирди муаллим  Достон Юсупов мебошад. Ӯ аз дигарон тезтар ду халтаро бо партов пур кард, чунки аз лаби руде, ки шаҳрвандон одатан  дар он ҷо қолин партофта,  истироҳат мекунанд, партов ҷамъ кард.

“Ман  ду халта “баклажка” ва зарфи “Gorilla Energy” ҷамъ кардам. Боз халтачаҳои селофаниро, ки дар натиҷаи шамол аз поён парида,  ба боло  зери арчаҳо афтода дар шохаҳои он гиреҳ хӯрдааст, ғун кардам. Баъзе селофанҳо дар қабати алафу буттаҳо печида мондааст”,- гуфт Шамшод.

Насби ду қутти партов  ва умедворӣ аз шаҳрвадон

Дар байни ризкорони ҷавон ду зани миёнсол Фароғат Абдураҳмонова ва Марҳамат Ҳотамова низ буданд.  Тавре фаҳмидем, ҳарду дар бахши ободонии ноҳияи Шаҳристон ҳамчун рӯбанда фаъолият мекунанд.  Дар аксия яке аз фаъолон буданд, чунки минтақаро хеле хуб медонистаанд.  Ҳар вақт бо супориши маъмурияти коргоҳашон барои тоза кардани ин минтақаи  Хуррамдара ҷалб мешудаанд.

“Ман собиқаи 30 солаи рӯбандагӣ дорам. Чандин маротиба дар тоза кардани  ин маҳал саҳм гузоштаам.  Ин ҷоро асосан оноҳе, ки барои  дамгирӣ меоянд, чиркин мекунанд. Имрӯз хеле баклажка ва шиша ҷамъ шуд. Онҳое, ки ин аксияро гузаронида истодаанд,  ду қутти партов ҳам насб карданд. Пас аз ин шояд дар ҳар кунҷи ин мавзеъ  камтар партов пайдо шавад”,- умед мебандад холаи Фароғат.

Самараи аксияҳои экологӣ

Шаҳзод Розиқов низ яке аз ризкорони ихтиёри буда,  донишҷӯи соли аввали Донишкадаи металлургии Тоҷикистон мебошад.  Ӯ дар ихтисоси муҳандис-эколог  таҳсил мекунанд.  Вай дар аксияҳое, ки ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” дар самти ҳифзи муҳити зист доир кардааст, иштирок варзида, нисбат ба соҳаи интихобкардааш дилгармӣ пайдо кардааст.

“Аз ин пештар дар шаҳрҳои Хуҷанд,  Гулистон ва Конибодом аксияҳои экологӣ доир шуда буд. Барои тоза кардани соҳили Сирдарё ва Баҳри тоҷик иштирок карда  будам. Имрӯз  бори аввал аст, ки барои тозагии қаторкӯҳҳои Туркистон, махсусан,  минтақаи Хуррамдара саҳм гузошта истодаам.

Пас аз он ки донишҷӯ шудам ва дар чунин чорабиниҳо ширкат варзидам, ба хубӣ фаҳмидам, ки имрӯз масъалаҳои экологӣ ба ҳамаи одамон дахл дорад. Агар дар соҳаи худ мутахассиси хуб ба воя расам, метавонам, ки дар бартараф кардани мушкилоти зиёди марбут ба экологӣ расидагӣ кунам”,- афзуд  Шаҳзод Розиқов.

5 гектар Замин аз партов тоза карда шуд!

Пас аз хотимаи ҷамъоварии партовҳо мутасаддиёни аксия бо ризокорони наврас бозиҳои интерактивӣ ва викторина гузарониданд. Саволҳои пешниҳодшуда дар хусуси захираи  оби нӯшокӣ дар ҷаҳон,  ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон вобаста ба об,  хели ҳайвоноте, ки дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон будубош доранд, оид буд. Наврасон ба саволҳо посухи мушаххас дода, соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

Икромҷон Мамадов роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” пеш аз ҷамъбасти аксия ба иштирокдорон арзи сипос кард ва афзуд, ки аз масоҳати 5 гектар замини ин минтақаи истироҳатӣ беш аз 200 халта партов ҷамъоварӣ шуд. Ӯ ба фаъолони аксия тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar