fbpx

Наҷоти як зану кӯдак аз коми оташ дар Русия. Чӣ тавр муҳоҷири тоҷик қаҳрамонӣ нишон дод

Ба Манучеҳр ду ифтихорнома ва 50 ҳазор рубл мукофотпулӣ дода, ҳамчунин директори ширкат аз ӯ миннатдорӣ кардааст.


2
2 points
Муҳоҷири тоҷик мукофотпулӣ ва ифтихорнома гирифт
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Номи Манучеҳр Расулов, муҳоҷири тоҷик рӯзи 1-уми август баъди наҷоти як зану кӯдак аз сӯхтор расонаӣ шуд. Ӯ дар як сохтмон дар шаҳраки Светлийи Екатеринбурги Русия ба ҳайси бинокор фаъолият мекунад. Он рӯз дар ошёнаи 25-уми як бинои наздик ба сохтмон сӯхтор сар мезанад. Манучеҳр зуд ба ёрӣ шитофта, то расидани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш ва зану кӯдакро аз миёни оташ берун мекунад.

Ӯ бо ин шуҷоат ва далерӣ соҳиби ифтихорнома ва мукофотпулӣ гардида, дар сархати расонаҳои Русияву Тоҷикистон қарор гирифт. Манучеҳр Расулов дар суҳбат бо  Your.tj дар бораи ҳодисаи рухдода ва ҳаёти худ нақл кард. 

Манучеҳр Расулов
Манучеҳр дар Тоҷикистон

Аз хизмати Ватан то муҳоҷирӣ

Манучеҳр Расулов 32 сол дорад. Ӯ зодаи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат аст. Мактаби № 22-и зодгоҳашро хатм карда, солҳои 2010-2012 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудааст.

Пас аз он ду сол дар Хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият кардааст.

Вазъи оилавӣ маҷбур мекунад, ки рӯ ба муҳоҷират оварда, бори охир моҳи марти соли 2020 ба шаҳри Екатеринбург рафт.

“Тақрибан сеюним сол мешавад, ки ба Ватан нарафтаам. Дар шаҳри Екатеринбург дар сохтмон кор карда истодаам”,- мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо аз соли 2019 инҷониб бо ҳамроҳи якчанд бинокор аз Самарқанд дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунад.

Муҳоҷири тоҷик дар Русия

Пиёда то ошёнаи 25-ум барои наҷоти одамон

“Рӯзи якуми август ман дар кор будам, дастгоҳи сохтмониро идора мекардам”,- нақл кард Манучеҳр Расулов.

Ба гуфтаи ӯ дар биное, ки сӯхтор сар зад, дар наздикии онҳо қарор доштааст ва дар миёна деворе биноҳоро аз ҳам ҷудо мекардааст.

“Ба гӯшамон овоз омад. Дар балкони як ошёна занеро дидем, ки дар даст кӯдак дошт ва аз даруни хона дуд мебаромад. Фаҳмидем, ки онҷо сӯхтор сар задааст. Ман аз он тарсидам, ки зан кӯдакашро аз баландӣ ба замин мепартояд”,- ба ёд овард муҳоҷири тоҷик.

Ӯ аз девор парида, фарёд задааст, то ба кӯмак шитобанд, вале касе таваҷҷуҳ накардааст.

“Дод задам, ки “ёрдам кунед” – “Помогите пожалуйста”, “ба сӯхторхомӯшкунак занг занед”. Ҳама аз тирезаҳо нигоҳ мекунанд, вале касе коре намекунад,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Дар ин гуна ҳолатҳо лифт кор намекунад. То 25-ум ошёна давидам. Дараш маҳкам буд. Як нафар гуфт, ки об пошем. Дидам намешавад, гуфтам болға биёред. Бо болға қулфи дарро кушодам. Дар хона оташи баланд буд. Як маротиба даромадам, ки нафасам гирифт. Берун баромада, нафаси тоза гирита, сарамро бо калапӯше маҳкам кардаму даромадам. Рахти хоб месӯхт. Онро хомӯш кардаму ба балкон давидам. Кӯдакро аз дасти зан гирифтаму рӯяшро бо костюм пӯшондам, то нафасаш нагирад ва зуд ба берун баромадам”,- ҳодисаро тасвир кард Манучеҳр.

Ӯ мегӯяд, ки намедонам, аз пасам зан худаш баромад ё касе баровард, вале ман вазифаамро иҷро кардам, оташро хомӯш кардаму кӯдакро гирифта баромадам.

Пас аз берун баровардани зану кӯдак оташнишонҳо ҳозир шуданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо бо чандин адад мошинҳо омаданд, вале аллакай сӯхтор хомӯш карда шудаву зану кӯдак берун бароварда шуда буд.

Манучеҳр бо ифтихорномаҳояш

“Муҳим кӯмак расонидам, то онҳо наҷот ёбанд”

Директори ширкате, ки Манучеҳр дар он кор мекард бегоҳи он рӯз омада, ифтихорнома ва мукофот додааст, вале ӯ мегӯяд ин чизҳо барои ман муҳим нест.

“Муҳим ман кӯмакамро расонидам, то онҳоро наҷот диҳам. Ғайри ман дигар одамон ҳам буданд, лекин аксарият тамошобин шуданд”,- нақл кард муҳоҷири тоҷик.

Ҳамроҳи ду ифтихорнома ба Манучеҳр 50 ҳазор рубл мукофотпулӣ дода шудааст. Директори ширкат аз ӯ миннатдорӣ кардааст, ки бо чунин далерӣ обрӯи ширкатро боло бурд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

“Пас аз ин директор ҳамроҳам акс гирифт. Ӯ ба ман миннатдорӣ баён намуд”,- афзуд қаҳрамони мо.

Манучеҳр Расулов оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend