Хайриддин Усмонзода

Қабули шаҳрвандӣ масъулият, вале иштирок дар ҷанг ҷавобгарӣ дорад

Нисбати иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ё шахсони дорои душаҳрвандӣ дар ҷанги Русияву Украина ягон эътирози расмӣ пешниҳод нашудааст, баён дошт Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон (МТС) дар нишасти матбуотии рӯзи 4-уми август.

Тибқи омор ҳамасола теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, афзоиш меёбад. Дар соли 2022 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои Русияро гирифтанд ба дараҷаи рекордӣ расид ва 173 ҳазору 600 нафарро ташкил дод. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд, ки нисбат ба як соли қабл 13 ҳазор нафар бештар аст.

Дар шароити имрӯза гирифтани шаҳрвандии Русия ва дар ин кишвар қарор доштан хатари фиристода шудан ба ҷанги зидди Украинаро бо худ дорад.

“То имрӯз вобаста ба иштироки шаҳрвандони мамлакат аз ҷониби ягон кишвар, аз ҷумла кишварҳои даргир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи расмӣ ягон эътироз нашудааст ва дар ҳолати иштироки онҳо дар ин ҳодисаҳо (ҷанги Русияву Украина) нисбати шаҳрвандон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазо дода мешавад”,- таъкид дошт Усмонзода.

Ӯ афзуд, Тоҷикистон бо Русия созишномаи дуҷониба дар мавриди қабули шаҳрвандиро дорад ва қабул кардани шаҳрвандӣ дар назди ҳар як нафар масъулият ва уҳдадории муайянро пеш мегузорад.

“Тоҷикистон ҳамеша талош дорад дар ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандоне бошад, ки дорои душаҳрвандӣ ҳастанд. Ба шаҳрвандон тавассути сафорату консулгариҳо фаҳмонидадиҳиҳо гузаронида шудаанд, ки дар ҳолати доштани душаҳрвандӣ ва иштирок дар ин ҳодисаҳо (ҷанги Русияву Украина) метавонанд дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аллакай аксари шаҳрвандони мо ин чизро дарк кардаанд ва аз пайвастан ба он худдорӣ мекунанд”,- қайд намуд директори МТС.

Мувофиқи тадқиқоти BBC, ки моҳи июн расонаӣ шуда буд, дар ҷанги зидди Украина 40 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Шумораи дақиқи онҳое, ки аз Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок мекунанд маълум нест.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Русия асосан зиндониён, муҳоҷирон ва шахсонеро, ки шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд, ба ҷанг мебарад.

Ҳукумати Русия ба наздикӣ аз лоиҳаи қонуне ҷонибдорӣ кард, ки ҷазои ҷиноятиро барои саркашӣ аз даъват ба хидмати ҳарбӣ дар сафарбаркунӣ ё дар шароити ҷанг ба сифати ҷарима дар ҳаҷми то 500 ҳазор рубл ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ мекунад.

Skip to toolbar